Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як генерал ва 27 афсари дигари рус дар Сурия


Тибқи гузоришҳо, як ҳавопаймои борбари низомии Русия бо 39 сарнишин ҳангоми фуруд омадан дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар Сурия суқут кардааст. Мақомҳои низомии Русия гуфтаанд, ки ин ҳодиса бинобар "мушкили фаннӣ" рух додааст.

Ин ҳавопаймо рӯзи сешанбеи 6-уми март ва ба гуфтаи мақомҳои русӣ дар 500-метрии хатти парвози фурудгоҳи Ҳумаймим дар ҷануби шарқи вилояти Лозиқия суқут кардааст. Мақомҳои русӣ гуфтаанд, шаш узви ҳайати парвоз ва 33 сарнишини ин ҳавопаймои борбар кушта шудаанд.

Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки ҳама қурбониёни ҳодисаи суқути ҳавопаймои борбари Ан-26 низомиён мебошанд ва дар байни онҳо афроди мулкӣ нестанд. Хабаргузории "Интерфакс" бо такя ба изҳороти вазорати дифои Русия гуфтааст, ки дар миёни кушташудаҳо 27 афсар, аз ҷумла як генерал-майор низ ҳаст. Матбуоти Русия аз генерали ҳалокшуда Владимир Еревеев ном бурдааст.

Русия қаблан гуфта буд, ҳузури низомии худро дар Сурия ба тадриҷ коҳиш медиҳад. Русия яке аз ҷиддитарин пуштибонҳои режими Башор Асад ба шумор меравад. Дар ҷанги ҳафтсолаи Сурия то ба ҳол беш аз 340 ҳазор нафар кушта ва миллионҳо нафар овора ва захмӣ шудаанд.

Пойгоҳи Ҳумаймим дар Сурия бар асоси тавофуқи низомии Маскав ва Димишқ дар ихтиёри нерӯҳои низомии Русия аст. Тибқи ин тавофуқ, Русия барои ҳузури доимӣ дар Сурия, пойгоҳи низомӣ ва баҳрӣ хоҳад дошт. Қарордоди низомии Димишқ ва Маскав ба Русия ин имконро медиҳад, ки 11 киштии ҷангиро дар Тартус мустақар кунад. Муддати замони ин қарордод 49 сол аст ва метавонад тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG