Масъулони Иттиҳоди нависандагон иддао доранд, ки асарҳои адибони муосири тоҷик аз нигоҳи сифату мазмун аз осори нависандаҳои кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Афғонистону Эрон, камӣ надоранд. Онҳо мегӯянд, дар чанд соли ахир нависандаҳои тоҷик умдатан ба мавзӯи таърихӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва мавзӯъҳои маъмулӣ, назири муҳаббат ва мушкили зиндагӣ, рӯ овардаанд.
Ҳоло ҳама дар фикри шикам ҳастем. Вақте, ки кам-кам шикам сер мешаваду аз фикри он халос мешавем, баъдан дар бораи дил фикр мекунем.Гулназар
Аммо бархе аз сокинони Тоҷикистон мегӯянд, нависандаҳои муосирро намешиносанд ва асарҳояшонро ҳам нахондаанд. Як сӯҳбати кӯтоҳ бо сокинони пойтахти Тоҷикистон ин натиҷагириро ба бор овард, ки аксаран дар бораи асарҳои нависандагони муосир маълумот надоранд.
Як сокини пойтахт гуфт, қаблан танҳо китобҳои исломӣ мехонд ва ҳоло аслан чизе намехонад. Дигаре гуфт, ҳоло асари як нависандаи амрикоиро мехонад. Дар миёни пурсидашудаҳо яке гуфт, осори Рӯдакӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Садриддин Айниро хондааст.
Дар ҳоле ки ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе мегӯянд, ба хондани китоб шавқ надоранд ва исми ҳеҷ яке аз нависандаи муосири тоҷикро намедонанд, масъулони Иттиҳоди адибони Тоҷикистон иддао доранд, ки дар канори назм дар чанд соли ахир нависандаҳои тоҷик низ асарҳои хонаданӣ навиштаанд. Ато Мирхоҷа, муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон, рӯзи 28 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз асарҳои Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод, Абдулҳамиди Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Бароти Абдураҳмон, Муҳиддин Хоҷазод ва осори адибони насли ҷавонтаре ба монанди Мирзо Насриддин, Саид Раҳмон ва Аброри Зоҳир ном бурд.
Ӯ афзуд, “ҳоло адиби ҷавоне бо номи Баҳманёр аз ноҳияи Ашт ба узвияти Иттиҳоди нависандагон пазируфта шуда, ду китоб нашр кард ва ҳоло дар маҷаллаи “Садои Шарқ” машғули кор аст. Мо аз вай шӯхиомез "Баҳманёри дувум" ном мебарем."
Ба қавли Ато Мирхоҷа, аз мутолиаи шакли электронии маҷаллаи “Садои шарқ”, ки асосан ба чопи осори насрӣ машғул аст, чунин бармеояд, ки ҳаводорони насри тоҷик дар кишвар ва берун аз он зиёд аст. Вай афзуд, ҳоло теъдоди шоирон ва насрнависони узви Иттиҳоди адибони Тоҷикистон баробар шудааст.
Иттиҳоди нависандагон, ки дар гузашта як бахши дастгоҳи таблиғотии замони Шӯравӣ буд, то ҳол ҳифз шудааст ва ин ниҳод аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешавад. Аммо ин сармоягузорӣ ба андозае нест, ки чопи асарҳо ва бозори онҳоро таъмин кунад. Аксари нависандагон бо маблағҳои худ ва бо теъдоди кам китоб нашр мекунанд.
Равшани Махсумзод, раиси бахши наср дар Иттиҳоди нависандагон мегӯяд, чопи миқдори андаки китобҳои нависандагон сабаб шудааст, ки мардуми тоҷик ба хондани китобҳои насрӣ чандон алоқаманд нестанд. Вай ба унвони мисол гуфт, китобҳои бархе аз адибон ба теъдоди аз 200 то як ҳазор нусха чоп мешавад, ки барои ҷамъияти беш аз 8 миллионнафарии Тоҷикистон “қатрае” беш нест. Ин дар ҳолест, ки теъдоди тоҷиктаборон берун аз кишвар бамаротиб бештар аст.
Аммо, ба бовари Равшани Махсумзод, дар як соли ахир Иттиҳоди нависандагон тавонистааст теъдоде аз адибони ҷавони тоҷикро кашф кунад ва интизор меравад, то чанд соли дигар онҳо асарҳои хубе эҷод мекунанд. "Таҳлилҳои мо нишон медиҳанд, ки асарҳои эҷодкардаи нависандаҳои тоҷик аз осори навиштаи ҳамтоёни Афғонистон ва Эрон ҳеҷ камие надоранд. Дар муқоиса бо нависандаҳои дигари ҳамсоя мо метавонем иддао кунем, ки навиштаҳои адибони тоҷик ҳатто беҳтаранд", - таъкид дошт ӯ.
Равшани Махсумзод афзуд, дар замони Шӯравӣ нависандагон дар эҷодиёти худ бо маҳдудиятҳое дар интихоби мавзӯъ рӯбарӯ буданд, аммо ҳоло чунин мушкил вуҷуд надорад. Ба эътиқоди Махсумзод, ҳоло хонандаҳои тоҷик ба гунаи солҳои аввали баъд аз касби истиқлол ба асарҳои таърихи кишвар ва чеҳраҳои саршиноси он таваҷҷӯҳи бештар доранд. Ҳамзамон харидорони китобҳое дар бораи ҳаводиси ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешаванд.
Шоири тоҷик Гулназар Келдӣ дар яке аз сӯҳбатҳо ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ҳоло ҳама дар фикри шикам ҳастем. Вақте, ки кам-кам шикам сер мешаваду аз фикри он халос мешавем, баъдан дар бораи дил фикр мекунем. Дар ҳама давру замонҳо, ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам шукуфоии адабиёт дар замони некӯаҳволии мардум ба миён омад.»
Аммо бо гузашти шаш сол аз ин сӯҳбат ба назар мерасад, ки вазъият дигар нашуд ва насли нав ҳанӯз ба маънои томаш китобхон нашудааст.