Холидаи Қодир
“Имрӯз” аз он шабакаҳои хусусии телевизионии Афғонистон аст, ки тавассути пахши барномаҳои фароғатӣ ва мусиқӣ миёни ҷавонон маҳбубият пайдо кардааст. Ва аммо акнун маҳз пахши ин барномаҳо шояд боиси бозхондани муҷаввизи ин шабакаи телевизионӣ шавад.
Мақомоти вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон телевизиони “Имрӯз”-ро дар поймолсозии арзишҳои Ислом ва анъанаҳои мардуми афғон айбдор мекунанд. Мунаққидони телевизиони “Имрӯз” аз пахши наворҳо бо ҳунармандони, ба гуфтаи онҳо, нимаурён, ба вижа, овозхону раққосаҳои Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Рӯзи сешанбе муҳаррирони телевизиони “Имрӯз” барои мундариҷаи барномаҳояшон мавриди бозпурсии додситонҳо дар Кобул қарор гирифтанд. Фаҳим Кӯҳдоманӣ, раиси барномаҳои “Имрӯз”, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қабл аз ирсоли парвандаи онҳо ба Додситонӣ кормандони телевизион чандин бор аз сӯи масъулини вазорати иттилоот ва фарҳанг бозпурсӣ шуда буданд.
Муҳаррирони телевизиони “Имрӯз” мегӯянд, ки онҳо ягон қонуни кишварро поймол накардаанд. Фаҳим Кӯҳдоманӣ, дар навбати худ, вазорати иттилоот ва фарҳангро дар фишор болои телевизионҳои хусусӣ, поймолсозии озодии баён ва ба худсонсурӣ маҷбур кардани хабарнигорони мустақил муттаҳам мекунад.
Ва аммо масъулини вазорат мутмаинанд, ки озодии матбуот бояд ҳадду ҳудуд дошта бошад. Вазорати иттилоот ба хотири аз ин “ҳадду ҳудуд” берун пой намондани расонаҳо ва садову симои кишвар комиссиюни вижаеро таъсис кардааст.
Абдул Шукур Додрас, як узви ин комиссиюн, мутмаин аст, ки телевизиони “Имрӯз” арзишҳои мазҳабӣ ва миллиро поймол кардааст. Ба гуфтаи ӯ, таваҷҷуҳ ба муҳтавои барномаҳои телевизиони “Имрӯз” баъд аз он ҷалб шуд, ки гурӯҳи бинандагон аз минтақаи ҳафтуми шаҳри Кобул бо ирсоли як нома унвонии вазорат аз пахши наворҳои, аз нигоҳи онҳо, “бадахлоқона” ва “ғайриисломи”-и ин телевизион шикоят карданд.
Бори аввал нест, ки телевизионҳои хусусии Афғонистон мавриди интиқод ва таҳти заррабини комиссиюни вижаи вазорати иттилоот қарор мегиранд. Соли гузашта чанд шабакаи телевизионӣ, аз ҷумла, “Тулӯъ”, “Ориёно” ва “Шамшод” аз сӯи вазорат, Шӯрои улумо ва бархе аз вакилони парлумон барои пазши як сериёли ҳиндӣ ҳадафи танқид қарор гирифтанд. Аз ин телевизионҳо тақозо шуд, ки пахши сериёлро қатъ кунанд.
Масъулини телевизиони “Тулӯъ” барои пахши як навор, ки дар он занону мардони афғон ҳамроҳ рақс мекарданд, маҷбур шуданд аз бинандагон маъзарат бихоҳанд. Зимнан, муҳаррирони телевизиони “Имрӯз” иқрор мекунанд, ки на ҳама бинандагон барномаҳои онҳоро меписанданд ва бархе ин наворҳоро барои фарҳанги мардуми афғон бегона мехонанд.
Зубайр Шафиқӣ, коршиноси масоили матбуот мегӯяд, ки телевизионҳои хусусии Афғонистон дар пахши барномаҳо бояд аз эҳтиёт кор бигиранд, то хашму ғазаби мардумро барнаангезанд.
Бояд гуфт, ки наворҳои мусиқӣ ва филму сериёлҳо миёни теъдоди бузурги сокинони Кобул ва ҷавонону наврасони кишвар маҳбубият доранд.Тибқи хабарҳо, соли гузашта озмуни миллии мусиқии “Ситораи афғон”-ро аз тариқи телевизиони “Тулӯъ” беш аз 10 миллион нафар тамошо карданд. Ба гуфтаи масъулини телевизион, онҳо аз бинандагон беш аз 300 ҳазор паём гирифтанд, ки дар онҳо ба ширкаткунандагони бахши ниҳоии озмун раъй медоданд.
Бо вуҷуди мурофиаи қарибулвуқӯъи додгоҳӣ ва таҳдиди бозхондани муҷаввиз ва ҳатто маҳрумият аз озодӣ, муҳаррирони телевизиони “Имрӯз” аз пахши барномаҳо даст бардоштанӣ нестанд ва ба зудӣ озмуни миллии тарроҳони либос бо ширкат беш аз ду ҳазор занону мардонро доир карданианд. Ин гуна озмун дар Афғонистон барои нахустин бор доир мешавад ва унвонии созмондиҳандагонаш аллакай таҳдидҳо садо медиҳанд.