Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои озод ва ноозоди соли 2007


Созмони ғайридавлатии Freedom House ва ё Хонаи Озодӣ, ки қароргоҳаш дар ИМА мебошад, бо ҳадафи кумак ба сиёсатшиносон, ҳомиёни ҳуқуқи башар ва демократия гузоришеро зери унвони Озодӣ дар ҷаҳон дар соли 2008-ум ба нашр расондааст. Дар ин санад вазъи озодӣ дар 193 кишвари олам ва 15 минтақаи вижа дар соли 2007-ум таҳқиқ шудааст.

Ба ақидаи созмони Freedom House ва ё Хонаи Озодӣ, Мянмар, Куба, Либия, Кореяи Шимолӣ, Сомалӣ, Судон, Туркманистон ва Узбакистон кишварҳое мебошанд, ки дар он беш аз ҳар кишвари дигар олам поймолкунии озодиҳо ҷой доранд. Дар ин рӯйхат ду минтақа: Чеченистон ва Тибет низ шомил мебошанд, зеро аҳолии ин минтақаҳо бо таъқиби муназзам мувоҷеҳ ҳастанд.

Дар рӯйхати бадтаринҳо аз нуқтаи назари эҳтироми озодиҳо Беларус, Чад, Чин, Гвинеяи Экваторӣ, Эритрея, Лаос, Арабистони Саудӣ ва Зимбабве ҷойгир шудаанд ва Хонаи Озодӣ умед дорад, ки Шӯрои ҳукуқи башари СММ вазъи озодиҳову ҳуқуқи башар дар ин кишварҳоро таҳқиқ ва маҳкум хоҳад кард.

Хонаи Озодӣ бо ишора ба ҳуқуқи сиёсӣ, ва озодиҳои маданӣ рӯйхатеро тартиб дода, дар он мизони назорати ҳукумат болои ҳаёти рӯзмарраи шаҳрвандон, ҳузури созмонҳои ғайридавлатӣ, мухолифини сиёсӣ, таъқиби афкори дигарандешонро арзёбӣ намуда, кишварҳоро ба се гурӯҳ Озод, қисман озод ва ноозод ё худ маҳрум аз озодӣ гурӯҳ бандӣ кардааст.

Ба қавли Хонаи Озодӣ, дар ибтидои соли 2008-ум 90 кишвари олам озод буданд. Яъне 3 миллиард аҳолии олам дар кишварҳои озод таҳти ҳокимияти қонун ба сар бурда, озодиҳову ҳуқуқи онҳо ҳимоят мешуд. Бар пояи гурӯҳбандии Хонаи Озодӣ, 60 кишвари дигар қисман озод буда, боқимонда 43 мамлакат озод нестанд.

Аз ҷамоҳири узви Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ кадом яке аз озодии комил баҳраманд набудааст.

Хонаи Озодӣ Қирғизистон, Арманистон ва Гурҷистонро ба гурӯҳи мамолики қисман озод шомил намуда, кишварҳои боқимондаи Иттиҳод Русия, Беларус, Озарбойҷон, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистонро кишварҳои маҳрум аз озодӣ унвон додааст.

Хонаи Озодӣ менависад, ки солҳои ахир эҳтироми ҳуқуқи башар, озодиҳо ва демократия рушди бузургеро аз сар мегузаронанд, вале боз ҳам ҳаракати муқобили он эҳсос мешавад. Дар баъзе кишварҳо даҳони матбуоти озодро мебанданд, гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматро аз саҳнаи сиёсӣ дур мекунанд ва имкон намедиҳанд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ ба захираҳои барояшон зарурӣ даст ёбанд.

Хонаи Озодӣ бар ин бовар аст, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар баррасии вазъи кишварҳо хулосаҳои гузориши Хонаи озодиро дар ёд хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG