Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадтарин режимҳои саркӯбкунанда


Созмони Freedom House ё "Хонаи озодӣ" 17 кишвар, аз ҷумла Узбакистону Туркманистонро бадтарини бадтарин режимҳои таъқибгар номид.

Дар гузориши нави номи 17 кишвар, аз ҷумла Узбакистону Туркманистон, Судону Сомалӣ, Беларусу Чин, Арабистони Саудӣ ва мамолики дигар, оварда шудаанд.

Намояндаи Freedom House мегӯяд, ин номгӯй бар пояи баррасии вазъи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишварҳои ҷаҳон тартиб ёфтааст. Ҷенифер Винздор, мудири иҷроии созмони Freedom House гуфтааст, ҳарчанд демократbя ахиран ба пешрафтҳои муҳиме расид, ҳамчунин ҳолате низ иттифоқ афтодааст, ки бархе аз дастовардҳои мардумсолорӣ баҳам зада шуданд ва монеаҳое дар роҳи рушди он зуҳур кардаанд.

Аз 42 кишваре, ки Freedom House онҳоро ноозод мешуморад, дар як гузориши ҷудогона 17-то онҳоро бадтарини бадтаринҳо номидааст. Инҳо -- мамлакат ва қаламравҳое мебошанд, ки вазъи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар онҳо баҳoи пасттарин гирифтааст. Яъне рӯихати нав аз ҳамон раддабандии солонаи Freedom House, дақиқтараш аз бахши поёнтарини он маншаъ мегирад.

Узбакистон ва Туркманистон, ду кишвари Осиёи Марказӣ, дар ҳоле ба ин рӯйихат меафтанд, ки бархе аз нозирони вазъ чанде пеш гуфтанд, дар Узбакистон як пешрафти нисбӣ ба миён омадааст ва ҳам гуфта мешуд, раҳбари нави Туркманистон роҳи пешинаи ҳукумати президенти собиқ Сафармурод Ниёзовро идома нахоҳад дод.

Аммо раиси намояндагии Freedom House дар Аврупо Владимир Школников мегӯяд, ҳарду нуқтаи назар асосе надоранд. Вай мегӯяд: "Дар ҳоли ҳозир, мо наметавонем, ба арзёбиҳое розӣ шавем, ки гӯё дар Узбакистон беҳбуди ҷиддии вазъи ҳуқуқи инсон дида мешавад. Мумкин баъзе чизҳои хеле хурди зарраӣ ба вуқӯъ мепайвандад, аммо онҳо нақше надоранд. Мутаассифона, умедҳои он ки президенти нави Туркманистон Бердимуҳаммадов вазъи тағйир медиҳад, низ ҷомаи амал напӯшиданд. То ҳол фақат бархе аз корҳои зоҳирӣ ба назар мерасад. Аммо ягон кори воқеӣ, ки ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии сухан мусоидат кунад, то ҳол, афсӯс, мо мушоҳида накардаем."

Школников сӯҳбатҳоро дар бораи пешрафти эҳтимолии Узбакистон ва Туркманистон дар риштаи ҳуқуқи инсон, ба давлатҳое нисбат медиҳад, ки бо назардошти манофеъи сиёсии худ, ин гуна изҳорот додаанд. Вай меафзояд, ҳанӯз созмонҳои байнулмилалии ҳуқуқи башар чунин баҳоеро дар ин бора нашр накардаанд. Ҳамзамон Школников аз идомаи муколамаи созанда бо режимҳои Тошканду Ишқобод ҳимоят мекунад.

Аз як фаъоли ҳуқуқи инсони Узбакистон, Умеда Ниёзова, ки ҳоло дар Олмон ба сар мебарад, мепурсам, оё дар як соли гузашта ва ё аз замони хуруҷи ӯ аз мамлакат тағйире дар вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба вуҷуд омадааст? Бонуи Умеда мегӯяд, "аз ним сол зиёд шуд, ки Узбакистонро тарк кардааст ва ба маълумоти ӯ, вазъи ҳуқуқи инсон дар он ҷо ҳамоно бад боқӣ мемонад. Вай мегӯяд, ҳодисаҳои охир нишон медиҳад, ки вазъ рӯ ба бадшавӣ дорад. Ахиран 5 журналистро бо иттиҳоми сохтаи узвият дар созмони динии "Нур" ба мӯҳлатҳои аз 8 то 12 сол зиндонӣ карданд, 3 журналисти дигар интизори муҳокима ҳастанд ва ҳафтаи гузашта ҳомии ҳуқуқи инсон Элмурод Саид боздошт шуда, ҳамаи ин нишон медиҳад, ки муносибати ҳукумат ба онҳое, ки аз мушкилоти кишвар сухан мегӯянд, тағйир накарда, ба таври пойдор бад боқӣ мемонад."

Ниёзова афзуд, гузориши созмони Фридом Ҳаус боз аз он лиҳоз қобили эътимод аст, ки иттилоъ барои он аз манобеъи зиёд ва мухталиф гирдоварӣ мешавад. Ин гузоришҳоро Умеда яке аз асноди муҳими таъсир ба авзоъ дар кишварҳои ноозод номид. Вале таҳлилгари тоҷик Абдуғаффори Камол аз Душанбе мегӯяд, созмон ва давлатҳои Ғарб ба ғайр аз пахши чунин гузоришҳо дар рушди мардумсолорӣ дар мамолики Осиёи Марказӣ кори амалие намекунанд.

Бо вуҷуди ин, Абдуғаффори Камол натиҷагирии созхмонҳои ҷаҳониро дар бораи кишварҳои ҳамсоя воқеъбинона мешуморад ва мегӯяд, вазъи масъала дар Тоҷикистон як андоза беҳтар аст: "Дар Тоҷикистон озодии аҳзоб ҳаст, озодии матбуот аст, ҳадди ақал дар соли гузашта Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз ба Тоҷикистон ба ҳар ҳол як ҷои шоистае дод. Албатта, ман намегӯям, ки вазъият идеалист, лекин ба ҳар ҳол мо қадамҳои бузурге ба сӯи ҳамон озодию баробарҳуқуқӣ дар Тоҷикистон гузошта истодаем, ки ин чизро дар Туркманистон ё Узбакистон намебинем, дар ҳоле ки қонунҳо дар ҳами ин кишварҳо қариб ки ҳамсонанд."

Умеда Ниёзова низ иқрор мекунад, ки вазъ дар Тоҷикистон беҳтар аст, аммо мегӯяд, Узбакистон ва Туркманистон бо саркӯбкунандагии режимҳояшон, набуди озодии баён ва матбуот, мавҷудияти шиканҷа ва додгоҳҳои бедалелу беадолат кишварҳои дигари Осиёи Марказиро дар соя қарор додаанд. Ниёзова меафзояд, вай ба ин бовар нест, ки дар Тоҷикистон ислоҳоти демократӣ бо муваффақият ба самар расидааст.

Аммо дар мавриди суд ё таъсири гузориши нави Freedom House, Владимир Школников, раиси намояндагии созмони "Хонаи озодӣ" дар Аврупо, гуфт, ин ҳуҷҷат ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод хоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG