Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии баён дар Тоҷикистон ва минтақа


Mаҷаллаи таҳлиливу сиёсии «Чашмандоз» ин навбат вазъи озодии баён ва бархурди ҳукумат бо васоити ахбори омма дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаро мавриди арзёбӣ қарор додааст.

Ду омил сабаб шуд, ки рӯ ба ин мавзӯъ оварда шавад. Яке, гузориши солонаи Вазорати умури хориҷии Амрико дар мавриди мурооти ҳуқуқи инсон дар кишварҳои олам, ки як бахши умдаи он ба мавзӯи мавриди назари мо ихтисос дорад ва дигар ин ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо омодагӣ барои таҷлил аз иди касбии матбуоти тоҷик - Рӯзи 11 март идома дорад.

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Ахиран, Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо интишори гузориши солонаи худ дар бораи вазъи риояти ҳуқуқи башар дар саросари олам навиштааст, дар соли гузаштаи 2008 дар Тоҷикистон дар фаъолияти расонаҳо, озодии баён ва матбуот кадом таҳаввули мусбат сурат нагирифтааст. Дар гузориш зикр шудааст, ки соли 2008 умеди хабарнигорони тоҷик барои беҳбудӣ бароварда нашудааст, зеро ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Амрико, ҳукумати Тоҷикистон соли 2008 низ ҳуқуқ барои озодии баён ва матбуотро маҳдуд кардааст. Нукоти асосии ин гузоришро дар барнома бишнавед.

--------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Дар муқоиса бо солҳои пеш шароити озодии баён ва фаъолияти матбуоти мустақил дар кишварҳои мушатаракулманофеъ ва аз ҷумла Русия хеле маҳдудтар шудааст. Давлат бо таҳти контрол ва назорати худ даровардани бештари матбуоти дар собиқ мустақил тавонистааст доираи фаъолияти чунин расонаҳоро танг кунад. Мухолифини давлат ва гурӯҳҳои озодандеш аз истифодаи минбари матбуот ва расонаҳо бархурдор нестанд. Аз тарафи дигар, то ҳанӯз омилини куштори бархе аз рӯзноманигорони саршинос дар Русия боздошт ва муҷозот нашудаанд. Гузорише дар мавзӯъи маҳдудияти озодии баён ва фаъолияти бетаъсири расонаҳои мустақил ва гурӯҳӣ дар Русия низ дар барнома мунтазири шумост.

---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Қазоқистон ба унвони нахустин кишвари Шӯравии собиқ аз соли оянда роҳбарии даврии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро бар ӯҳда мегирад. Яке аз авлавиятҳо дар фаъолияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ риоят ва эҳтироми ҳуқуқи башар ва аз ҷумла таъмини озодии баён, матбуот ва гуногунандешӣ аст, ки ба таъйиди аксари коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ, дар Қазоқистон камтар ба мушоҳида мерасад. Мунтақидони давлати Қазоқистон мегӯянд, ҳукумат дар ин кишвар сол то сол доираи фаъолияти расонаҳои мустақил ва гурӯҳиро маҳдуд мекунад ва нерӯҳои сиёсии кишвар аз адами дастрасӣ ба васоити ахбори умум изҳори нигаронӣ мекунанд. Бо нигарониҳои намояндагони васоити ахбори умум аз коҳиши озодии баён дар Қазоқистонро дар барнома шинос бишавед.

-------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Имрӯзҳо рӯзноманигорони тоҷик барои таҷлил аз иди касбии худ «Рӯзи 11 март» омодагӣ мегиранд. Ин сана ба ифтихори нашри «Бухорои шариф» нахустин рӯзномаи хусусии тоҷикӣ, ки 97 сол қабл дар Аморати Бухоро нашр шуда буд, ҳамчун иди касбии аҳли матбуот дар Тоҷикистон таҷлил мешавад. Зимнан, ин омодагиҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки коршиносон аз оғози як раванди тозаи бархӯрди ҳукумат бо матбуот сӯҳбат мекунанд. Ин чӣ раванд аст? Рамзи аудио дар кунҷи рости болоии ин сафҳаро пахш бикнуед ва бо ин ва дигар гузоришҳои ин нашри «Чашмандоз» ошно бишавед.
XS
SM
MD
LG