Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лутфулло мехоҳад, тарзи нави таълимро ҷорӣ кунад. ВИДЕО


Лутфулло Тағоев
Лутфулло Тағоев

Як ҷавони тоҷик пас аз хатми таҳсил дар Амрико мехоҳад, тарзи нави таълимро дар Тоҷикистон ба роҳ монад.

Лутфулло Тағоев гуфт, ҳама шароитро ба омӯзгорон муҳайё кардааст, ки дарсҳои худро ба шеваи интерактивӣ таҳия карда, онлайн ба хонандагон расонанд. Баъзе аз мутахассисон мегӯянд, барои ин кор аввал бояд мушкили дастрасӣ ба Интернет дар Тоҷикистон ҳал карда шавад.

“Пандемия исбот кард, ки шеваи таълим бояд дигар шавад”

Лутфулло Тағоев 27-сола аст ва соли гузашта баъд аз хатми риштаи магистратура аз Амрико ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ дар Донишгоҳи Syracuse University-и иёлати Ню-Йорк дар риштаи дизайнер ё таҳиягари омӯзишҳои электронӣ таҳсил кард.

Муҳассилини ин тахассус, ба гуфтаи Лутфулло Тағоев, “на дизайни хонаву либос, балки дизайни идея ва таълиму омӯзиш”-ро азхуд мекунанд. Тағоев даҳ нафар аз ҷавонони ҳамфикрашро ҷамъ карда, мехоҳанд, дар тағйири шеваи нави таҳсил дар Тоҷикистон саҳм гузоранд.

Онҳо бо ёрии молии сафорати Амрико дар Душанбе платформаеро таҳия кардаанд, ки омӯзгорон ва мутахассисони ҳама соҳаҳо метавонанд, дарсҳои худро онлайнӣ таҳия карда, дар он ҷой диҳанд. Тағоев дар шарҳи тасмимаш гуфт, дарсҳоро сабт карда, “дар шакли интерактивӣ таҳия мекунем, ки донишҷӯро маҷбур мекунад, то охир онҳоро азхуд кунад.”

Қаҳрамони гузориши мо афзуд: “Ҳоло омӯзиш дар мо ба шакли классикӣ аст. Яъне, мо барои дарс ба мактаб ё донишгоҳ меравем ва китобро бояд кушода хонем. Аз почтаҳои электронӣ гирифта, то дарсҳои видеоӣ, мутаассифона, дар мо он қадар зиёд рушд накардааст. Пандемия як бори дигар исбот кард ки мо бояд онлайнӣ дарс хонем ва давраҳои омӯзишии фосилавӣ дошта бошем.”

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нишасти хатмкардаҳои донишгоҳҳои ИМА дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Омӯзгор: аввал Интернет бояд арзон шавад

Мавзӯи таҳсили фосилавӣ ё онлайн чанд соли охир дар Тоҷикистон матраҳ аст ва масъулони донишгоҳҳо талош карданд, як қисми дарсҳо ба ин тарз сурат гирад. Вале чунин дарсҳо бештар барои донишҷӯёни ғоибхон аст ва ҷорӣ кардани таҳсили онлайн барои ҳамаи донишҷӯён зоҳиран имкон надорад.

Аз ҷумла, соли гузашта дар давраи пандемия донишгоҳҳои Тоҷикистон ду моҳ барвақт муҳассилини худро ба таътил фиристоданд ва натавонистанд, таҳсили фосилавиро ба роҳ монанд. Набудани ҳамин шароит донишгоҳҳои Тоҷикистонро маҷбур кард, моҳи августи соли гузашта донишҷӯёнро дубора ба дарс ҷалб кунанд. Ҳарчанд мутахассисони соҳаи тиб аз авҷи бемории COVID-19 ҳушдор дода буданд. Мутахассисон мегӯянд, шароити зарурӣ барои ҷорӣ кардани таҳсили фосилавӣ дар Тоҷикистон пурра вуҷуд надорад.

Гулрухсор Умарова, устоди собиқадори донишгоҳ, мегӯяд, ӯ тарафдори омӯзиши онлайнӣ нест ва ба муваффақ шудани ин бахш шубҳа дорад. Ба гуфтаи Умарова, донишҷӯ дар рӯбарӯи омӯзгор дарсро хубтар азхуд мекунад. Далели дигар, ба бовари ин омӯзгор, ин аст, ки дар баъзе тахассусҳо, аз ҷумла дизайнерӣ, омӯзгор бояд амалан ба шогирд машғулият гузаронад.

Ин устоди донишгоҳ афзуд, дар шароити пандемия метавон дарсҳоро онлайнӣ кард, вале чанд монеаи ҷиддӣ вуҷуд дорад: “Мушкили асосӣ Интернет аст, ки дар Тоҷикистон қимат аст ва на ҳама донишҷӯён имкон доранд, дарсро онлайнӣ гузаранд. Шароити бисёре аз донишҷӯён вазнин аст ва баъзан мехоҳӣ ба дасташ маблағ диҳӣ. Боз барои таҳсили онлайнӣ бояд ҳама донишҷӯён ноутбук ё планшет дошта бошанд. Барои ҷорӣ кардани таҳсили онлайнӣ бояд суръати интернет баланд ва нархаш арзон карда шавад.”

Бо вуҷуди ин ҳама, Лутфулло Тағоев мегӯяд, дар азмаш устувор аст ва мехоҳад, донишҳои дар Амрико андӯхтаашро ба дигарон омӯзонад. Ҳарчанд ин роҳ чандон осон наметобад.

Дар Тоҷикистон 41 донишкада ва донишгоҳ фаъолият доранд ва дар онҳо ҳудуди 250 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунанд.

XS
SM
MD
LG