Як ҳавопаймоии шахсии Туркия рӯзи якшанбеи 11-уми март дар фазои вилояти Чаҳормаҳол ва Бахтиёрии Эрон суқут кардааст ва ҳама 11 сарнишини он ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳавопаймо ягона духтари як миллиардери турк ва дӯстонаш буданд. Бар асоси гузоришҳо, ин ҳавопаймо дар як минтақаи кӯҳистонӣ суқут кардааст. Гуфта мешавад, ки ҳавои минтақа ҳангоми суқути ин ҳавопаймо номусоид ва боронӣ будааст.
Бар асоси гузориши сайти "Flight radar", ки парвозҳоро пайгирӣ мекунад, ин ҳавопаймо соати 4:41 дақиқаи баъд аз зӯҳр ба вақти маҳаллӣ парвоз кард ва ҳудуди соати 6:01 дақиқа халале дар ҳавопаймо ба вуҷуд омад ва ба суръат ба поин ҳаракат кард ва дар муддати чанд дақиқа ба замин бархӯрд.
Ин ҳавопаймои навъи TC-TRB 604 буд, ки аз Шарҷа дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба Истанбул парвоз мекард ва ба гуфтаи мақомоти Эрон, бинобар оташ гирифтани муҳаррикаш суқут кардааст. Ин мақоми эронӣ гуфтааст, халабони ин ҳавопаймо қабл аз вуқӯи ҳодиса эълон карда буд, ки муҳаррик ба нақзи фаннӣ рӯбарӯ шудааст. Ин ҳавопаймо ҳашт мусофир ва се ҳайати парвоз доштааст.
Расонаҳои Туркия ному насаби мусофирони ин ҳавопаймои ёдшударо эълон кардаанд. Бар асоси гузоришҳо, Минои 28-сола, ягона духтари Ҳусейн Бошорон, соҳиби ҳолдинги "Бошорон"-и Туркия ҳамроҳи ҳафт нафар аз дӯстони духтараш, як меҳмондори зан ва ду халабони зан, барои истироҳат ба Дубай ва Шарҷа рафта буданд ва дар баргашт ба Истанбул ба ин ҳодиса дучор шуданд.
Мақомоти Эрон гуфтааанд, ки нерӯҳои маҳаллӣ ба ҷои ҳодиса расида ва пораҳои ҳавопайморо пайдо карданд ва ҳама ҷасадҳо сӯхта ва тика-тика ёфтанд. Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, ҷасади 11 нафар мушаххас нест ва барои ташхиси ҳувият барои озмоиш ниёз дорад. Дар яке аз охирин видеоҳои ӯ дар "Инстаграм", Мино Бошорон ва дӯстонаш дар консерти як овозхони машҳури бритониёӣ дар Дубай ширкат карда буданд.
Вазорати умури хориҷии Эрон бо судури баёнияе аз ин ҳодиса ибрози таассуф кардааст. Ин дувумин ҳодисаи ҳавоӣ дар ҷануби Эрон дар се ҳафтаи ахир аст. Ду ҳафта қабл ҳавопаймои мусофирбари ширкати "Осмон", ки аз Теҳрон ба Ёсуҷ парвоз мекард, ба кӯҳ бархӯрд ва ҳама 66 сарнишин он ба ҳалокат расиданд. Амалиёти интиқол ва ҷустуҷӯи сарнишинони ин ҳавопаймо ҳанӯз ба поён нарасидааст.