Пайвандҳои дастрасӣ

 
Муаллимон ба бачаҳои муҳоҷирон дар мактабҳои Русия чӣ назар доранд?
Хабари нав

Муаллимон ба бачаҳои муҳоҷирон дар мактабҳои Русия чӣ назар доранд?


Дарс дар яке аз мактабҳои Маскав. 18 январи соли 2021
Дарс дар яке аз мактабҳои Маскав. 18 январи соли 2021

Александр Литой

Охири ҳафтаи гузашта дастурҳои раиси ҷумҳури Русия дар сомонаи расмии ӯ нашр шуданд. Дар яке аз онҳо гуфта шудааст, ки то 1-уми марти соли 2022 "роҳҳои муқаррар намудани таносуби хориҷиён ва шаҳрвандони Федератсияи Русия" ва ҳам "низоми омӯзиши иловагии забон" барои хориҷиён таҳия шаванд.

Бояд то 1-уми сентябри соли 2021 ҳисоби махсуси ноболиғони хориҷӣ пайдо шавад. Гуё ба хотири созмондиҳии беҳтари таҳсили онҳо. Шумораи шогирдоне, ки русӣ барояшон забони модарӣ нест, дар мактабҳои Русия торафт зиёдтар мешавад, аммо то ҳол барномаи давлатии таълими онҳо вуҷуд надорад.

Ӯ одат карда буд, ки дар ватанаш калонсолон дар мактаб кӯдаконро барои ҷурме мезананд. Азбаски дар Русия кӯдаконро намезананд, ӯ муаллимонро суст меҳисобид.
Виталий

Мактабҳои нотайёр

Аҳолии Русия сол то сол кам мешавад. Соли чорум аст, ки шумораи навзодон аз фавтидагон камтар аст. Соли гузашта аҳолии Русия 700 ҳазор нафар камтар шуда буд, имсол ин шумора 2,4 миллион кас камтар мешавад.

Валерий Рашкин, вакили Думаи давлатӣ аз Ҳизби коммунистии Русия ва муовини раиси кумитаи Дума дар масъалаҳои миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳанӯз дар замони роҳбарии Дмитрий Медведев қароре қабул шуда буд, ки бояд аҳолии кишвар, ки аз талафоти табиӣ коҳиш меёбад, бо даъвати муҳоҷирони меҳнатӣ зиёд карда шавад."

Рашкин ба маълумоти Вазорати маорифи Русия ишора карда, гуфт: "Ҳоло дар Русия 147 ҳазор мактаббачаи хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки ин аз як дарсади шумораи умумии мактабиён зиёдтар аст." Вакили Думаи давлатӣ таъкид кард, ки азбаски муҳоҷирон асосан дар канорҳои шаҳрҳои бузург маскан мегиранд, бахусус дар мактабҳои макони зисти онҳо шумораи шогирдани хориҷӣ ба маротиб зиёдтар аст."

Барои таълими махсуси фарзандони муҳоҷирон то ҳол танҳо созмонҳои алоҳидаи давлатӣ ва хусусӣ ба мисли "Кумаки шаҳрвандӣ" дар минтақаи Маскав, "Кӯдакони Петербург" дар пойтахти шимолии кишвар лоиҳаву барномаҳоро таҳия мекунанд, дар Тюмен чунин як барнома бо гранти Оҷонси федералии умури миллатҳо оғоз мешавад. Таълими фарзандони муҳоҷирон яке аз самтҳои барномаи "Муаллим барои Русия"-и "Сбербанк" низ мебошад.

"Муддати тӯлонист, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ, ки муҳоҷирон аз онҷо меоянд, забони русӣ таълим дода намешавад. Мо муаллимонро барои кор бо кӯдакони муҳоҷир омода накардаем, онҳоро омӯзонида ва маоши мувофиқ надодаем. Аз ҷониби давлат барои ҳалли ҳамаҷонибаи ин мушкил на барномае сохта шудааст ва на маблағгузорӣ", – изҳор дошт Рашкин.

Олга Мирясова, котиби Иттифоқи касабаи "Омӯзгор" мегӯяд, бисёр вақт муаллимон ба шогирдоне, ки забони русиро хуб намедонанд, баҳои "се" мемонанд, то онҳоро ба синфи навбатӣ гузаронанд. Зеро дар мактаби имрӯза бозмонондани шогирдон дар синфашон барои соли дувум як низоми печида аст.

Роҳбари созмони "Кумаки шаҳрвандӣ" Светлана Ганнушкина ба камияш аз он шод аст, ки мушкили фарзандони муҳоҷирон дар мактабҳои Русия дар сатҳи баланди ҳукуматӣ баррасӣ мешавад. "Моддаи 43-юми Конститутсияи мо мефармояд, ки таҳсил гирифтани ҳар кӯдаке дар Русия, новобаста аз ҳолати шаҳрвандиаш ҳатмист ва он на танҳо ҳаққи ӯ, балки вазифааш аст. Волидон ва мақомоти давлатӣ вазифадоранд, ки таҳсили кӯдаконро таъмин намоянд", - таъкид мекунад Ганнушкина.

Ба қавли ӯ, созмони "Кумаки шаҳрвандӣ" маҷбур аст, ба таври мунтазам ба додгоҳ муроҷиат намояд, то фарзандони хориҷиён ба мактабҳои Русия қабул карда шаванд. Вале ҳалли ин мушкил он қадар душвор нест.

"Тибқи таҷрибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯдаконе, ки ба синфҳои "забони англисӣ ҳамчун забони хориҷӣ" дохил мешаванд, дар тӯли тақрибан шаш моҳ ба синфҳои муқаррарӣ мегузаранд: чунки шогирдон, махсусан кӯдакони то 12-13 сола забонҳоро хеле зуд меомӯзанд. Намунае аз таҷрибаи "Кумаки шаҳрвандӣ2-ро меорам, ки духтаре аз Куба, ки омӯзиши забонро аз сифр сар карда буд, пас аз як соли таҳсил дар олимпиадаи забони русӣ диплом гирифт. Мо кӯшиши зиёд карда будем, то ӯро ба мактаб роҳ диҳанд ва пас муаллимае ӯро фидокорона дарс медод – ман намедонам, ки оё ин муаллима барои кораш музди иловагӣ мегирифт ё не", - шарҳ дод хонум Ганнушкина.

Муаллим, агар намезанад, суст аст?

Олга Мирясова қайд кард, ки ҳоло маълум нест, барои чӣ маълумоти шумораи мактаббачагони бидуни шаҳрвандии Русия ҷамъ карда мешавад: охир ин гуна маълумот аллакай дар мактабҳо вуҷуд дорад.

"Се-чор сол аст, ки ба мактаби мо фармонҳое меоянд, то дар бораи шумораи хориҷиён дар мактаб ва то чӣ андоза хуб донистани забони русиашон маълумоте ҷамъ кардаву ҳисобот супорем," – мегӯяд Виталий, омӯзгоре аз вилояти Иркутск.

Шаҳрвандӣ баёнгари сатҳи донистани русӣ ва шинохтани фарҳанги Русия нест, – мегӯянд ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ. Муҳоҷироне, ки ба тозагӣ омадаанд, мумкин касоне бошанд, ки русиро хуб медонанд ё муҳоҷирони дохилие аз Қафқози Шимолӣ бошанд, ки ин забонро ба хубӣ намедонанд.

"Дар шаҳри худ як барномаи ҷалби табибонро дорем ва аксари онҳое, ки омода ҳастанд, тавассути ин барнома ба Сибир кӯч банданд, сокинони Осиёи Миёна мебошанд, аксаран аз Тоҷикистон, ва онҳое, ки ҳанӯз дар солҳои 1980 касби табибиро азхуд карда буданд. Албатта, онҳо бо фарзандонашон меоянд. Ба онҳо хеле зуд шаҳрвандӣ дода мешавад ва биноан чунин муҳоҷирон ба ин омор роҳ намеёбанд,"– мегӯяд Виталий.

Ҳамкасбони ӯ ҳеч гуна омодагии махсусе дар масъалаи байниқавмӣ надоранд. Бахши калони муаллимони кишвар аз забон ва анъанаи халқҳои Осиёи Миёна ва Қафқоз огоҳ нестанд.

Дарсҳои як ба як?

"Агар касе хоҳад, ки асосҳои фарҳанги мусалмонӣ ё ҳатто масеҳиро омӯзад, бо мушкилие рӯ ба рӯ мешавад, чунки мо дар шаҳрамон муаллимони мутахассиси ин соҳаро надорем. Ҳама шогирдонро розӣ мекунонанд, ки таҳсили асосҳои ахлоқи дунявиро интихоб кунанд. Дар айни замон, дар шаҳри мо аллакай мактабе вуҷуд дорад, ки аксар шогирдонаш аз Осиёи Марказӣ мебошанд. Кӯдакон аз ин кишварҳо ба шароити ин ҷо зуд мутобиқ мешаванд, аммо чунин созгорӣ барои наврасон душвортар аст: зеҳни онҳо комилан дигар аст, ҳатто барои фарзандони волидоне, ки дар замони Шӯравӣ зистаанд. Мо як хонанда доштем, ки давоми ду сол мушкилот эҷод мекард, вале пасон созиш кард. Ӯ одат карда буд, ки дар ватанаш дар мактаб калонсолон кӯдаконро барои ҷурме мезананд ва азбаски дар Русия кӯдаконро намезананд, ӯ муаллимонро суст меҳисобид. Хеле вақт наметавонист ҳолатеро қабул кунад, ки зан ҳам метавонад омӯзгор бошад," – мегӯяд Виталий.

Омӯзгорон метарсанд, ки ҳамгироии кӯдакони муҳоҷир кори иловагии онҳоро зиёдтар мекунад. Зарур мешавад, ки барномаҳои нави таълимӣ сохта шаванд ва бо фарзандони муҳоҷирон ба камияш дар риштаҳои башарӣ (забони русӣ, адабиёт, таърих, илмҳои иҷтимоӣ) дарсҳои алоҳида ва иловагӣ дода шавад.

"Барои онҳое, ки забони русиро ба хубӣ намедонанд ё намефаҳманд, барномаҳои иловагии таълими як ба як лозим аст. Ва имкон дорад, ки дар ин ҳол ба муаллимон соатҳои изофӣ таъин карда шаванд, вале барои ин гуна дарсҳо нисбат ба дарсҳои ҳаррӯза онҳо хеле камтар музд мегиранд", – шикоят мекунад Вадим, як муаллими мактаб аз шаҳри Маскав.

XS
SM
MD
LG