Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳои Тоҷикистон. Ҷойи омӯзиш ё омода кардани муҳоҷирон?


Мактабе дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Мактабе дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Камбуди омӯзгорон, кӯҳна шудани барномаҳои таълим ва набуди ҳавасмандӣ барои омӯзиш дар миёни ҷавонон аз монеаҳое ҳастанд, ки ба қавли коршиносон "намегузоранд пойдевори қавии фикрӣ (зеҳнӣ)-и мактабҳои Тоҷикистон ба вуҷуд биояд".

Давлати 18-сола имсол яке аз мактабҳои Тоҷикистонро хатм кард ва дарҳол ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Маскав рафт. "Агар воқеиятро бигӯям, чандон таҳсили дуруст накардам. Дар синфи 9-ум тасмим гирифта будам, ки ба Русия ба пеши писари амакам барои кор меравам. Ҳатто агар таҳсил мекардам, гумон намекунам кор меёфтам. Дар Русия дар сохтмон кор мекунам ва маошам бад нест", -- мегӯяд муҳоҷири ҷавон.

Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон агар донишҷӯ набошӣ, "истодан хатарнок аст, зеро метавонанд ба хидмати сарбозӣ бибаранд". Аз ин рӯ, ягона "роҳи наҷот" ба Русия муҳоҷир шудан аст.

Ҳамасола миёни ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон, ки кишварро бо қасди муҳоҷирати меҳнатӣ тарк мекунанд, хеле аз онҳоро хатмкардагони мактабҳои миёна ташкил медиҳанд. Ҳавасмандӣ ба рушди минбаъда ва дарёфти тахассус на дар ҳама хонандагон дида мешавад. Коршиносон мегӯянд, сабаби чунин табақабандӣ метавонад бисёр гуногун бошанд.

"Дар миёни бештари мардум, хусусан дар ноҳияҳои дурдасти кишвар тақрибан ҳеҷ ҳавасмандие барои таҳсил намондааст. Одамони насли калонсолтар мебинанд, ки дарёфти маълумоти олӣ зиндагиро ҳеҷ тағйир намедиҳад ва талоши хосе барои таҳсили фарзандони худ намекунанд", --мегӯяд рӯзноманигори тоҷик Азиз Нақибзод.

Дар айни ҳол ташаккули пойдевори таҳсили ибтидоӣ омили рушди мактабҳои миёна мебошад ва ниёзманди таваҷҷуҳи лозим аз сӯйи давлат ва ҷомеа аст.

Имсол, мувофиқи маълумоти расмӣ, 21 мактаб ба истифодаи 6 ҳазору 230 хонанда супурда шудааст. Пештар коршиносон дар мавриди нарасидани ҷойи нишаст дар мактабҳо мегуфтанд, зеро дар як сол 200 ҳазор кӯдак ба мактаб меравад ва танҳо 30 ҳазор ҷой холӣ мешавад. Дида мешавад, ки ҳукумат барои беҳтар кардани вазъ иқдом мекунад. Имсол барои маориф аз будҷа ҳудуди 15,9% ва ё 4,4 млрд сомонӣ ихтисос дода шудааст. Бо вуҷуди ин мушкилоте вуҷуд доранд, ки солҳост ҳалли худро пайдо намекунанд.

Мактабҳои русӣ авлавият доранд

Падару модари ҷавоне, ки писарашон дар синфи русии яке аз мактабҳои Душанбе таҳсил мекунад, бидуни зикри номашон гуфтанд, дар мактаб норасоии омӯзгорон як фоҷиа аст, хусусан дар синфҳои болоӣ. Ҳам дар бахши фанҳои гуманитарӣ ва ҳам фанҳои табииву дақиқ. Сарфи назар аз ин, онҳо мегӯянд, синфҳои поёнӣ пур аз талабаанд ва дар онҳо маъмулан 40-45 нафар мехонад, ки барои омӯзиши онҳо таъсири бисёр бад мегузорад.

"Дар панҷ-шаш соли ахир дар Тоҷикистони мо чунин як раванд ба назар мерасад, хусусан дар шаҳрҳо, ки волидон кӯшиш мекунанд кӯдакони худро ба мактабҳои русӣ диҳанд. Эътимод ба мактабҳои тоҷикӣ кам мешавад. Ба мушоҳидаи ман мактабҳои русӣ барои таҳсил бартарии бештаре доранд ва хатмкунандагони онҳо метавонанд дар оянда дар донишгоҳҳои Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба таҳсил бипардозанд", - таъкид мекунад Азиз Нақибзод.

Ӯ мегӯяд, волидайне, ки имкон доранд бештар талош мекунанд, фарзандони худро ба мактабҳои хусусӣ бибаранд, ки он ҷо омӯзгорон маоши баланд мегиранд ва раҳбарияти мактаб аз онҳо натиҷаҳои муносибро талаб мекунад.

Дар мавриди маъруфияти мактабҳои русӣ дар ҷомеаи тоҷик солҳост, ки расонаҳои Тоҷикистон менависанд. Хонандагони ин муассисаҳо дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон ба бартариҳое, ки донистани забонҳои русиву англисӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дорад, таъкид мекунанд.

Тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 26 мактаби русӣ, бо 17 775 хонанда ва 141 мактаби дузабона – русӣ ва англисӣ, ки дар он ҷо 177 638 хонанда таҳсил мекунад, мавҷуд аст. Дар ҳамин ҳол теъдоди хонандагони мактабҳои русӣ 4,4% теъдоди умумии хонандагонро дар бар мегирад.

Соли гузашта дар доираи барномаи ҳамкориҳои башарии Тоҷикистону Русия дар бахши маориф ба Тоҷикистон 5 омӯзгори рус даъват шуд. Мувофиқи созишнома Русия ба уҳда гирифтааст, ки ба омӯзгорон 60 ҳазор рубл маош бидиҳад ва Тоҷикистон онҳоро бо хона, хароҷоти роҳ, аз ҷумла хароҷоти парвоз ва 14 ҳазор рубл маош таъмин менамояд. Он замон дар Тоҷикистон, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёриҳо ин тасмими ҷониби Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор доданд, ки бо ин маош мешавад омӯзгорони тоҷик, хусусан онҳоеро, ки бар асари камии маош ба дигар бахшҳо рафтаанд, ҷалб намуд.

Зимнан дар Тоҷикистон, ҳаҷми маоши омӯзгор аз дараҷаи тахассусии ӯ, собиқаи кор ва иҷрои уҳдадориҳои иловагӣ вобаста аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми кишвар маоши омӯзгорони дорои дараҷаи олӣ ва маълумоти олӣ барои ним баст (18 соат) 779 сомонӣ ($88)-ро дар бар мегирад. Ба ин маблағ мешавад иловапулиҳо: 15% барои раҳбарии синф, 15% барои тафтиши дафтарро зам кард, ки дар ниҳоят 1051 сомонӣ ($119) мешавад.

"Аз нигоҳи барномавӣ кӯҳна ва аз диди фаннӣ номуҷаҳҳаз"

Коршиноси яке аз созмонҳои байналмилалӣ, ки дар мавриди вазъи мактабҳои Тоҷикистон тадқиқот мегузаронад ба шарти зикр нашудани номаш гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон се мушкили калидие, ки ба раванди таълим таъсиргузоранд, вуҷуд дорад:

  • шумораи ками омӯзгорони шоиста;
  • набуди таҷҳизоти техникӣ, хусусан таҷҳизоти муҳим барои илмҳои табииву техникӣ;
  • куҳна шудани барномаи таълим.

"Муаллимони насли калонсол то рафт кам мешаванд ва ҷавонон барои машғул шудан ба фаъолияти омӯзгорӣ ҳеч ҳавасмандие надоранд", -- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи ӯ, барномаи таълими муосири мактабӣ дорои пайванди ногусастанӣ миёни назария ва амалия аст, ки фанновариҳои нав, китобҳои дарсии тоза ва аз ҳама муҳим омода кардани мутахассисонро ҳангоми таҳсилашон дар донишгоҳҳо талаб мекунад. Барои ин, таъкид мекунад ӯ USAID ва дигар шарикон бо омӯзгорон дарҳол ба кор оғоз кардаанд, то онҳоро ба талаботи муосир мутобиқ кунанд.

Агар майл набошад, маош наҷот намедиҳад

Мушкилии норасоии муаллимон дар Тоҷикистонро бисёриҳо ба набуди ангеза ва ҳавасмандиҳои молиявӣ рабт медиҳанд. Аммо ба гуфти вазири пешини маорифи Тоҷикистон Мунира Иноятова норасоии омӯзгорон, хусусан забонҳои хориҷӣ ва фаннҳои табииву техникӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар замони шӯравӣ вуҷуд дошт. Ба бовари ӯ, масъалаи ҳавасмандӣ ба шоистагии омӯзгор ва пеш аз ҳама ба хоҳиши ӯ вобаста аст, на ба сатҳи маош.

"Фикр мекунам, ки бештари мардум ба Донишгоҳи омӯзгорӣ тасодуфан ворид шудаанд. Бархеҳо ҳатто ба ин фикр нестанд, ки замоне муаллим мешаванд. Шуморе аз онҳо танҳо ба хотири доштани таҳсилоти олӣ ва бархеи дигар барои нарафтан ба хидмати сарбозӣ", - мегӯяд Иноятова.

Ӯ ҳамчунин таъкид мекунад, низом бояд шакле сохта шавад, ки онҳое намехоҳанд амалан ба кор бипардозанд бояд ба таҳсил роҳ дода нашаванд.

Дар баробари мушкилоти фаровон мешавад аз дастовардҳои муҳассилин, пеш аз ҳама хонандагони литсейу гимназияҳо ёдовар шуд. Мувофиқи додаҳо танҳо дар соли 2019 хонандагони Тоҷикистон дар 17 олимпиадаи байналмилалӣ дар Қазоқистон, Белорус, Тайланд, Русия, Малайзиё, Руминия, Итолиё, Ҳинд, Латвия, ИМА, Исроил, Бритониёи Кабир ширкат кардаанд ва дар маҷмуъ 204 медал: 49 тилло, 57 нуқра ва 98 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Тибқи маълумоти расмӣ ҳоло дар ҷумҳурӣ 3,8 ҳазор мактаби рӯзона, ки дар онҳо 1,97 млн. нафар таҳсил мекунад, мавҷуд аст. Ин арқом дар муқоиса бо соли таҳсили гузашта 63,7 ҳазор афзоиш ёфтааст. Аз шумораи умумии хонандагон 1,22 млн. писар ва 948 ҳазор духтар мебошанд.

XS
SM
MD
LG