Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мамадбоқир Мамадбоқиров: лидери мардумӣ, ҷинояткор ва ё мухолиф?


Мамадбоқир Мамадбоқиров
Мамадбоқир Мамадбоқиров

Хабари қатли Мамадбоқир Мамадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии пурнуфуз аз Хоруғ, шаҳре бо 30 ҳазор аҳолӣ дар шарқи Тоҷикистон, дар як лаҳза ба тамоми минтақаҳо расид ва дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон ӯро “саркардаи гуруҳи муташаккили ҷиноӣ” ном мебаранд, ки "дар пайи муноқишаи дохилӣ кушта шудааст". Тарафдорон ва мухолифони бурунмарзӣ аз ӯ ҳамчун роҳбари мардумӣ мегӯянд, ки ба далели сарпечӣ аз таслим шудан ба ҳукумати марказӣ ҷон бохт.

Ба ҳар ҳол, марги Мамадбоқир Мамадбоқиров, ба қавли коршиносон, робитаи бе ин ҳам мушкили ҳукумати марказиро бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон печидатар кард.

Мамадбоқир дар асл кӣ буд?

Мамадбоқир Мамадбоқиров, ки дар байни мардум бо номи Боқир маъруф аст, сарҳанг ё полковники бознишастаи хадамоти марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон ҳеч гоҳ расман талошҳои ҷоҳталабии сиёсии худро нишон надодааст. Бо вуҷуди ин, таъсири ӯ ба ҳаёти рӯзмарраи ВМКБ ва сатҳи шӯҳраташ наметавонист рашки хеле аз вакилон ва раисону ҳокимонро дар кишвар барнаангезад.

Рози чунин дастоварди “сиёсӣ”-и ӯро ҳар тараф ҳар хел шарҳ медиҳад. Мақомот ҳанӯз аз соли 2012 дар гузоришҳои худ пайваста Мамадбоқирро созмондиҳандаи доираҳои ҷиноятӣ дар маҳаллаи Бархоруғ ном мебурданд. Ба қавли онҳо, ӯ теъдоди зиёди силоҳ дар ихтиёр дошт, ба роҳзанӣ, одамрабоӣ, ташкили шӯришҳо ва ҳатто қатлу таҷовузи ҷинсӣ машғул буд.

Тибқи хабари мунташиршуда дар сафҳаҳои наздик ба идораи истихбороти Тоҷикистон аз соли 1995 то 2022 зидди Мамадбоқир 34 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ин ҳама муддат Боқир на танҳо ба зиндагии оддии худ машғул буд, балки ҳамвора нуфузу эътибори назаррасе дошт.

Наздиконаш мегӯянд, ӯ як одами сахтгир буд, аммо на як бераҳм, ки қодир ба қатл ва ҷиноятҳои дигар бошад. Онҳо бовар доранд, матлабҳое, ки ба зидди ӯ нашр мешуданд, талошҳо барои бадном кардани ӯ дар байни мардум буд. Ба қавли афроди наздик ба Боқир, муноқишаҳои ӯ аслан бо намояндагони сохторҳои қудратӣ сар мезаданд, аммо ба хотири нуфузу эътибори раднашавандааш дар байни ҷавонон низомиёнро ба чашмпӯшӣ маҷбур мекард, то аз шиддат ёфтани вазъият пешгирӣ шавад.

Аз Тавилдара то Мурғоб

Мамадбоқир дар солҳои навадум дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар даргириҳои минтақаи Тавилдара меҷангид. Ӯ баъд аз имзо шудани қарордоди сулҳ байни Иттиҳоди мухолифини тоҷик ва ҳукумати Тоҷикистон дар соли 1997 ба рутбаи сарҳанг (полковник) расид ва фармондеҳии яке аз воҳидҳои марзбонии ноҳияи Мурғобро дар марз бо Қирғизистон ва Чин бар дӯш гирифт.

"Замоне ки марзбонҳои рус минтақаҳои марзии ВМКБ-ро тарк карданд, бисёре аз низомиёни тоҷик дар парешонӣ буданд. Таҷрибаи дидбонии мустақилонаи марз, воҳидҳои низомӣ ва ғайраро надоштанд. Система дар хеле аз ҷойҳо шурӯъ ба шикастан кард. Дар он вақт Боқир ба таври барои бисёриҳо ғайричашмдошт худро ҳамчун як роҳбари моҳир ва боирода нишон дод. Бо вуҷуди рӯзҳои сахту душвор ӯ бо ҳар роҳу восита қисми низомии худро ба яке аз беҳтаринҳо табдил дод," -- мегӯяд яке аз дӯстони наздики Мамадбоқир Мамадбоқиров.

Ба қавли ӯ, Мамадбоқиров сарбозони худро новобаста аз маҳаллашон ҳатто баъди анҷоми хидмати низомӣ дастгирӣ мекард, ба ҳалли масъалаи пайдо кардани кор ва хонадор шудани онҳо низ мепардохт, ки ин боиси пайдо кардани нуфузу эътибор дар байни мардум шуд.

“Ҳашт соли душворро ба ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон сарф кардам. Қисми низомии ман яке аз беҳтаринҳо буд, аммо бидуни ҳеч асос маро аз кор берун карданд. Далел ҳам ин буд, ки барои баъзе аз мансабдорон хуш наомадам, вақте ки соли 2007 тавонистам 730 кило маводи мухаддирро дастгир кунам. Баъд аз он маро душман эълон карданд,” -- гуфта буд Мамадбоқиров дар мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар соли 2012.

Низомие дар либоси мулкӣ

Ба қавли яке аз хешовандони наздики Мамадбоқир, ӯ баъди рафтанаш аз артиш ба як шахси сиёсӣ табдил ёфт. Маҳз он замон ӯ вориди муноқиша бо намояндагони мақомот шуд. "Дар суханрониҳояш хеле эҳсосотӣ ва тунд буд. Метавонист, дар авҷи эҳсос рафторҳои носанҷида кунад ва афроди хеле наздикашро ранҷонад, аммо баъди дубора андешидани амалҳояш ба худ меомад ва узрхоҳӣ мекард," - мегӯяд яке аз хешовандони наздикаш. Ӯ афзуд, солҳои 80-ум дар пайи шикояти яке аз духтарон як донишҷӯи афғонро дар Душанбе латукӯб кард ва аз тарафи додгоҳ ба чаҳор сол зиндон маҳкум шуд.

Соли 2018 роҳбарони ғайрирасмии ВМКБ ба як санаде имзо гузоштанд, ки бар асоси он аз амалҳои ғайриқонунӣ худдорӣ мекунанд. Баъд аз ин онҳоро ба Душанбе оварданд ва ба минтақаҳо дигари Тоҷикистон ба саёҳат бурданд. Мамадбоқиров он замон даъвати мақомотро напазируфт.

"Солҳои ахир фишорҳои зиёдеро эҳсос мекард. Аз як сӯ мақомот бар фишори худ меафзуданд аз сӯе ҳам мардум ба назди ӯ аз рафторҳои ношоистаи мақомот шикоят мекарданд. Ӯ бо дарки ҳама хатар маҷбур ба вокуниш ва даргирӣ шуд, зеро худро масъул мешуморид," - мегӯяд яке аз афроди наздик ба Маҳмадбоқир.

Ӯ меафзояд, вазъияти молии Боқир хуб набуд. Аз ҳисоби қутосҳои бозмондаи худ дар Мурғоб зиндагӣ мекард ва мошини куҳнаи “Опел” дошт. “Низомиёне, ки аз Душанбе ба ВМКБ меомаданд, вақте мефаҳмиданд, ки овозаҳо дар мавриди сарватҳои бешумори Боқир афсонае беш нестанд ва ӯ як фарди оддист, ки мавқеи худро ошкоро баён мекунад, дар ҳайрат мемонданд," - мегӯяд ҳамсуҳбаи мо.

«Мамадбоқир - маҳсули замони худ»

Алим Шерзамонов, сиёсатмадори мухолиф, ки як замон ба Мамадбоқир Мамадбоқиров наздик буд, мегӯяд «ин ки мақомот мушкили минтақаро дар Мамадбоқир медиданд ва ин иштибоҳи онҳо буд».

Алим Шерзамонов
Алим Шерзамонов

«Онҳо воқеан бар инанд, ки мардум дар ҳамаи минтақаҳо яксонанд ва агар дар ҷойҳои дигар муваффақ шуданд, дар ВМКБ низ чунин хоҳад шуд. Аммо омилҳои воқеии таҳаввулоти иҷтимоӣ дар миёнанд. Мо соли 1929 ба Тоҷикистон пайвастем. То ин замон ин минтақа дар таърихи худ ба ҳеч кадом давлат бо шакли воҳид тааллуқ надошт ва ҳамеша худмухтории ҳокимияташро нигаҳ медошт,” - мегӯяд Шерзамонов.

“Дар ин минтақа мардум баробар буд. Деҳқон метавонист ҳатто амирро “ту” хитоб кунад, зеро дар ин забонҳо шакли дигари муроҷиат вуҷуд надорад. Ин на хуб асту на бад. Ин зеҳният бархоста аз тавсеаи иқтисодии минтақа аст. “Таъзим” ва дипломатия аз ҷойе шуруъ мешавад, ки иқтисод ва тавлид тавсеа меёбад, чун шароит таъйинкунандаи афкор аст. Ба ин хотир зеҳнияти мардуми Бадахшон дар сад соли оянда, барои мисол, аз мардуми Хуҷанд фарқ хоҳад кард,” - таъкид мекунад Шерзамонов.

"Дар чунин ҷомеаҳо ҳамеша талабот ба афроде мисли Мамадбоқир Мамадбоқир вуҷуд хоҳад дошт, ки дар ниҳоят ба як марҷаи ғайрирасмии қудрат табдил меёбанд," -- бовар дорад ҳамсӯҳбати мо.

XS
SM
MD
LG