Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили шеъри Гулрухсор дар Донишгоҳи тиббӣ


Дар остонаи рӯзи байналмиллии «шеъри ҷаҳонӣ», ки ҳар сол 24-уми сентябр дар саросари олам таҷлил мешавад, шоири саршиноси тоҷик Гулрухсори Сафӣ, бо донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи давлати Тиббии Тоҷикистон мулоқоте анҷом дод.

Хонум Гулрухсор аз эҷодиёти худ пораҳо қироат кард ва дар бораи шеъри муосири ҷаҳон ва нақши созандагиву бунёдгарии он сӯҳбат кард.

Хонум Гулрухсор дар ҳоле меҳмони ин даргоҳи илму маърифат шуд, ки ба сафари Амрикои ҷанубӣ омодагӣ мегирад. Зеро ин шоири хушсухану хушкаломи тоҷик, ки аз миёни аҳли адаби кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ба унвони беҳтарин тараннумгари маъниҳои баланде чун сулҳу субот ва худшиносиву созандагӣ дар ҳамоиши байналмиллии «Шеъри ҷаҳонӣ», ки қарор аст дар рӯзҳои наздиктарин дар Колумбия сурат бигард, ширкат хоҳад кард. Гулрухсор дар ин бора гуфт: «Ҳамин лаҳзаҳое, ки ман дар ҳузури шумо ҷавонони нозанини тоҷик ва шогирдони устод Абуалӣ

Ибни Сино мебошам, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори бузургдошти устоди бузурги шеъри муосири тоҷик ва устоди ман Мирзо Турсунзода як базми бошукӯҳе бояд оғоз шавад. Ва ҳамчунин банда даъватнома аз Кумитаи тадорукотии конфронси «Шеъри ҷаҳонӣ», ки қарор аст дар кишвари Колумбия доир гардад, гирифтаам ва бояд ба Амрикои ҷанубӣ равам. Воқеъан ин дастовардро барои худу ҳамаи шумо муборакбод мегӯям, ки аз миёни ҳазорон шоирони минтақаи Осиёи Марказӣ маро интихоб карданду даъватнома фиристодаанд».

Ҳамзамон ба таъкиди хонум Гулрухсор, баргузории маҳфили шеър бо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи тиббӣ бесабаб набудааст: «Омадани ман ба ҳузури шумо табибони оянда барои ин аст, ки ба Абуалӣ Сино ва донишгоҳи шумову устодони шумо як эҳтиром ва эътиқоди баланд дорам. Абуалӣ Сино бузургтарин устоди шеъри ҷаҳон буданд. Сино падари шеъри андеша аст. Мутаассифона нақши шоирии Сино дар адабиёти ҷаҳон ва адабиёти мо низ то ҳанӯз ба таври комил омӯхта нашудааст. Ман 30 соли пеш вақте дар сари китоби бахшида ба рубоиёти Хайём кор мекардам, навиштам, ки падари рубоии форсӣ Хайём нест, балки Абуалӣ Сино аст».

Маҳфили шеъри Гулрухсор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
Линки мустақим


Хонум Гулрухсор дар ҷараёни ин маҳфил ба суолҳои донишҷӯён дар робита ба ҳаёту фаъолият ва сабку мактаби эҷодиаш посух гуфт ва низ маҳсули қалами чанде ҷавонони соҳибзавқу эҷодкори ин махзани донишро шунидаву чанде маслиҳатҳои устодона дод.

Султонҳусейн, як донишҷӯи ин донишгоҳ, ки худ аз шаҳри Кобул барои идомаи таҳсил ба Душанбе омадааст ва худро аз дӯсторони сабки эҷоди Гулрухсор медонад, чанд порае аз эҷоди худ қироат кард.

Албатта хонум Гулрухсор дар баробари баёни андешаҳояш атрофи шеъру ҳунари муосир ва фарҳангу адаби ҷавонон, инчунин перомуни сиёсатҳои муосир ва таҳдидҳои падидаҳои номатлуб, чун тероризму ифротгароӣ, ки ҷомеъаи ҷаҳониро нигарон кардааст, чунин ибрози назар кард: «Ҳамин ҳоло ман аз сафорати Афғонистон, аз маросими мотамдории устод Раббонӣ омадам. Устод Раббонӣ дар хонаи худаш, дар рӯзи таваллудаш, дар 71 солагӣ кушта шуд. Тассаввур кунед, ки башар, яъне одамизод аз олам чӣ қадар бояд шарм дошта бошад, ки чунин инсонеро,

яъне як пирамардеро, ки раиси сулҳи Афғонистон буд, дар хонааш нону намакашро хӯрдаву худашро кушанд. 9-уми сентябри соли 2001 ҳамин гуна Аҳмадшоҳи Масъудро куштанд. Ин қотилони ҳам Раббониву ҳам Масъуд аз берун омаданд. Ҳеҷ як дасте аз байни мардуми афғон боло нашуд, ки бузургоша кушад, бузургони афғон дар хонашон кушта мешаванд. Ман бо ин чӣ мехоҳам гӯям? Вақте Султонҳусейн як ҷавони афғон инҷо боло шудаву дар бораи зиндагӣ шеър мехонад ва ман, ки тоза аз мотами устод Раббонӣ ба ин ҷо омадам ва дар ин маҳфил сарҷамъ шудем, ман мехоҳам бигӯям, ки дар пеш як зиндагии хубе ҳаст, ҳам барои мо, ҳам барои мардуми афғон ва ҳам тамоми ҷаҳон».

Дар лобалои ин ҳамоиш хонум Гулрухсор ҷавонони донишҷӯро зимни даъват ба дарки маъниҳои баланду созандае чун ватандориву созандагӣ ва омӯзиши фанҳои муҳиму дархӯрӣ ҷомеъаи имрӯзи кишвар гуфт, ҷое ки сухани созанда ҳаст, шеъри гирову пурмоя гӯши суханшунав дорад, садои тир набояд шунида шавад. Ана барои чӣ ҷомеъаи ҷаҳонӣ имрӯз анҷумани «шеъри ҷаҳониро» дар саросарӣ

олам доир мекунад. Барои он, ки аз роҳи сухану шеър пеши роҳи терроризму даҳшатафканӣ гирифта шавад, афзуд хонум Гулрухсор.

Дар интиҳои нишаст, Гулрухсор бо хоҳиши донишҷӯён чанд пораҳое аз ашъори тозаи худ қироат кард, «ман дар бораи вақти шумо ва умуман беҳуда масраф накардани вақт гуфтаам, ки:

Бигӯ, Хуршедро бо маҳ надидӣ?,
Шукӯҳи кӯҳро дар каҳ надидӣ?
Ту, ки дер омадӣ то ман пиёда.
Ҷавонии маро дар раҳ надидӣ?»

Чанде аз иштирокдорони ин маҳфили шеъри Гулрухсор таассуроти хешро аз ин нишаст чунин баён доштанд:

-«Ман то имрӯз хонум Гулрухсорро ҳамчун як шоири хуб албатта мешинохтам, вале бори аввал дидам ва бовар кардам, ки воқеъан зани боҷасорат ва хеле донишманду оқил будааст».

-«Ман афсӯс мехӯрам, ки чаро аз эҷодиёти ин шоири хушсухан бештар огоҳ набудаам. Ман ҳатман китоби нави шеъри ӯро дастрас карда мехонам».

Бино ба гуфтаи масъулини Донишгоҳи Давлатии тиббӣ Тоҷикистон, бо ин далел, ки чунин нишасту мулоқотҳо бо чеҳраҳои саршиноси адабиёту фарҳанг метавонад ҷаҳони маънавии шогирдонро ғанӣ гардонад, онҳо тасмим доранд, минбаъд низ сари ҳар вақт чунин маҳфилҳоро бо аҳли илму адаб, шоирону нависандагон, ҳамчунин бо рассомону наққошон доир намоянд.
XS
SM
MD
LG