Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути “Боинг” дар Куба беш аз 100 нафарро кушт


Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои “Боинг 737” дар наздикии Ҳавана, пойтахти Куба, беш аз сад нафар ҷон бохтаанд. Ба гузориши “Ройтерс”, раиси ҷумҳури Куба гуфтааст, дар ин ҳодиса танҳо се сарнишин наҷот ёфтаанд, ки вазъи саломати онҳо низ вахим аст.

Ин ҳавопаймо каме баъд аз бархостан ба ҳаво дар 20-километрии ҷануби пойтахти Куба суқут кардааст. Ин ҳавопаймо ҳомили 105 мусофир, аз ҷумла 5 кӯдак будааст.

Раиси ҷумҳури Куба гуфтааст, бо хомӯш кардани оташ нирӯҳои имдодрасон дар ҳоли шиносоии ҷасади мусофирони ҳавопаймо ҳастанд. Вай, ҳамчунин, изофа кардааст, ки таҳқиқот дар хусуси иллати суқути “Боинг 737” оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG