Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон аз зиндонӣ шудани рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева ва блогер Хушрӯз Ҷумъаев нигаронӣ карда, ҳукми онҳоро “ваҳшатнок” хонд. Ин Кумита рӯзи 13-уми декабр дар изҳороте аз ҳукумати Тоҷикистон талаб кард, ки рӯзноманигоронро фавран озод карда, таъқиби намояндагони ВАО-ро қатъ кунад. Мақомот ба изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар бораи боздошти хабарнигорон тақрибан вокуниш накардаанд.
Гулноза Саид, як масъули Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфт, "тасмими мақомот барои маҳкум кардани Мамадшоеваи 65- сола, ки метавонад умри боқимондаи худро паси панҷара сипарӣ кунад ва ҳамчунин ҳукми Хушрӯз Ҷумъаев даҳшатовар аст."
Ин масъули Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳамчунин гуфтааст, "ҳукумати Тоҷикистон барои ин ҳукмҳои сангин далели асосноке пешниҳод накард ва махфӣ будани парвандаи рӯзноманигорон ҳам комилан беасос аст. Мамадшоева ва Чумъаев фавран бояд озод шуда, барои идомаи корашон иҷозат дода шавад."
Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ки қароргоҳаш дар Ню Йорк аст қаблан низ дар робита ба боздошти дигар хабарнигорони тоҷик нигаронӣ карда, хостори озодии онҳо шуда буд. Аммо мақомот ба ин даъватҳо то ҳанӯз посухи мусбат надоданд.
Рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Улфатхоним Мамадшоева аввали моҳи декабр бо иттиҳоми даъват ба сарнагунии ҳокимият ва иттиҳомҳои дигар ба 21 соли зиндон маҳкум шуд. Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон гуфтааст, тибқи иттилои онҳо Мамадшоева ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Блогер Хушрӯз Ҷумъаевро бошад барои 8 сол равонаи зиндон карданд. Мурофиа ин нафарон паси дарҳои баста баргузор шуд ва маълум нест, ки онҳо дар дар мурофиаҳо чӣ гуфтанд. Вале Улфатхоним Мамадшоева як рӯз пеш аз боздошташ иттиҳоми мақомотро рад карда буд.
Боздошти ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудани 7 хабарнигору блогер аз ҷумла Далери Имомалӣ, Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ, Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон ва Хушрӯз Ҷумъаев дар ним соли ахир интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқро ба миён овардааст. Аз ҷумла Мэри Лолор, гузоришгари вижаи СММ вобаста ба ҳомиёни ҳуқуқ ҳафтаи гузашта дар поёни сафараш ба Тоҷикистон аз “фазои тарс” дар кишвар нигаронӣ кард.
“Ман нигарон ҳастам ки онҳо дар пайи тафтишоти нокофӣ ва мурофиаҳо дар шароити пӯшида бо миқдори ками далелҳои боварибахш айбдор карда шудаанд. Баъзе рӯзноманигорон, ки ҳодисаҳои ВМКБ-ро инъикос мекарданд, мавриди ҳамлаи ҷисмонӣ қарор гирифта, таҷҳизоташон мусодира карда шудаанд,”- гуфта буд Мэри Лолор.
Мақомот ба ин гуна изҳоротҳо тақрибан вокуниш намекунанд. Ба гуфтаи Гузоришгари СММ, намояндагони мақомот ба ӯ гуфтаанд, “ин ашхос барои ҷиноятҳои содиркардаашон ҷазо гирифтаанд.” Вале паси дарҳои баста гузаштани мурофиа хабарнигорон, шубҳаву гумонҳо ба ҳарфҳои мақомотро ба миён овардааст.
Гуфтугӯ