Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои ИМА ба вазъи озодии баён дар Тоҷикистон


Вазорати умури хориҷии ИМА навиштааст, дар 2008 дар Тоҷикистон дар фаъолияти расонаҳо, озодии баён ва матбуот таҳаввулоти мусбӣ сурат нагирифтааст.

Дар гузориши солонаи Амрико дар бораи вазъи риояти ҳуқуқи башар дар саросари олам зикр шудааст, ки соли 2008 умеди хабарнигорони тоҷик барои беҳбудӣ бароварда нашудааст, зеро ба гуфтаи ,азорати умури хориҷии Амрико, ҳукумати Тоҷикистон соли 2008 низ ҳуқуқ барои озодии баён ва матбуотро маҳдуд кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ҳарчанд қонунҳои Тоҷикистон кафолати озодии баёну матбуотро медиҳад, аммо ҳукумат ин ҳуқуқро маҳдуд кардааст. Ба гуфтаи муаллифони гузориш, мақомоти расмӣ афродеро, ки ба сиёсатҳои давлат розӣ нестанд, бо таҳдид метарсонад, то он афрод аз ибрози озодонаи андешаҳои интиқодӣ даст кашанд. Қонун дар Тоҷикистон барои тавҳину тӯҳмати раисиҷумҳур то панҷ соли зиндон ҷазо таъин кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Амрико бо зикри мавҷудияти садҳо нашрияҳои Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳанӯз ин кишвар рӯзномае надорад, ки ҳар рӯз дар чоп шавад. Ва ҳукумат ҳам назорати тамоми интишорот ва матбуоти чопиро дар соли 2008 идома додааст.

Ба ин иддаъоҳои вазорати умури хориҷаи Амрико Ирода Ҳусейнова, намояндаи Маркази журналистикаи экстремалӣ, қароргоҳаш дар шаҳри Маскав, мувофиқ аст. Вай мегӯяд, умеди хабарнигорони Тоҷикистон, ки мегуфтанд, дар соли 2008 имкони навиштани озодтару далерона ва танқид карданро хоҳанд дошт, амалӣ нашудааст ва баръакс ҳоло онҳо ба самти ақиб ҳаракат мекунанд.

Вазъи озодии матбуот дар Тоҷикистон бо гомҳои ниҳоят оҳиста ва ниҳоят кунд тағйир меёбад. Ва эҳсос мешавад, ки вазъ ба самти хуб тағйир намеёбад ва шаҳодати он фаъолияти созмонҳои матбуотии Тоҷикистон аст, ки бо вуҷуди саъй ва кӯшиши зиёд натавонистанд он банди қонунро, ки барои тавҳину бӯҳтон ҷазо таъин кардааст, аз қонун берун кунанд. Тамоми талошҳои онҳо натиҷаи дилхоҳ надод ва ҳукумат ҳам ҳеҷ нияте барои лағви ин банди қонунро надорад.

Умеди хабарнигорони барои дастрасии васеътар ба иттилоъоти расмӣ, ки мақомот моил ба нашри онҳо нестанд, бароварда нашудааст. Ва ҳатто қонун дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, ки порлумон моҳи июни соли 2008 тасвиб кард, мушкили хабарнигоронро ҳал накардааст. Баъди қабули қонун сохторҳои давлатӣ аз хабарнигорони ҷӯёи иттилоъ ва ё посухе хостаанд, то суолҳоро ба таври хаттӣ фиристанд ва ҳафтаҳо моҳ мунтазир бошанд, то ки ризоияти болотарин мақоми ниҳод, ҳатто раҳбари вазорат барои пахши он иттилоъ гирифта шавад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, ин шакли рафтор бо хабарнигорон имкони журналистон ба дарёфти саривақтии хабару иттилоъро маҳдуд мекунад. Аммо мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, озодии матбуот дар кишвар ривоҷ ёфтааст.

Маҳмад Забиров, вакили мардумӣ аз кумитаи ҳуқуқи инсони порлумони Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, фармони нави раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баёнгари рушди озодии баён дар кишвар аст: “Ба наздикӣ ҷаноби олӣ супориш доданд, ки ҳамагуна танқиде, ки аз ҷониби матбуот мешавад, бояд ба он вокуниш дода шавад. Ин гувоҳи он аст, ки беҳбудӣ ва дастгирӣ аз ҷониби давлат вуҷуд дорад, лекин дар ҷомеа масъулият бояд дутарафа бошад, ҳам матбуот ва ҳам мақомот бояд бо назардошти такмили қонунгузории Тоҷикистон дар назди қонун ҳарду ҷавоб гӯянд.”

Ҳарчанд Ирода Ҳусейнова, намояндаи Маркази журналистикаи экстремалӣ, ин қонунро иқдоми мусбате медонад, аммо мегӯяд, мақомот боз ҳам аз он ба манофеъи худ истифода карда ва баръакс барои матбуот дарди сари изофӣ эҷод мекунанд. Он гуна, ки дар се моҳ як нишасти хабарӣ баргузор намуда ва баъди ҳисоботи хушк се моҳи дигар пинҳон мешаванд.

Вазорати умури хориҷаи Амрико мегӯяд, агарчанде, ки матбуоти мустақили Тоҷикистон мисли солҳои гузашта фаъол буд, аммо ҳукумат бо роҳу усулҳои гуногун матбуотро метарсонд ва идора мекард. Бемории мусрӣ ва ё хроникии хабарнигорони тоҷик, яъне худсонсурӣ ҳамчунон боқӣ монд. Масалан, ба навиштаи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзноманигорон аз навиштани мақолаҳо нисбат ба раисиҷумҳур ва аъзои хонаводаи ӯ ва суолҳо доир ба истифодаи нодурусти манобеъи молӣ аз тарафи афроди ба ӯ наздик парҳез мекунанд.

Ирода Ҳусейнова мегӯяд, худсонсурии хабарнигорони тоҷик, ки мероси ҷанги шаҳрвандист, дар ин айёми осуда ҳам пойбарҷост ва ин бемории хабарнигорони тоҷик дар ҳоли авҷ гирифтан аст: «Мо медонем, ки вазъи имрӯзаи иқтисодиву моливу энергетикии Тоҷикистон бисёр мушкил аст, вале хабарнигорон наметавонанд таҳқиқоти мустақилона анҷом, чаро ки дар онҳо худсонсурӣ беҳад рушд кардааст. Новобаста аз он ки ягон хабарнигорро бо гуноҳи бӯҳтону тавҳин зиндонӣ накардаанд, аммо ин банди қонун хабарнигоронро метарсонад. Аз ин хотир хабарнигорон саъй намекунанд ва ё аз навиштани мақолаҳои ҷиддии танқиди давлат ва ё зидди ягон мақомоти олирутба метарсанд».

Дигар аз монеаи рушди матбуот ва озодии сухан дар Тоҷикистонро муқаррароту ва меъёрҳои зиёде номидаанд, ки намегузорад, хоҳишмандон барои таъсиси телевизион ва радиои мустақиле муҷаввиз бигиранд. Ҳарчанд масъалаи додани муҷаввиз вақти зиёд дар созмонҳои хабарнигорӣ баррасӣ шуд, аммо ҳеҷ тағйире дар муқаррарот ворид накарданд. Аз ин рӯ то кунун дар Тоҷикистон чанд радиои мустақили маҳаллӣ фаъолият мекунад, ки онро бахши ками аҳолӣ мешунаванд ва асосан радиову телевизионҳои давлатианд, ки қодир ба пахши барномаҳояшон дар саросари Тоҷикистон мебошанд. Барномаҳое, ки худи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз сифати мӯҳтавои онҳо борҳо танқид кардааст.
XS
SM
MD
LG