Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвиноз Душанбеи навро бунёд мекунад. ВИДЕО


Сарвиноз Шариповаи 32-сола аз баландии 70 метр биноҳои зебои пойтахтро мебинад, ки дар бунёди онҳо саҳм гузоштааст.

Ӯ касберо интихоб кардааст, ки бисёр мардҳо аз интихобаш ҳарос дорад. Сарвиноз Шарипова крани борбардорро идора мекунад, ки 18 тонна вазн дошта то 8 тонна бор мебардорад. Тамоми рӯз ӯ даҳҳо бор истилоҳи “майна” ва “вира”, яъне поёну болоро истифода мекунад ва ба сохтмонҳои баландошёна бор мебардорад ва бор мефарорад.

Синфи 5 будам, бо падарам гоҳ-гоҳ ба кор мерафтам, гоҳе ба кран баромада бозӣ мекардам. Оҳиста-оҳиста таваҷҷӯҳи ман ба кран зиёд шуд. Вақте корро сар кардам, падарам гуфт ин кор вазнин аст, шояд духтур шавам? Ман гуфтам, «не падар, ман аз пайи шумо меравам».

Шарипова дар хонаводаи сохтмончӣ ба воя расида бо крани борбардор аз хурдӣ “дӯстӣ” дорад. Кӯдак буд, ки ҳамроҳи падараш аз пиллаҳои оҳанин ба даҳҳо метр баланд мешуд ва шаҳрро аз баландӣ тамошо мекард.

Таҷрибаи ӯ дар идораи ин мошини бузург ва кор дар сохтмонҳои баландошёна ба ҳашт сол мерасад. Ҳоло ӯ дар бунёди биное саҳм мегирад, ки дар маҳаллаи Зарнисори шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Шарипова мегӯяд, барои интихоби касби начандон бехатар ва ба истилоҳ “мардона” дар баландии даҳҳо метр, аҳли хонаводаашон чандон мухолиф набуданд ва танҳо дар рӯзҳои аввали корӣ падараш ба ӯ ҳушдор дод, ки ин кор заҳмату эҳтиётро тақозо мекунад. Агар аз баҳраш намебарояд, касби дигарро интихоб кунад. Савиноз Шарипова ҳамин касбро интихоб кард.

Орзуи кӯдакӣ буд

Ӯ соли соли 2003 баъди хатми мактаби миёна курси 6-моҳаи ронандагиро дар мактаби “Сомон Саноат” хатм кард.

Баъдан мисли ҳамтоҳои дигараш издивоҷ кард ва як муддат хонанишин шуд. Издивоҷи ӯ бобарор набуд. Аз ин издивоҷ як духтар дорад ва ҳамроҳи духтараш дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунад. Касбашро бисёр дӯст медорад.

“Ин кор завқи худам аст ва ман аз корам розиям. Вақте хурд будам, медидам, ки падарам ҳамин корро мекарданд, мехостам ман низ мисли падарам қаҳрамон шавам. Синфи 5 будам, бо падарам гоҳ-гоҳ ба кор мерафтам, гоҳе ба кран баромада бозӣ мекардам. Оҳиста-оҳиста таваҷҷӯҳи ман ба кран зиёд шуд. Вақте корро сар кардам, падарам гуфт ин кор вазнин аст, шояд духтур шавам? Ман гуфтам, «не падар, ман аз пайи шумо меравам». Онҳо ҳам завқи маро дида, розӣ шуданд. Падарам дар ин кор устоди ман ҳастанд, бисёр нозукиҳои корро ба ман омӯзонданд. Дар аввал ҳамроҳ кор мекардем, вақте ёд гирифтам, ҳоло ба танҳоӣ кор мекунам. Ман 15 шогирд дорам, ки ба онҳо ҳам корро ёд додаам. Барои ман ин кор мушкил нест. Мо, занҳо, ҳар ҷое бошем, бояд кор кунем. Занҳо низ метавонанд аз ӯҳдаи чунин корҳо бароянд”.

Сарвиноз Шарипова дар сохтмонҳои муҳиме ба мисли «Осорхонаи миллӣ», беморхонаи “Истиқлол”, Академияи ВКД, “Шаршара”-и назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ, биноҳои вакилони парлумони Тоҷикистон ва дигар иншоот саҳм дорад.

Таъсири касб ба зиндагии хусусӣ

Ӯ мегӯяд, бо он ки ҳангоми кор гоҳо мавридҳои хатарнок пеш меоянд, ҳеҷ гоҳ фикри тарки касб накардааст.

Сарвиноз мегӯяд, дар сурати аз кор боз мондани кран, ӯ аз ӯҳдаи таъмири он низ мебарояд: “Хайр, кор аст. Ҳолатҳои хатарноку тарсовар мешавад, вале ман талош мекунам тарсамро ошкор накунам”.

Ин касб ба шеваи зиндагии Сарвиноз низ таъсир гузоштааст.

Ӯ мегӯяд, аз ҳисоби занҳо дугона надорад ва ӯро бештар ҳамкорони мард дарк ва чун хоҳар эҳтиромаш мекунанд. “Тамоми рӯз дар сохтмонам ва ин ҷо ҳам ҳама мардҳо кор мекунанд. Лекин аз занҳо мешунавам, ки зиёд мепурсанд, «чаро ҳамин корро интихоб кардаӣ»? Гоҳ-гоҳ гапҳои атрофиёнро дар бораи худам мешунавам, ки мегӯянд: «ин зан аст, ба ин корҳо чӣ кор дорад», ё «чӣ хел мебарояд ба ин қадар баландӣ?», «дар он баландиҳо чӣ хел кор мекунад?”- мегӯяд сарвиноз Шарипова.

Ҳолатҳое, ки аз кор дер барояд, бештар модараш хавотир мешавад, ки чӣ ҳодисае рух надода бошад ва пайваста тамос гирифта, пурсон мешавад.

Маоши Шарипова солҳои гузашта дар авҷи хонасозӣ се ҳазор сомонӣ буд. Ҳоло 2 ҳазор мегирад. Мегӯяд, ки ин маблағ барои зиндагии хоксоронааш кофӣ аст.

Сарвиноз Душанбеи навро бунёд мекунад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Орзуи дигари Сарвиноз

Ин зани ҷавон як орзуи баландпарвози дигар ҳам дорад. Мегӯяд, агар ба он бирасад, дигар ормон надорад. Ӯ мехоҳад сарниши ҳавопаймо шавад ва ба мардум хизмат расонад. “Ман то 70 метр баланд шудам, натарсидам, қадами аввалро гузоштам, он тарафаш мушкил нахоҳад шуд. Бо иродае, ки ман дорам, боварам ҳаст, ки ин орзу танҳо як орзу нахоҳад монд”,- гуфт Сарвиноз Шарипова.

Идораи мошинҳои бузург аз тарафи занҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ, ки занону мардон дар ҳама соҳаҳо баробарҳуқуқ эълон шуданд, роиҷ шуд. Дар тӯли 70 соли Шӯравӣ занҳои тоҷик низ баробари мардҳо ба пушти чамбари мошинҳои пахтачин, трактору булдозер, идораи дастгоҳи корхонаҳои бузург нишастанд ва бисёри онҳо бо ордену медалҳо мушарраф шуданд. Бо суқути Шӯравӣ, аз кор мондани бисёр корхонаҳо ва сатҳи баланди бекорӣ бисёр занҳо дубора ба ошхонаҳо баргаштанд ё бозорнишин шуданд.

XS
SM
MD
LG