Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро мардум аз деҳа ба шаҳр мекӯчанд? Дар ҷустуҷӯи кор ё ояндаи беҳтар?


Шаҳрнишинӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоягонаш дар минтақа камтар будааст.
Шаҳрнишинӣ дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамсоягонаш дар минтақа камтар будааст.

Коршиносон мегӯянд, афроди зиёде талош доранд, ки дар шаҳр зиндагӣ кунанд, вале на ҳама метавонад аз назари иқтисодӣ ба зиндагии шаҳрӣ даст ёбад.

Умар Шомадов, бошандаи 31-солаи деҳаи Деҳи Қозии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, моҳи октябри имсол ба шаҳри Кӯлоб кӯчид. Ӯ дар канораҳои ин шаҳр бо 100 ҳазор сомонӣ, хона харид. Умар кӯчбандии худро ба хотири ояндаи беҳтари фарзандонаш маънидод мекунад. Ҳамсараш омӯзгор аст, вале ин хонавода аз ҳисоби маблағи аз Русия фиристодаи наздикон зиндагиро пеш мебаранд.

"Деҳ ҷойи хуб, аммо шаҳр беҳтар аст. Ин ҷо кӯдакон хубтар таҳсил мекунанд. Дар мо мегӯянд, ки аз ҳар хонаводае як кас бояд дар шаҳр хона дошта бошад, зеро ба дунболи корҳои гуногун, ҳама ба шаҳр корафтода мешаванд. Агар волидонам нафақагир шаванд ва ё бародари хурдиям донишҷӯ гардад, метавонанд бо ман зиндагӣ кунанд," -- мегӯяд Умар.

Худи ин ҷавон ният дорад ба наздикӣ боз ба Русия равад ва аз он ҷо хонаводаашро саробонӣ кунад. Ба ҷуз муҳоҷирати берунӣ, ки коршиносон онро омили зинда мондани иқтисоди Тоҷикистон медонанд, дар кишвар мешавад талоши шаҳрвандонро барои муҳоҷирати дохилӣ мушоҳида кард. Бо вуҷуди ин, дараҷаи шаҳрнишинии мардуми Тоҷикистон аз миёнаҳои солҳои навадуми асри гузашта то ҳол дар сатҳи 27 дарсад боқӣ мондааст.

Барои муқоиса дар Қирғизистони ҳамсоя ин нишондиҳанда ба 36 дарсад, Узбакистон 36,6 фоиз, Туркманистон 50,8 фисад ва Қазоқистон 53,2 дарсад баробар аст.

"Деҳ ҷойгузини шаҳр шуд"

Ба гуфтаи Акбар Субҳонов, ходими илмии Пашӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои демографии ҳозира дар мавриди шумораи аҳолии шаҳрнишин баробар ба соли 1950 аст. "Ҳатто бино ба омори расмии соли 1991, шумораи мардуми шаҳрҳои Тоҷикистон 32 дарсад буд. Ҳоло каме болотар аз 26 дарсад, яъне ин қишр то 5 фоиз коҳиш ёфтааст," -- мегӯяд Субҳонов.

Бино ба маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон, дар соли 2000 шумораи мардуми шаҳрнишини кишвар 26,7 дарсад ва мардуми деҳнишин 73,3 дарсад будааст. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба мизони бисёр каме тағйир кардааст: мардуми шаҳр 26,3 дарсад ва деҳот 73,7 фоиз.

"Шаҳрҳои мо ба ҷуз Душанбе, Хуҷанд, Бохтар имконоти густардае надоранд. Шаҳрҳои боқимондаи хурд барои муҳоҷират хеле таваҷҷуҳбарангез нестанд," -- шарҳ дод коршиноси масоили демографӣ Абувалӣ Қулов.

Ба гуфтаи Акбар Субҳонов, барои онҳое, ки мехоҳанд ба шаҳр кӯч банданд, зиндагӣ мушкил мегардад, зеро маоши миёна 1100 сомонӣ аст ва боз зарур аст маблағи иҷора, хидматрасониҳои коммуналиро пардохту ҳар рӯз бояд хӯрокворӣ харид. "Дар деҳа агар замин дошта бошӣ, мешавад кор кард ва хӯроквориро захира намуд, дар шаҳр ин гуна имконият нест ва оилаҳо аз нигоҳи иқтисодӣ хеле осебпазиртар мешаванд," -- мегӯяд коршинос.

Ӯ хотирнишон мекунад, ки ин гуна бартарии мутаносибан ба нафъи мардуми деҳнишин, бисёре аз шохисҳои фарҳангӣ, аз ҷумла рӯйкарди шаҳрвандон ба мизони таваллудро таҳти таъсир қарор медиҳад, зеро чӣ дар деҳа ва чӣ дар шаҳр ба ҳисоби миёна хонаводаҳо се фарзанд доранд. "Ин сустии рушди шаҳрнишин шудан ва таъсир надоштани намунаи рафтори шаҳрӣ ба деҳро таъйид мекунад," -- мегӯяд донишманд.

Ин андешаро мудири маркази илмиву тадқиқотии "Шарқ" Музаффар Олимов ҳам ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, муҳоҷирати дохилӣ дар Душанбе ба сатҳи фарҳанги пойтахт таъсири манфӣ расонид: "Масалан, мо шоҳиди бетафовутии комил ба театр, фаъолиятҳои фарҳангӣ ва ғайра ҳастем."

Чолишҳои коҳиши шаҳрнишинӣ

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон аз рӯйи мизони таваллуд дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ пештоз аст. Бино ба омори расмӣ, солона шумораи мардуми Тоҷикистон 2,2 дарсад, яъне то 200 ҳазор зиёд мешавад. Агар соли 1990 дар аҳолии Тоҷикистон 5,4 миллион нафар буд, пас, соли 2018 ин шохис ба 9,1 миллион баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол, шумораи аҳолии қобили меҳнат ва фаъол беш аз 60 дарсадро дар бар мегирад.

Ин афзоиш, дар баробари мавридҳои дигар, ба гуфтаи коршиносон, бар асари ғайрисаноатӣ шудани иқтисод, ки дар ин шева бахши асосии иқтисод ба кишоварзӣ такя мекунад, ба вуҷуд омадааст.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

"Дар таҷрибаи мо лаҳзаҳое буданд, ки мардуми шаҳрнишин дучори мушкили амнияти озуқаворӣ шуданду ба деҳ кӯч бастанд, яъне раванди коҳиши шаҳрнишинӣ сурат гирифт. Ҳоло дар деҳот ҳам вазъ хубтар нест, бисёриҳо ба шаҳр меоянд, то кор пайдо кунанд, вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо мехоҳанд дар шаҳр зиндагӣ кунанд," -- мегӯяд Музаффар Олимов. Ба гуфтаи ӯ, шумораи қобили мулоҳизаи онҳое, ки дар шаҳр кор пайдо намекунанд, маҷбур мешаванд ба муҳоҷират раванд.

Бино ба маълумоти гуногун, дар Русия беш аз 1 миллион аҳолии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд, ки бахши аҳолии бекорро дар кишвари худ пуштибонӣ мекунанд. Мувофиқи омори расмӣ, сатҳи фақр дар Тоҷикистон 29,5 дарсад аст, аммо коршиносони мустақил ин рақамро хеле кам медонанд. Тибқи додаҳои Барномаи ҷаҳонии озуқавории СММ дар соли 2018, ҳудуди 47 дарсади аҳолӣ дар як рӯз бо камтар аз $1,3 ва 17 дарсад бо камтар аз $0,85 дар рӯз зиндагӣ мекунанд.

Набуди шароити лозим дар деҳот аллакай сабаби ба берун рафтани мутахассисони зарурӣ, аз ҷумла омӯзгорон ва пизишкон ба шаҳрҳо ва муҳоҷирати хориҷӣ шудааст.

Роҳи наҷот иқтисод аст

Афзудани шумораи шаҳрҳои хурду бузург дар Тоҷикистон, ҳамчунин омадани мардум ба ин шаҳрҳо ва рушди фарҳанги шаҳрнишинӣ дар давраи саноатӣ кардани босуръати замони Шӯравӣ сурат гирифт. Вазъи ҳозир, ба гуфтаи Акбар Субҳонов, аз рушди иқтисод дар шаҳрҳо вобаста аст.

Ба назари вай, давлат бояд нарх дар бозорро танзим, монополияро аз байн барад ва ба ҳамин тартиб, вазъи иқтисодии хонаводаҳоро пуштибонӣ намояд. "Ҳар қадар рушди иқтисод бошад, ба ҳамон андоза вазъи мардум ва сатҳи фарҳанги он хубтар мешавад," -- бовар дорад ин коршинос.

Видео аз бойгонии Озодӣ:

Дар бораи маданияти шаҳрдории ҳамватанон чӣ назар доред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:10 0:00

Мувофиқи Стратегияи рушди Тоҷикистон барои то соли 2030, аҳолӣ бояд то 11,5 миллион нафар боло равад. Соли гузашта раиси ҷумҳур саноатӣ кардани иқтисодро ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар эълон кард ва дастур дод, ки то соли 2030 ҳаҷми саноатро дар сохтори ММД то 22 дарсад боло баранд. Дар буҷаи соли 2019 барои рушди ин бахш 150 млн сомонӣ (16 милюн доллар) пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG