Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо маоши муаллимӣ рӯз намегузарад." Чаро омӯзгорони тоҷик тарки пеша мекунанд?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо барқарор шудани парвози мунтазами ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия, тарки пеша кардани омӯзгорони мактабҳои миёна дар кишвар авҷ гирифтааст. Масъулони Вазорати маориф доғ шудани ин мушкилро эътироф мекунанд, аммо ошкоро ва муфассал намехоҳанд, дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунанд.

Мушкиле, ки "торафт бузург мешавад"

Нуралӣ Собирзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 30-юми сентябр дар як радду бадал дар анҷумани Иттифоқҳои касабаи кормандони маориф гуфт, аз кор рафтани омӯзгорон аз мактабҳо торафт мушкили бузургтар мешавад.

"Ҳоло бо вуҷуди мушкилоти зиёд як масъалаи дигар пеш омадааст. Шуморе аз омӯзгорон аз кор рафта истодаанд. Барои мо ин проблемаи калон шуда истодааст", -- афзуд ӯ. Собирзода дар анҷуман ва баъди он ҳам аз шумораи дақиқе ном набурд ва ба суоли Радиои Озодӣ дар ин бора ҷавоб нагуфт.

Масъули дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм дар посух ба суоли Радиои Озодӣ, ки дар як соли охир чанд омӯзгор тарки пеша кардааст, гуфт, "чунин омор рӯйи даст нест".

Тарки пеша кардани 750 омӯзгор дар Хатлон

Дар ҳамин ҳол, масъулони идораи маориф дар Хатлон мегӯянд, танҳо дар як соли охир ҳудуди 750 омӯзгор аз мактабҳои ин вилоят рафта, дар иваз беш аз ҳазор кас ба кор омадаанд.

Ашуралӣ Олимӣ, сардори Раёсати морифи вилояти Хатлон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Бино бар маълумоти пешакии мо, 750 омӯзгор аз кор рафтаанд... Ҳоло ин маълумотро санҷида истодаем. Аммо ҳамзамон 1624 омӯзгори ҷавонро ба кор қабул кардем."

Тарки пеша кардани омӯзгорон ва духтурон ва роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтани бахше аз мутахассисон барои Тоҷикистон падидаи нав нест. "Фирори мағзҳо" ба хориҷ солҳо боз идома дорад ва коршиносон аз оқибатҳои ногувори он ҳушдор медиҳанд.

Фаррух Нозимӣ, ҷавони 28-солаи тоҷик, яке аз садҳо омӯзгори тоҷик аст, ки тарки пеша карда, ҳоло дар Русия ба бинокорӣ машғул аст. Мегӯяд, пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ чанд сол иҷониб муҳоҷират ва кори омӯзгориро ба ҳам тавъам карда буд, аммо пандемия назми зиндагӣ ва даромади хонаводаи ӯро ба ҳам зад.

"То пандемия аз сентябр то охири моҳи май дар мактаб дарс медодаму дуним-се моҳи тобистон ба Русия меомадам. Кор карда, каме пул ба даст оварда, харҷи зимистонаи хонаро мебаровардам. Дилам намешуд, ки пурра кори муаллимиро партоям. Панҷ сол донишгоҳ хондаам. Аммо дар аҳди пандемия бепул мондам. Бо маоше, ки аз мактаб медиҳанд, зиндагӣ намегузарад", -- шиква кард ӯ.

"Бо маоши муаллимӣ рӯзат намегузарад"

Фаррух Нозимӣ мегӯяд, бо қарз билети ҳавопаймо гирифта, ба Русия рафтааст ва ин бор муддати бештар бояд кор кунад, то қарзҳояшро пардозаду харҷи худу хонаводаашро таъмин созад.

"Бо маоши муаллимӣ рӯзат намегӯзарад" гуфтани Нозимӣ аз он ҷост, ки ӯ моҳе то 1200 сомонӣ мегирифт, ки ба гуфтааш "барои пешбурди зиндагӣ кофӣ нест".

Маърифат Навкарова, масъули идораи кадрҳои Раёсати маърифи Хатлон, мегӯяд, онҳое аз кори мактаб мераванд, ки мушкили ҷиддӣ доранд ва мехоҳанд, дар муҳоҷират зудтар пул ёбанду онро ҳал кунанд. Ӯ кам будани маоши омӯзгоронро эътироф мекунад, аммо мегӯяд, мақомот барои даромади бештар гирифтан ба омӯзгорон имкон додаанд.

"Ҳоло омӯзгорон аз 800 сомонӣ то 2,5 ҳазор сомонӣ, вобаста ба таҷриба ва унвон ва миқдори кор, маош мегиранд. Албатта, ҷавононе, ки нав ба кор меоянд, ба монанди собиқадорон маош намегиранд. Мо ба муаллимон имкон додаем, ки ба шогирдон дарсҳои иловагӣ диҳанд ва аз ин роҳ даромади бештар ба даст оранд", -- иброз дошт Навкарова.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор мактаб фаъол аст ва дар онҳо беш аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд. Имсол зиёда аз дусад ҳазор кас бори аввал ба мактаб рафтанд.

Кишвар бинобар иқтисоди суст тавони ба қадри кофӣ боло бардоштани маоши омӯзгоронро надорад ва ҳар сол садҳо омӯзгори ҷавон, ки қисме аз ҳисоби буҷа ройгон таҳсил кардаанд, ба сафи муҳоҷирон мепайванданд ва дар натиҷа кишвар сармояҳои инсониашро бой медиҳад.

XS
SM
MD
LG