Вазири маориф ва илми Тоҷикистон тарки соҳа кардани як қисми омӯзгоронро тасдиқ кард, аммо гуфт, "набояд аз он фоҷиа сохт". Посухи вазир ҳангоми нишасти хабарӣ садо дод ва гуруҳе аз хабарнигорон ба он норозигӣ карданд. Ба иттилои расмӣ, соли гузашта танҳо аз вилояти Хатлон беш аз ду ҳазор омӯзгор ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтаанд.
Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм, рӯзи 3-юми феврал дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, тарки соҳа кардани омӯзгорон як чизи нав нест ва ҳамасола он ҷой дорад.
"Аз мактаб рафтан, ба мактаб қабул шудан ин динамика ҳамасола ҳаст. Сабабу омилҳои аз кор рафтан гуногун аст, фавт аст, нафақа аст, муҳоҷират аст, иваз кардани ҷойи зист аст," -- шарҳ дод ӯ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мавзӯи аз кор рафтани омӯзгорон зимни нишасти хабарӣ баҳси гармеро миёни вазири маориф ва хабарнигорон ба миён овард. Аз ҷумла, Фахриддини Холбек, хабарнигори сомонаи "Спутник Тоҷикистон", гуфт, "тарки соҳа кардани омӯзгорон фоҷиа аст". Ин хабарнигор яке аз деҳаҳои ноҳияи Деваштичро мисол овард, ки муаллимон ба таври ҷиддӣ намерасанд.
Чанд рӯз пеш масъулини бахши маорифи вилояти Хатлон гуфтанд, соли гузашта аз ин вилоят 2067 омӯзгор ба муҳоҷират рафтанд. Олими Ашӯралӣ, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфт, ин омӯзгорон аз шаҳри Бохтар ва ноҳияҳои Хуросон, Восеъ, Ёвон, Ҷомӣ, Ҷайҳун, Балхӣ, Қубодиён ва Кушониён ҳастанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Бо маоши муаллимӣ рӯз намегузарад." Чаро омӯзгорони тоҷик тарки пеша мекунанд?Вазири маориф рӯзи 3-юми феврал ба пурсиши батакрори хабарнигорон нагуфт, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ чӣ қадар омӯзгорон тарки соҳа карда, рӯ ба муҳоҷирт оварданд. Ӯ танҳо гуфт, аз миёни 140 ҳазор омӯзгор соли гузашта "593 кас бемор шуда ё фавтиданд, 2228 нафар ҷойи зистро иваз карданд ва 1031 нафар ба нафақа баромаданд."
Ба гуфтаи Маҳмадюсуф Имомзода, ба ҷойи инҳо ҳар сол зиёда аз 16 ҳазор нафар риштаҳои омӯзгории донишгоҳ ва донишкадаҳоро хатм мекунанд ва онҳо ҷойи омӯзгорони рафтаро пур мекунанд. Вазири маориф афзуд, феълан мактабҳои Тоҷикистон ба 1124 омӯзгор эҳтиёҷ доранд.Ҳарчанд солона то 16 ҳазор нафар риштаҳои омӯзгории макотиби олиро хатм мекунанд, аммо бо вуҷуди ин камбуди омӯзгор дар кишвар кам намешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Табибони Шаҳринаву Қубодиён куҷо рафтанд?Баъзе аз омӯзгорон мегӯянд, сабаби аз кор рафтан ин маоши кам аст. Аз ҷумла, омӯзгори яке аз мактабҳои миёна дар Душанбе гуфт, 1300 сомонӣ маош мегирад ва ин барои зиндагиаш кофӣ нест. "Ду фарзанд дорам. Маҷбурам баъди кор ҳамчун ронандаи таксӣ кор кунам, то барои зиндагӣ маблағ пайдо кунам," -- афзуд ин омӯзгор.
Вазири маориф зимни нишасти хабарӣ рад накард, ки маоши кам яке аз сабабҳои аз соҳа рафтани баъзе омӯзгорон аст. Вале ба қавли Маҳмадюсуф Имомзода, феълан як кумисюн масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла вазъи маорифро дар кишвар меомӯзанд ва баъди он тасмим гирифта хоҳад шуд, ки дар мавриди маоши муаллимон чӣ кор бояд кунанд.
Коршиносон мегӯянд, барои пешгирӣ аз рафтани омӯзгорон бояд маоши муаллимон то он сатҳе зиёд карда шавад, ки барои зиндагиаш кофӣ бошад.
Одил Нозир, рӯзноманигори тоҷик, мавзуи мактабу маорифро зиёд пайгирӣ мекунад гуфт, далели аслии аз Тоҷикистон рафтани омӯзгорон ин кам будани сатҳи маоши муаллимон дар мактабҳо аст. Ба гуфтаи ин рӯзноманигор, як омӯзгори ҷавон дар шароити феълӣ наметавонад бо 600-700 сомонӣ зиндагиашро таъмин кунад.
Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон қариб 129 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунанд. Маоши як омӯзгор бо маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ то 1030 сомонӣ ё каме бештар аз 91 доллар муқаррар шудааст. Омӯзгоре ки тоза донишгоҳро хатм карда, ба мактаб меравад, 759 сомонӣ ё 67 доллар маош мегирад. Аз моҳи январи имсол ин маблағ 20 дарсад зиёд шуд. Мутахассисон бо ишора ба ин сатҳи маош таъкид мекунанд, ки то маоши омӯзгор барои таъмини зиндагиаш наравад, “фирори мағзҳо” аз бахши маориф идома мекунад.