Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Сурия ҳавопаймои Русияро иштибоҳӣ суқут доданд


Системаи зиддиҳавоии Сурия иштибоҳӣ як ҳавопаймои иктишофии Русияро бо 15 сарбоз дар фазои Баҳри Миёназамин сарнагун кард. Русия Исроилро гунаҳкори ин ҳодиса номид.

  • Вазорати дифои Русия рӯзи 18-уми сентябр бо нашри як баёния гуфт, халабонҳои исроилӣ, ки таъсисоти низомии Сурияро ҳадаф мегирифтанд, “пушти ҳавопаймои Русия қарор гирифта, онро сари роҳи системаи дифоии Сурия” қарор доданд ва сабаби суқути он шуданд.
Дар ҷанги дохилии Сурия, Русия ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад кумаки ҳамаҷониба мекунад.

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Маскав гуфт, "сабаби асосии сарнагун шудани ҳавопаймо ва ҳалокати сарбозон Исроил аст". "Вазорати дифои Русия борҳо аз тариқи василаҳои ҳамоҳангсозӣ аз Исроил хост, ки аз ҳамлаҳо ба қаламрави Сурия, ки барои амнияти сарбозони рус хатар эҷод мекунанд, худдорӣ намояд", - афзуд Сергей Шойгу.

Сафири Исроилро эҳзор карданд

Сергей Шойгу
Сергей Шойгу

Егор Коношенко, сухангӯи Вазорати дифои Русия гуфт, кишвараш ҳаққи амалкарди муносиб дар баробари чунин рафтори нерӯҳои Исроилро ҳифз мекунад.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ба хешовандони сарбозони ҳалокшуда изҳори таслият кардааст. Хабаргузории давлатии РИА Новости навишт, Вазорати корҳои хориҷии Русия, сафири Исроилро дар Маскав рӯзи 18-уми сентябр барои шарҳи масъала ба вазорат хондааст.

Русия Исроилро чанд соат баъд аз он гунаҳкори суқути ҳавопаймои иктишофиаш номид, ки Вазорати дифои Русия гуфт, ҳавопаймои Илюшин-20 рӯзи 17-уми сентябр соати 11 ба вақти маҳаллӣ дар 35-километрии соҳилҳои Сурия аз радарҳо нопадид шуд.

"Ин ҳодиса ба муносиботи ду тараф осеб мерасонад"

Сафорати Исроил дар Маскав
Сафорати Исроил дар Маскав

Ба гуфтаи мақомоти вазорат, ҳавопаймо дар замоне аз радарҳо гум шуд, ки ҳавопаймоҳои ҷангии F-16-и Исроил ба таъсисоте дар вилояти Лозиқияи Сурия зарба заданд. Ба қавли масъулони вазорат, ҳавопаймо ҳангоми бозгашт ба пойгоҳи ҳавоии Ҳмеймим дар вилояти Лозиқияи сарнагун шудааст, ки онҷо нерӯҳои Русия ҷой гирифтаанд. Русия Ҳмеймимро барои ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ошӯбгарони Сурия истифода мекунад.

Пораҳои ҳавопаймои Русия ва баъзе аз ҷасади сарбозонро дар 27-километрии шаҳри Баниас ёфтаанд. Ҳукумати Исроил то кунун ба иддаои Русия вокуниш нишон надодааст, вале Маскав гуфт, ки ин ҳодиса ба муносиботи ду тараф осеб мерасонад.

Дар ҷанги дохилии Сурия, ки соли 2011 шуруъ шуд, Русия ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад кумаки ҳамаҷониба мекунад.

Амрико: Ҳавопаймои Русияро тӯпхонаҳои Сурия задаанд

Айни замон чандин кишвари дигар, ки ба тарафҳои мухолиф дар ҷанг кумак мекунанд, дар Сурия амалиёти ҳавоӣ анҷом медиҳанд ва байни якдигар барои ҷилавгирӣ аз ҳаргуна даргирии тасодуфӣ шабакаҳои иртиботии ҳамоҳангсозӣ барқарор кардаанд.

Исроил дар гузашта аз таъсиси шабакаи иртиботӣ бо Русия барои ҷилавгирӣ аз даргирӣ байни нерӯҳои ҳавоии ду тараф, изҳори хушнудӣ кардааст.

Исроил агарчӣ дар ин ҷанг аз гуруҳе ҳимоят намекунад, вале эътироф кардааст, ки ба таъсисоти марбут ба гуруҳҳои муттаҳиди Эрон ба мисли созмони “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон зарба задааст.

Сухангӯи Вазорати дифои Амрико гуфт, ки нерӯҳои ин кишвар дар ҳодиса даст надоранд. Як манбаъ дар вазорат гуфтааст, ба бовари Вашингтон, ҳавопаймои иктишофии Русияро тӯпхонаҳои нерӯҳои давлатии Сурия сарнагун кардаанд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG