Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Н.Қосим: "Дар 5 сол назму насри назаррас надидам"


Низом Қосим
Низом Қосим

Насли нави нависандагони Тоҷикистон аз Низом Қосим ислоҳоте дар фаъолияти Иттиҳоди нависандагон - ин ниҳоди маъруф ба "созмони кӯҳансолон” интизоранд.

Насли нави нависандагони Тоҷикистон, аз интихоби Низом Қосим - шоир ва узви парлумони Тоҷикистон ба раёсати Иттифоқи нависандагон истиқбол карда мегӯянд, эҳтимол ислоҳоте дар фаъолияти ин ниҳоди маъруф ба ин “созмони кӯҳансолон” сурат бигирад. Аммо бархе дигар ин иттиҳодро як ниҳоди нодаркор арзёбӣ мекунанд, ки кайҳо рисолати аслиашро дар ҷомеа аз даст додааст.

Низом Қосим, шоир ва вакили парлумони Тоҷикистон, дар ҳоле, дар анҷумани чордаҳуми Иттиҳоди нависандагон раҳбари нави ин ниҳод интихоб шуд, ки Меҳмон Бахтӣ тӯли даҳ соли ахир онро сарварӣ мекард.

Интихоби бидуни рақиби Низоми Қосим дар овоздиҳии кушодаи вакилони Иттифоқи нависандагон сурат гирифт, ҳарчанд қаблан номзадии Муҳаммад Ғоиб, Назри Яздон ва Маъруф Бобоҷонов низ матраҳ буд.

Худи Низом Қосим дарҳол баъд аз интихобаш ба ин вазифа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, корро аз ошноӣ бо вазъияти ташкиливу эҷодӣ ва омӯзиши шароиту имконияте, ки ин созмони эҷодӣ дорад, шурӯъ хоҳад кард. Вай гуфт, “дар рафти ҷаласа як суханронии Мирзо Турсунзода ба хотирам омад, ки дар иҷлосияи соли 1959-уми қарни гузашта садо дод, ки мегуфт дар панҷ сол ба иттифоқ ҳамагӣ 20 нафар аъзо қабул шуд. Вале имрӯз мо аз ҳисобот шунидем, ки дар 5 сол 147 –нафар узви ин ниҳод шудаанд. Ман гумон мекунам, ки ин рақам бениҳоят зиёд аст. Агар ин қабул натиҷаҳои дилхоҳ медод, ман бо ҳар ду даст ҷонибдор будам. Аммо, мутаассиффона, дар ин 5 сол ман назму насри назаррасро надидам. Шояд ҳоло дар давраи ҷустуҷӯ ҳастанд, лекин, ба назари ман, шахс то он даме, ки ба ин иттиҳод меояд ва аъзо мешавад, бояд шинохташуда бошад”, - гуфт Низом Қосим.

Мусоҳибаи ихтисосӣ бо Низом Қосим
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:08:23 0:00

Низом Қосим аз ҷумла афзуд, дар ҳоле, ки ба драматургияи қавӣ ниёз вуҷуд дорад, 99 дарсади ин иттиҳод ба шеърнависӣ машғул аст. Гузашта аз ин, адабиёт бояд зиндагии мардумро инъикос кунад, вале нависандагони имрӯза аз мардум фарсахҳо дур шудаанд, “вақте хонанда зиндагии худро дар адабиёт мебинад, бешак таваҷҷӯҳаш бештар мешавад. Ман гуфта наметавонам, ки мардумро дар он ҳадде ки буд, аз нав китобхон мекунем, аммо ба қадри имкон мо талоши худро хоҳем кард”, - ваъда дод Низом Қосим.

Дар ҳамин ҳол, аксар намояндагони аҳли адаби Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки адабиёти муосири тоҷик дар як ҳолати рукуд ё хоби давомдоре қарор дорад, ки касе намедонад, кай бедор шуда, ба қавле, ба иҷрои рисолати аслии худ – инъикоси бадеии ҳаёти инсонҳои оддӣ дар ҷомеаи имрӯзи кишвар мепардозад.

Зимнан, Низом Қосим дар ҳоле ба раёсати Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон омад, ки бисёре аз нависандагон интизори тағйирот дар кори ин иттиҳодия ҳастанд.

Онҳо мегӯянд ҳарчанд барои ишғоли ин мақом афроди дигари арзанда низ буданд, вале бо таваҷҷӯҳ ба он ки Низом Қосим дар дохили иттифоқ нуфуз дорад ва дар сатҳи ҳукумат низ аз дастгирӣ бархӯрдор аст, пешниҳоди дигар номзадҳоро зарур надонистанд.

