Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути як ҳавопаймо бо 188 мусофир дар обҳои Индонезия. ВИДЕО


Як ҳавопаймои мусофирбари ширкати Lion Air дар обҳои атрофи ҷазираи Ҷава ва Суматра дар Индонезия, суқут кардааст. Ба гуфтаи мақомҳои Созмони ҳавонавардии мулкии Индонезия, ин ҳавопаймо ҳомили ҳадди ақал 188 сарнишин буд ва аз Ҷакарта ба сӯи шаҳрчаи Пангкал Пинанг парвоз мекард.

Суқути ҳавопаймои Индонезия бо 180 нафар
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:20 0:00

Рӯзномаи "Jakarta Post" аз қавли сухангӯи вазорати нақлиёти Индонезия навишт, ки ҳавопаймои суқуткарда ҳомили 181 мусофир, ду кӯдак ва як бачаи хурдсол буд. Ҳавопаймо таҳти ҳидояти ду халабон ва шаш ҳайати парвоз қарор дошт. Бархе аз гузоришҳо шумораи сарнишинони ҳавопайморо 188 нафар гуфтаанд.

Lion Air яке аз ширкатҳои арзонқимати ҳавоӣ дар Индонезия аст.

Як масъули Идораи нақлияти ҳавоии Индонезия субҳи душанбеи 29-уми октябр дар баёнияе гуфтааст, ки созмони зери раҳбарии ӯ дар ҳамкорӣ бо Оҷонсии ҳолатҳои фавқулодда, ширкати Lion Air, раҳбарияи нерӯҳои баҳрӣ ва маркази ҳавонавардии Индонезия, ба амалиёти

ҷустуҷӯӣ оғоз кардааст.

Тамосҳои парвози шумораи 610-и ҳавопаймои Lion Air танҳо 13 дақиқа пас аз баланд шудан аз фурудгоҳ бо бурҷи муроқибат, қатъ шудааст. Ин ҳавопаймо аз навъи Боинг-737 будааст. Юсуф Латиф, сухангӯи Оҷонсии ҳолатҳои фавқулоддаи Индонезия гуфтааст, ки "суқути ҳавопаймо таъйид шудааст."

Рӯзномаи "Jakarta Globe" -- рӯзномаи дигари чопи пойтахти Индонезия гузориш додааст, ки Оҷонсии ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар пас аз қатъи тамос бо ин ҳавопаймо, дар соати 6:20 як чархболро барои ҷустуҷӯ ба минтақа фиристодааст.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як мақоми ширкати миллии нафти Индонезия мегӯяд, пораҳое, ки эҳтимол дорад аз ҳавопаймо бошанд, аз ҷумла, курсӣ ё ҷойнишасти мусофирон, дар обҳои наздики полоишгоҳи ин ширкат пайдо шудаанд.

Рӯзномаи "Jakarta Post" низ ба нақл аз як афсари нерӯҳои дарёӣ дар яке аз бандарҳо воқеъ дар шимоли Ҷакарта мегӯяд, як киштӣ ба онҳо иттилоъ додааст, ки пораҳоеро дидаанд, ки эҳтимол меравад мутааллиқ ба ҳавопаймо бошад.

Lion Air яке аз ширкатҳои арзонқимати ҳавоӣ дар Индонезия аст. Дафтари аслии ин ширкат дар Ҷакарта қарор дорад. Lion Air калонтарин ширкати ҳавоии хусусии Индонезия ва пас аз ЭйрОсиё, калонтарин ширкати ҳавоии арзонқимат дар Ҷануб-Шарқи Осиё мебошад.

Охирин боре, ки ҳавопаймои ин ширкат дучори садама шуд, моҳи апрели соли ҷорӣ буд -- як Боинги 737-он ҳангоми фуруд дар ҳавои бад дар фурудгоҳе дар Индонезия ба садама рӯбарӯ шуд. Аммо ба ҳеҷ яке аз мусофирон осебе нарасид.

Дар маҷмӯъ, талафоти инсонӣ дар ҳодисаҳое, ки барои ин ширкати ҳавонавардӣ аз соли 2002 то ба ҳол рух додааст, чандон зиёд нест. 25 нафар дар соли 2004 дар ҳодисае ҷони худро аз даст доданд ва шуморе дар ҳодисаҳои дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG