Баҳои пасти Freedom House ба матбуоти Тоҷикистон

Як растаи рӯзномафурӯшии Душанбе

Назарҳо дар Душанбе ба мавқеъи пойини Тоҷикистон дар Шохиси озодии матбуот -2009, ки Freedom House нашр кард, мухталиф аст.
Созмони ҳомиии озодии матбуот мавсум ба «Freedom House» ё Хонаи Озодӣ дар гузориши солонааш вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро дар як саф бо Озарбойҷон, Қазоқистон ва Судон дар дар байни 195 кишвар дар ҷои 168-ум қарор дода, дар радифи кишварҳои аз нигоҳи озодии матбуот ғайриозод овардааст. Тоҷикистон соли гузашта низ дар ҷадвали Шохиси озодии матбуот дар ҳамин мақоми 168-ум қарор дошт.

Аммо Бахтиёр Ҳамдамов, сардабири «Минбари халқ», нашрияи ҳизби ҳокими халқи демократӣ, баҳои созмони «Freedom House» ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро ғайримунсифона арзёбӣ мекунад. Оқои Ҳамдамов мегӯяд, иддаои ин созмон дар мавриди эҷоди мавонеъ дар роҳи озодии баён аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон асос надорад ва баръакс ҳукумат ҳамеша талош кардааст, озодии баёнро таъмин кунад.

Вале Нуриддин Каршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон гузориши созмони «Freedom House» дар бораи вазъи озодии баён дар Тоҷикистонро воқеъӣа хонда гуфт, ки дар як соли ахир мавориди зиёди нақзи ҳуқуқи хабарнигорони мустақили ин кишвар сабт шудааст. Ба қавли вай, авомиле чун мавориди нақзи ҳуқуқи журналистон барои дастрасӣ ба иттилоъ дурустии баҳои созмони «Freedom House»-ро ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон бозгӯ мекунад.

Хуршеди Атовулло, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Фараж» мегӯяд, ки ба натиҷаи гузориши «Freedom House» барои мавқеъ гирифтани Тоҷикистон дар як саф бо Қазоқистон розӣ нест. Зеро ба эътиқоди ӯ, вазъи озодии баён дар Тоҷикистон аз Қазоқистон хеле бадтар аст. Ба эътиқоди оқои Атовулло, мавҷудияти моддаҳои тӯҳмат ва таҳқир дар Қонуни кайфарии Тоҷикистон, ки махсус барои маҳдудияти фаъолияти рӯзноманигорӣ нигаронида шудаанд, озодии баёнро дар Тоҷикистон дар қиёс бо Қазоқистон дар сатҳи поинтар қарор медиҳад.