Аммо ба иддаои шоира Рафоати Саидаҳмад, ки аз соли 1988 узви Иттиҳоди нависандагон аст, то он даме, ки фазо ва муносибат дар ин созмони эҷодӣ тағйир накунад, адабиёти тоҷик дар як ҷой по хоҳад кӯфт ва иттиҳод дар ҳамин сатҳ боқӣ мемонад. Вай гуфт, “хунукназарии собиқ раҳбарони ин созмон ба ҳадде овард, ки мо адибонеро, ки тавонанд таваҷҷӯҳи хонандагонро ба худ ҷалб кунанд, надорем. Дар ин ду даҳсола фақат як гурӯҳи муайян ҳар сол китоб чоп мекунанд ва миёни худ ҷоизаҳоро тақсим мекунанд, ки ин аслан қоибили қабул нест. Бояд нафаре раҳбари иттиҳод бошад, ки чашму назар ва домани андешаш боз бошад.”

Зимнан, адабиётшиносон рӯи он низ ишора мекунанд, ки дар солҳои ахир бештар нависандагони ҳаваскор ё ғайриҳирфаӣ рӯи кор омаданд, ки қурби осорашон бо осори нависандагони касбӣ яксон нест ва ин ҳама ба завқи хонанда зарба задааст. Аз сӯи дигар, бисёр нависандаҳо дар Тоҷикистон рисолати худро дар “ҳимоя ва таблиғи мавқеи давлат” мебинанд.

Аммо Адибаи Азиз, шоираи ҷавони тоҷик интизори онро дорад, ки раҳбари тозаинтихоб дар нисбати адибони даврони истиқлол ҳусни тафоҳум зоҳир кунад: “Ман умедворам, ки ӯ чун раҳбар хар мӯҳраро аз дурр фарқ карда тавонад. Воқен, мо хуб медонем, ки ӯ чун шоир хеле сахтгир ва талаботи зиёд дорад нисбат ба як нафаре, ки мехоҳад ба адабиёт ворид шавад. Аммо ҳоло ҳамаи мо воқеан дар изтироб ҳастем ва намедонем, ки чун роҳбар чӣ коре карда метавонад. Барои насли ҷавон агарчи уфуқи тозае барои рӯшноӣ намегузоранд, лоақал роҳҳоро набанданд”.

Ҳарчанд баргузории анҷмунаи Иттифоқи нависандагон ва ҳамин тавр интихоби раҳбари нави он дар доираи фарҳангиён ва зиёиён таҳаввулотеро мемонад, аммо барои мардуми оддӣ муҳим нест, ки кӣ сари ин созмони адабӣ омадааст.

Чун таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мардум ҳам дар солҳои ахир кам ба китобу китобхонӣ таваҷҷӯҳ доранд. Ба қавле, нависандагон асари худро менависанду чоп мекунанд, аммо намедонанд, барои кӣ навиштаанд ва кӣ бояд асари онҳоро хонад. Хонандагон низ намедонанд, ки нависандагон чӣ навиштаанд.

Маъруф Исмоилов, сокини 32-солаи пойтахт мегӯяд, ёд надорад, кай бори охир китоби адибони тоҷикро хондааст: ”Як сабабаш дар он аст, ки навиштаҳояшон бештар тахайюлӣ ҳастанд, ки бароям ҷолиб нест. Ҳатто агар бовар кунед, номи нависандагони ҳозираро намедонам. Чун китоби хотирмон надоранд. Адабиёте, ки дар замони шуравӣ буд, тамоман фарқ мекард.”

Бо ин ҳама, бештари адабиётшиносон мегӯянд, ки то ҳанӯз Баҳманёр, Абдулҳамиди Самад, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷонибеки Акобир, Сорбон, Саттор Турсун ва Муҳаммадзамони Солеҳ аз чеҳраҳои асили насрнигори тоҷик эътироф мешаванд, вале дар ин даҳ соли ахир дар Тоҷикистон дар сатҳи инҳо нависандае аз ҳузури худ дарак надодааст.

Нозирони умур бар ин назаранд, ки бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти давру замон ва бахусус даврони истиқлол, адабиёт ва шоиру нависандагон ба таҷаддуд ниёз доранд. Бояд адабиёт набзи ҷомеаро ба хонанда расонад ва хонанда низ аз мутолиаи роману достонҳо ғизои маънавӣ бигирад.

Иттифоқи нависандагон Низом Қосимро раис интихоб кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:45 0:00

XS
SM
MD
LG