Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия рӯзи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон Фатҳуддин Қурбонбекзода мебошад.
Ба гуфтаи манбаъ, Қурбонбекзода 28-сол дошта, зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мебошад. Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат мегӯяд, Фатҳуддин Қурбонбекзода дар баробарии шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамчун табааи Русияро низ доштааст.
Иброҳим Аҳмадов афзуд, "кормандони Сафорати Тоҷикистон, Хадамоти консулӣ ва намояндагии Вазорати меҳнат аллакай бо пайвандони шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистон дар тамос ҳастанд. Барои ҳарчӣ зудтар ба ватан равон кардани ҷасади ҳамватанамонкорҳои лозимиро ба анҷом мерасонанд".
Тибқи охирин гузоришҳо, дар ин ҳодиса 41 нафар ҷон бохта, 33 нафари дигар наҷот дода шудаанд. Дар миёни қурбониён ду кӯдак низ будааст Ҳодиса шоми 5-уми май иттифоқ афтод. Дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия субҳи 6-уми май ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар умум қурбониёни ҳодиса асосан шаҳрвандони Русия ҳастанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як нома, ҳалокати даҳҳо нафар дар ин ҳодисаро ба ҳамтои русаш Русия Владимир Путин, тасаллият гуфтааст. "Дар робита ба ин фоҷеа тасаллияти амиқи худро ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти Русия иброз намуда, хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед",-омадааст дар паёми тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин.
Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" шаби гузашта ҳангоми нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи "Шереметево"-и Маскав оташ гирифт. Хабаргузориҳои русӣ менависанд, ки дар ин ҳодиса 41 нафар ҷон бохта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Хабаргузории ТАСС навишт, ки дар дохили ҳавопаймо 73 мусофир ва 5 узви экипаж буданд.
Ҳавопаймои "Суперҷет"-и истеҳсоли Русия дар хатсайри Маскав-Мурманск парвоз дошт. Баъди чанд дақиқаи парвоз сарнишинон нишасти изтирорӣ талаб кардаанд. Хадамоти “FlightRadar” гузориш дод, ки ин ҳавопаймо 45 дақиқа дар ҳаво буда, пеш аз нишасти изтирорӣ ду дафъа дар атрофи Маскав чарх задааст.
Ширкати "Аэрофлот" гуфт, ҳангоми нишасти изтирорӣ муҳаррики ҳавопаймо оташ гирифтааст. Ҳамин манбаъ афзуд, ҳавопаймо бо мушкили фаннӣ ё техникӣ ба фурудгоҳи "Шереметево" баргашта буд. Таҳқиқи ҳодиса оғоз шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад