Ба Русия кӯч бастани кормандони тиббии Тоҷикистон гапи нав нест, вале рақамҳо нишон медиҳанд, ки дар давраи пандемияи коронавирус ин раванд густариш пайдо кардааст. Мақомот дар минтақаҳо аз тарки пеша кардани даҳҳо духтуру парастор дар ду соли ахир хабар медиҳанд. Як моҳ пеш мақомоти ноҳияи Шаҳринав гуфтанд, 45 пизишку парастор кор дар шифохонаҳои ноҳияро бас карда, аксарият ба Русия рафтаанд.
Мақомот аз ноҳияи Қубодиён ҳам аз рафтани 40 корманди соҳаи тиб аз ду муассисаи тиббӣ, хабар додаанд. Дар умум дар Вилояти Хатлон беш аз 80 табибу парастор тарки касб карда ба муҳоҷират рафтаанд. Ин оморро нашрияи “Фараж” бо такя ба масъулони Раёсати тандурустии вилоят додааст.
Омори умумии пизишконе, ки дар Тоҷикистон тарки кору ватан кардаанд маълум нест. Аммо ба гуфтаи коршиносон ин шумора хеле бештар аз он аст, ки гуфта мешавад. Ба иттилои мақомоти Русия ҳам теъдоди тоҷиконе, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд дар соли 2020 якбора зиёд шудааст. Фақат дар ним соли гузашта беш аз 40 ҳазор нафар шаҳрванди Русия шудаанд.
Тибқи барномаи кӯчбандӣ маъмулан аз Тоҷикистон духтурону омӯзгорон барои кору зиндагӣ ба муҳоҷират мераванд. Бисёре аз кормандони тиббии Тоҷикистон, ки акнун дар Русия кор мекунанд, пеш аз ҳама музду маошро далели муҳоҷирати худ меноманд.
Муҳаммадлатиф Ҳусейнови 29-сола аз насли нави пизишкони тоҷик аст, ки ду моҳ пеш дар яке аз беморхонаҳои Русия ба кор сар кард. Вай аз рӯйи ихтисоси худаш, яъне духтури бемориҳои кӯдаконаи асаб, кор ёфтааст ва ҳоло давраи семоҳаи санҷишро паси сар мекунад.
Ин пизишки ҷавон чаҳор сол пеш Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, то рафтан ба Русия дар бемористони Қарияи Боло кор мекард. Муҳаммадлатиф мегӯяд, кораш дар Тоҷикистон "бад набуд", аммо баро даст ёфтан ба шароиту имконияти беҳтар ва ҳамчунин такмили ихтисос ба Русия рафт.
"Ҳуҷҷатҳоямро гирифта омадам, тавассути як эълони беморхонаи шаҳри Королев дар вилояти Маскав кор ёфтам. Дар дармонгоҳи кӯдаконаи рақами 1 маро ба кор гирифтанд. 3 моҳ бо патент кор мекунам. Агар корам хуб буд, ваъда доданд, ки барои зисти муваққатӣ хона медиҳанд. Барои кӯдакон боғча ва мактаб бепул аст. Барои муолиҷаи хешу табор ҳам имтиёз дода мешавад," -- гуфт ӯ.
Табиби ҷавони тоҷик ният дорад, пас аз як муддати кор ба ватан баргардад. Бисёре аз кормандони тиббӣ дар аввал ҳамин гуна нақша доранд, вале бо гузашти айём дар Русия муқимӣ мешаванд
Чаро табибон аз Тоҷикистон мераванд?
Мисли Илёс Солиев, ки аз рафтанаш ба Русия 10 сол гузашт. Илёс Солиев, пизишки бемориҳои урологӣ ва пуст дар яке аз беморхонаҳои Маскав аст. Ӯ соли 2008 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда, баъди 3 соли кор ба Русия рафт.
Вай мегӯяд, дар се соли кораш дар ватан пасандозе карда натавонист, ки барои худ пойафзоли хуб бихарад. Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи ӯ, духтурон бо маоши кам зиндагӣ мекунанд ва бештар дар фикри рӯзгузаронӣ ва дарёфти пул ҳастанд, на такмили дониши худ.
Дар ин ҷо ӯ аз нигоҳи молӣ то ҷое таъмин аст ва барои васеъ кардани донишу тахассуси худ вақту имокнияти бештар дорад: “Бо ҳамкасбонамон сӯҳбат мекунем, онҳо мегӯянд чунин имконият нест. Мегӯянд онҳо вақту шароити рафтан ба ҳамоиш ва дарёфти китобҳои навро надоранд. Шикоят мекунанд, ки тафтиши беморхонаҳо бисёр аст, пули ҳамин тафтишу санҷишҳо аз духтурону парасторон гирифта мешавад. Ман худам дар Тоҷикистон 3 сол кор кардам, аз ҳисоби худам як пояфзол нахаридаам. Ҳамааш аз ҳисоби падару модарам буд. Ин ҷо шукри Худо кору зиндагии хуб дорам ва чун духтур беморони зиёде мешиносанду қадр мекунанд.”
Вай ҳамчунин мегӯяд, дар Русия ба қадри мутахассисон мерасанд. Худи ӯ корро аз минтақаҳои дурдасти ин кишвар ва чун як табиби оддӣ шурӯъ кардааст: “Вақте омадам дар Академияи тиббии шаҳри Смоленск мехондам, пешниҳод карданд, ки мо ба ту хона медиҳем, шаҳрвандӣ медиҳем, маоши хуб медиҳем кор мекунӣ? Гуфтам бале, кор мекунам. Ҳамин тавр, аввал дар шаҳри Псков кор кардам, губернатори шаҳр ба ман хона дод. Баъд аз ду сол Калуга омадам. Он ҷо то мудири шӯъба кор кардам. Ҳоло дар Маскав кор мекунам ин ҷо шароит боз беҳтар аст.”
Ҳамчунин бемории ҳамагир дар ҷаҳон талабот ба кори пизишконро бештар кард. Бархе аз давлатҳо, ҳатто бо пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо, табибон аз кишварҳои дигарро ба кор даъват мекунанд.
Ба гуфтаи ин пизишки тоҷик дар давраи пандемия ва камбуди духтурон, масъулини беморхонаҳо дар Маскав духтурону парасторонро аз ҳар кишвари дигар бо пули хуб ба кори муваққатӣ даъват мекарданд. Илёс ҳам бо дархости раҳбаронаш ин имкониятро ба чандин дусту шиносҳои худ дар Тоҷикистон пешниҳод карда буд.
Эҳтиёҷи Русия ба даҳҳо ҳазор табиб
Мақомоти Русия ҳамеша аз норасоии мутахассисон, аз ҷумла пизишкону омӯзгорон шикоят мекунанд. Ба иттилои "Росстат" ё Оҷонсии омори Русия ҳанӯз дар соли 2018 дар ин кишвар 50 ҳазор духтур намерасид. Аммо дар пайи коронавирус ин мушкил амиқтар шуд ва тиббӣ Русия дар вазъияти бад қарор дошт.
Соли гузашта мақомоти тандурустии Русия аз камбуди 150 ҳазор парасторон дар беморхонаҳо хабар доданд. Шумори духтуроне ҳам зиёд буд, ки дар мубориза бо бемории COVID- фавтиданд.
Вазорати меҳнати Русия бо тасвиби як қарор, рӯйхати тахассусҳоеро мушаххас кардааст, ки ба соҳибони ин касбу корҳо дар Русия барои гирифтани шаҳрвандӣ сабукӣ дода мешавад. Ин рӯйхат аз 135 номгӯи касбу кор иборат аст ва аксарияташ ба соҳаи тиб рабт дорад. Аз ҷумла тибқи ин санад ба духтурони кӯдакона, асабшиносону саратоншинос, дандонпизишку ҷарроҳ, пизишки ҷонварон ва парасторон дар гирифтани шаҳрвандӣ сабукӣ дода мешавад.
Раҳмон Улмасов коршиноси масоили муҳоҷират мегӯяд, махсусан дар минтақаҳое, ки бештар ба пизишк ниёз доранд, бо пешниҳоди замин ва зиндагии беҳтар табибонро ба кор ҷалб мекунанд: “Дар маркази Русия, беморхонаҳо мушкил надоранд, аммо дар ноҳияҳо духтур намерасад, шароит вазмин. Онҳо аз ҳама кишварҳо духтур даъват доранд. Онҳо як қарор қабул карданд, ки барои духтурон аз он ҷумла барои шаҳрванд шудан ё ипотека гирифтан имтиёз медиҳанд. Ҳозир аз ҳама бештар ба Шарқи дур даъват доранд, аввал ба духтуроне, ки ба он ҷо мерафтанд 1 гектар замин медоданд, ҳозир мегӯянд то 3 гектар замин медиҳанд, то одамон омада кор кунанд.”
Маош: Дар Тоҷикистон 360 доллар, дар Русия 1360 доллар
Дар ҳоле, ки бархе аз коршиносон афзоиши муҳоҷирати пизишконро нигаронкунанда мехонанд. Абдулло Давлатов, пизишки собиқадори тоҷик, ки дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, мегӯяд, муҳоҷирати пизишкони қобилиятноку соҳибтахассуси тоҷик аз аввал ҳам зиёд буд. Дар 30 соли ахир ба гуфтаи ӯ даҳҳо ҳазор пизишк аз кишвар рафтаанд. Вале ба андешаи Абдулло Давлатов, дар пайи бемории коронавирус дар кишвар камбуди пизишкон сахт эҳсос шуд ва дар ин давра мавзуи ҳиҷрати пизишкон ба Русия доғу чашмрас гашт.
Ин пизишки тоҷик ҳам бовар дорад, ки омили аслии тарки касб кардани ҳамкасбонаш дар ватан маоши кам аст: "Тибқи иттилои Хадамоти омори Русия ба ҳисоби миёна маоши духтуре, ки дар сатҳи авваланд, мисли духтурони оилавӣ ва терапевт, 1360 доллар аст. Албатта дар Маскав бештару дар минтақаҳо камтар аст. Дар Тоҷикистон тибқи ҳисоботи расмӣ 360 доллар аст. Яъне маоши духтур ин ҷо қариб 1000 доллар бештар аст, ҳарчанд вазифаи ҳарду як аст. Ва ин ҷо кор боз осонтару замонавитар аст. Духтурон инҷо як таъиноти муайян доранд, ки аз рӯйи ҳамон кор мекунанд.”
Тибқи иттилои расмӣ ҳоло дар муассисаҳои тиббии Тоҷикистон 79 ҳазор нафар фаъолият дорад. Соли 2020 мақомот аз камбуди беш аз 6 ҳазор духтуру парастор дар кишвар хабар дода буданд. Президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ дар моҳи декабри соли 2021 гуфт, дар 30 соли ахир дар кишвар 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ омода карда шудаанд.
Тарки пизишкон аз кишвар дар ҳолест, ки дар худи Тоҷикистон дар аксар минтақаҳо норасоии пизишкон эҳсос мешавад. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар панҷ соли оянда омӯзишгоҳу донишгоҳҳои тиббии кишварро беш аз 60 ҳазор нафар бо ихтисоси тиббӣ хатм мекунанд ва масъулини соҳаро мувааззаф кард, ки камбуди норасоии кормандони тиббро дар ду соли баъдӣ бартараф намоянд. Аммо ба гуфтаи коршиносон то замоне, ки барои пизишкон маошу шароити хуб фароҳам нашавад, нигоҳ доштани онҳо дар кишвар кори осон нахоҳад буд.