Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Freedom House: Русия - нерӯи зидди демократия


Созмони амрикоии Freedom House дар гузориши ахири худ навишааст, ки Русия ба як нерӯи аслии зиддидемократӣ дар минтақа табдил шудааст.

Ба навиштаи Freedom House, ё Хонаи Озодӣ, сабаби аслии ин - пур шудани хазинаи Русия аз ҳисоби болоравии қимати нафту газ дар бозори ҷаҳонист.

Дар ин гузориш ҳомиёни ҳуқуқи башар Кремлро дар пазируфтани “капитализми худкома” ба хотири таъмини қудрати мақомоти феълии Русия муттаҳам кардаанд. Муаллифон навиштаанд, ки ҳукумат, раҳбарони корхонаҳои бузург ва хадамоти амнияти Русия, ба истилоҳ, “секунҷаи оҳанин”-ро ташкил кардаанд, ки раванди интихобот, аҳзоби мухолиф ва расонаҳои хабариро таҳти назорат қарор додааст. Тибқи гузориш, “натоиҷи соли гузашта собит мекунад, ки “секунҷаи оҳанин” раванди интихоботро фалаҷ сохта, назорат аз болои мухолифини сиёсӣ ва расонаҳои хабариро пурзӯртар кардааст”.

Дар гузориши Хонаи Озодӣ, ки қарор аст матни комилаш рӯзи сешанбе нашр шавад, ҳамчунин Қазоқистон ва Озарбойҷон – ду кишвари аз захоири табиӣ бойи собиқ шӯравӣ дар кундии раванди демократия ва маҳдудсозии фаъолияти аҳзоби сиёсиву расонаҳои хабарии мустақил айбдор шудаанд.

Кристофер Уокер, раҳбари бахши пажуҳишии созмони Хонаи Озодӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, мақомоти ин кишварҳо додгоҳҳоро низ таҳти назорати худ қарор додаанд, то ки аз қабули тасмимҳои мустақилонаи онҳо ҷилавгирӣ шавад.

Дар гузориши Хонаи Озодӣ омадааст, ки афзоиши худкомагӣ дар сиёсати берунаи Русия низ мушоҳида мешавад ва Маскав “дар баробари ҳамсояҳои худ аз мавқеъи шадид ва ҷангҷӯёна кор мегирад”. Ба ҳайси намуна муаллифони гузориш муносибати Русия бо ду кишвари ҳамсоя Гурҷистон ва Эстонияро далел овардаанд, ки Кремл ба аввалӣ дар доир кардани ислоҳоти демократӣ монеъа эҷод мекунад ва дувумиро ҳадафи фишори пайваста қарор додааст.

Созмони Хонаи Озодӣ ҳамасола дар бораи вазъи демократия, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар кишварҳои гуногуни олам чандин гузориши таҳлилӣ таҳия мекунад. Дар онҳо Русия барои рӯ тофтан аз роҳи демократия ва поймолсозии ҳуқуқи башару озодиҳои мардум пайваста мавриди интиқод қарор мегирад. Аз ҷониби худ, мақомоти расмии Русия арзёбиҳои ҳомиёни ҳуқуқи башарро ҳамеша “муғризона” ва “дур аз воқеияти рӯз” мехонанд.

Баъд аз як гузориши Хонаи Озодӣ, ки дар он Русия аз рӯи арҷгузорӣ ба озодиҳои шаҳрвандӣ дар сафи Кореяи Шимолӣ ва Либия номбар шуда буд, Маскав дар бораи таъсиси созмоне тасмим гирифт, ки бояд рӯи вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои Ғарб тамаркуз кунад.

Пажӯҳишгоҳи тозатаъсиси демократия ва ҳамкорӣ, ки ба он Анатолий Кучерена раҳбарӣ мекунад, бояд ба инъикоси, аз нигоҳи Кремл, “хурдагирона” ва “муғризона”-и Ғарб ба воқеияти имрӯзи Русия мухолифат намояд.

XS
SM
MD
LG