Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устод Шакурӣ: “Китобхонаи Садри Зиё дар Тошканд монд”


Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ

Гуфтугӯи ихтисосӣ бо академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, ки ба синни ҳаштоду панҷсолагӣ расид.

Муҳаммадҷон Шакурӣ фарзанди яке аз охирин қозикалонҳои аморати Бухоро Садри Зиёст. Зимнан, Садри Зиё яке аз маорифпарварони оғози асри гузашта буд, ки дар бораи муносибати ӯ бо аҳли илму адаб ва махсусан зиёиёни он замон дар асарҳои асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ зиёд гуфта шудааст.

Аммо аз зиндагии ин шахсият, ки ҳамчунин аз худ осори адабиву таърихие низ ба мерос гузоштааст ва махсусан дар бораи китобхонаи нодири ӯ маълумоти камтар мунташир шудааст. Аз ин ҷиҳат, мо суҳбатро бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ аз ин боб оғоз бахшидем ва нахуст пурсидем, ки сарнавишти Садри Зиё пас аз инқилоб чӣ гуна ҷараён гирифт, оё аз инқилоб пуштибонӣ мекард?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Падарам Шарифҷон махдуми Садри Зиё аз маорифпарварони Бухоро буданд. Маорифпарвари тоҷик, пеш аз инқилоб. Бо маорифпарварони ибтидои асри 20 ҳамкории хуб доштанд. Баъзе аз он маорифпарварон - ҷадидҳо баъд аз соли 1917 аз Бухоро фирор карда, ба Тошканд рафтанд. Онҳо ба гирдоби инқилоб афтоданд ва инқилобӣ шуданд. Бо болшевикони рус - коммунистҳо ҳамроҳ шуда ва Ҳизби коммунистӣ таъсис доданд. Ҳизби ҷавонбухориён ташкил ёфт ва инқилоб ба вуҷуд омад. Инқилоби Бухоро. Лекин падари ман аз ҳаракатҳои инқилобӣ дур буданд.”



Радиои Озодӣ: Вақте инқилоби Бухоро рух дод, Садри Зиё чӣ кор мекард?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Вақте инқилоб ба вуқӯъ пайваст, Садри Зиё дар табъид ба сар мебурд. Ӯ дар шаҳри Қаршӣ қозӣ буд. Албатта, аз Бухоро дур андохтан як навъи табъид ба ҳисоб мерафт. Ҳозир ҳам агар барои мисол шахси баландмақомеро дар кишваре сафир таъйин кунанд, як навъи табъид дониста мешавад. Яъне, мақомашро пойин ва худашро аз марказ ба дур меронанд. Он вақт низ ин тарзи кор ҷо дошт. Вақте инқилоб рӯй дод, Садри Зиё бо мушкилиҳое аз Қаршӣ ба Бухоро омад.”

Радиои Озодӣ: Садри Зиё инқилоби болшевикиро чӣ гуна қабул кард?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Садри Зиё пеш аз инқилоб машрутахоҳ буд. Сохти амириро нигоҳ доштан мехост. Ба ин шарт, ки парламент ва маҷлиси мушовара низ дар ҳокимият мақом дошта ва амир ҳокими мутлақ набошад. Инро мегуфтанд машрутахоҳӣ ва ислоҳотталабӣ. Ӯ инқилоби иҷтимоӣ намехост. Ҷумҳурихоҳ набуд ва сохти салтанатиро маъқул мешуморид. Дар чунин ҳолат, инқилоб рух дод ва Садри Зиё омад ба Бухоро. Ҷадидҳо сари ҳокимият омаданд, ки бисёрии онҳо аз дӯстони Садри Зиё буданд. Мафкура ва ҷаҳонбиниҳо тафовут дошт, аммо чун шахс бо ҳам дӯст буданд. Онҳо Садри Зиёро ба корҳои динӣ ҷалб карданд. Муассисаи бузурги диние ташкил шуд, ки раёсати онро муфтӣ Икром ва муовинаташро дар ихтиёри Садри Зиё гузоштанд. Яъне, бахши динии давлатро қабул кард. Ин иттифоқот дар соли 1923 рух дод. Соли 1924 Ҷумҳурии Халқии Бухоро барҳам хӯрда бо СССР мулҳақ шуд ва истиқлолиятро аз даст дод. Садри Зиё бознишаста шуд, нотобу бемор ва синнаш ҳам рафта буд. Ба муолиҷа пардохт.Чун саломаташ андаке беҳтар шуд, ба бознависии асарҳояш, ки амир сӯзонида буд, оғоз кард. Бар изофа асарҳои тоза ҳам менавишт. То охири умр, то соли 1932 дигар ба кори таълиф ва навиштан машғул шуд.”

Радиои Озодӣ: Дар ин миён ягон маротиба оё бо ҳукумати нав ба унвони қозии пешини Бухоро бархӯрд надоштанд?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Соли 1922 Садри Зиё як маротиба ҳабс шуд. Ҳукумати нави ҷумҳурии Бухоро ӯро ба ҳабс гирифт. Сабаб ва авоқиби ин ҳабс маълум нест. Аммо дар ҷое аз асарҳояш ишора мекунад, ки чандин рӯз дар зиндон буда, азоб кашидааст. Вале зуд озод мешавад. Бори дуввум соли 1932 зиндонӣ мешавад. Ин дафъа дар маъракаи ҷамъоварии тило. Он вақт аз аҳолӣ тило ва тиловарӣ ҷамъ карданро шурӯъ карданд. Касонеро, ки тилову тиловорӣ доранд, ба ҳабс мегирифтанд ва аз онҳо ин навъи ашёро рӯёнида мегирифтанд. Модарамро низ ҳамин вақт ҳабс карданд, аммо вай зуд раҳо шуд. Падарам озод нашуд ва оқибат дар он ҷо вафот кард. Дар ёд дорам бо як азобе ҷасади ӯро гирифта гӯронидем. Он вақт шашсола будам ва ҳанӯз ба мактаб намерафтам.Чанде баъд, ки мактабхон шудам, модарам ҳам дар худи он сол вафот карданд. Вай дар зиндон гирифтори бемории сил шуд ва бо ин дард аз ҷаҳон даргузашт.”

Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ
Абдуқаюми Қаюмзод, хабарнигори Радиои Озодӣ ҳангоми суҳбат бо устод Муҳаммадҷон Шакурӣ

Радиои Озодӣ: Садри Зиё ҳукумати Шӯравӣ ва сохти навро қабул кард?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Садри Зиё ҷумҳурии Шӯравиро қабул надошт. Аслан ҷумҳурихоҳ набуд. Ӯ машрутахоҳ буд. Аз китобаш, ки “Рӯзнома” ном дошта, соли 1929 таълиф шудааст, маълум мешавад, ки машрутхоҳ буд.”

Радиои Озодӣ: Гуфтед, ки падаратон дар маъракаи тилоғундорӣ дастгир шуданд, аммо ба чӣ муттаҳам мешуданд?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Манзили падарамро кофтукоб карданд. Тило ёфтанд, ё наёфтанд, ё худашон бурда супориданд, чизе намедонам. Шояд модарам ангуштарӣ, дастпона ва ё кадом як зевару ороишоти занонаро супорида бошад.Чизе намедонам. Баъди ин ҳама солҳо ҳам аз ягон касе дигар дар ин бора чизе нашунидам.”

Радиои Озодӣ: Пас иттиҳом чӣ буд?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Ҳамин тило. Дорӣ, бидеҳ. Шахсе, ки як умр қозӣ буд, қозикалон буд, бояд тило дошта бошад. Чунин гумон мекарданд. Бо ин мақсад ҳабс карда буданд.”

Радиои Озодӣ: Аз падари Шумо як китобхонаи нодир боқӣ монда буд, ки мегӯянд ҳоло дар Тошканд нигаҳдорӣ мешавад. Оё Шумо барои онро пас гирифтан ба унвони меросхӯр даъво накардед?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Садри Зиё як китобхонаи бузург дошт. Бузург ба маънои шумора набуд. Ҳамагӣ сесад китоб дошт, ки дар баъзе ҷилдҳо чанд асар муқовабандӣ шуда буд. Ҳоло рӯйихати китобхонаи Садри Зиё чоп шудааст. Шодмон Воҳид, як муҳаққиқи тоҷик, китоберо бо номи “Садри Зиё и его библиотека” ба нашр расонд ва асарҳои ин китобхонаро таҳлил кардааст. Ҳама асарҳои нодир. Нодир аз он ҷиҳат буд, ки ё ин ки ба дасти худи муаллиф китобат шудааст, ё ин ки давраи наздик ба ҳаёти муаллиф аст, яъне қадимӣ, ё ин ки як аз тарафи хушнависи машҳур китобат шудааст. Яъне, аз ягон ҷиҳат ин дастнависҳо эътибори баланд дорад. Аммо ҷамъоварии ин китобҳо аз тарафи падари Садри Зиё домулло Абдушакури Оят оғоз шуда буд. Баъдан ин корро Садри Зиё идома медиҳад. Вале ин китобхона аз тарафи давлат мусодира мешавад. Алъон дар Тошканд дар Институти шарқшиносии Академияи улуми Узбакистон ҳифз мешавад. Ҳоло баъди чопи асари Шодмон Воҳид дидем, ки дар воқеъ ин асарҳо хеле ҳам нодиранд. Ман барои гирифтани ин китобҳо ва ё ба Тоҷиикстон овардани онҳо ҳеҷ ҳаракат накардаам. Сабабаш ин ки ман аз аввал хурсанд будам, ки баъд аз вафоти падарам зуд китобхонаи ӯро мусодира карданд ва бурданд ба китобхонаи Ибни Синои Бухоро. Яъне нобуд нашуд. Агар дар хонаи мо меистод, он кам-кам нобуд мешуд. Имкон дошт, ки алоҳида-алоҳида бифурӯшанд. Албатта, қисме аз онҳо нобуд шуданд. Вақте ба ароба ба фойтун бор карда мебурданд, ба чашмони худ медидам, ки аз ду тарафи ароба ва фойтунҳо китобҳо ба замин ба рӯи раҳ меафтиданд ва боз гирифта бор мекарданд. Баъзе аз онҳоро оварда дар ин ҷо дар Душанбе фурӯхтанд. Дар китобхонаи Фирдавсӣ ва дар китобхонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин асарҳо мавҷуд буданд. Ҳоло дар китобхонаи Донишгоҳи миллӣ он нусхаҳо дигар вуҷуд надоранд, нобуд шудаанд. Аммо китобхонаи Фирдавсӣ он нусхаҳоро, ки муҳри Садри Зиё дорад, дертар ба Институти шарқшиносии Академияи улум супорид. Ва ин се нусха дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешавад. Андак ин китобхона пароканда ва нобуд гардид, вале қисми асосӣ боқӣ монд. Ба ҳар сурат, шукр, ки ҳоло ҳифз шудааст. Як бор дар замони Шӯравӣ он китобҳоро дар Тошканд тавонистам бо мушкилӣ ҳам бошад, бубинам. Ман миннатадор будам, ки китобхона дар Тошканд ҳам бошад, нигаҳдорӣ шудааст. Аз ин рӯ, ягон маротиба даъво накардам. Як замон, вақте шоири тавонои мо Мӯъмин Қаноат - депутати Шӯрои олии СССР буд, ҳиммате карда гуфтанд, ки дар байни депутатҳои Шӯрои олӣ ҳуқуқдонҳои зиёд ҳастанд, бо онҳо маслиҳат карда, даъво мекунем. Аммо Шӯравӣ пош хӯрду ин корҳо иҷро нашуд.”


Радиои Озодӣ: Аммо, устод, чаро онҳое, ки равшанфикр ва ислоҳотхоҳ буданд, оқибат дар зиндонҳои сталинӣ ҷон доданд. Оё бо шароити пешомада мувофиқ набуданд?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Ҳамаи маорифпарварони мо, ҷадидони мо дар Бухоро машрутахоҳ буданд, онҳо ҷонибдори низоми ҷумҳурӣ набуданд. Соли 1917 дар Бухоро иртиҷоъ боло гирифт ва ҳаракати маорифпарвариро торумор кард. Маорифпарварон ба самти Самарқанду Тошканд фирор карданд. Онҳо дар Тошканд худро дар оғӯши болшевикҳо диданд. Ба болшевикҳо Худо дод, ки ин шумораи бузурги норозӣ, вале хеле огоҳ бо онҳо ҳамроҳ мешавад ва ҳамкории густардаеро бо ҷадидҳо шурӯъ карданд. Ҷадидҳову маорифпарварони дирӯза акнун ҷумҳурихоҳ ва инқилобхоҳ шуданд. Ҳоло он ки онҳо то ин замон инқилобхоҳ набуданд. Инқилоб мехостанд, аммо инқилоби фикриву фарҳангӣ. Аммо акнун бо таъсири болшевизм, бо таъсири Шӯравӣ хостанд, ки инқилоби иҷтимоӣ кунанд. Дар иҷрои ин кор такя карданд ба Артиши сурх. Бисёр ваъдаҳо гирифтанд, ки Артиши сурх инқилоб карда, Шуморо ба сари ҳокимият меорад ва Шумо метавонед ормонҳои худро амалӣ кунед. Лекин, вақте инқилоб ба вуқӯъ пайваст, он инқилоби ишғолгарӣ, таҷовуз буд. Ва артиши сурх бо роҳбарии Фрунзе ва Куйбишев як гурӯҳ пантуркистҳоро бо сари ҳокимият оварданд. Сардори ин пантурикстҳо Файзулло Хоҷаев буд. Ҳокимият тамоман ба дасти пантуркистҳо даромад ва онҳо сиёсатро ба муқобили тоҷикҳо ҷорӣ карданд. Аввалин коре, ки карданд, тамоми халқи ҷумҳурии Бухороро узбак эълон карданд. Гуфтанд ин ҷо тоҷик нест ва мактабҳоро ба забони узбакӣ ба роҳ монданд. Матбуот, нашриёт ва корҳои идорӣ ба забони узбакӣ гузаронида шуд. Бисёр нафарон аз ҷумла Аббос Алиев муқобилият карданд ва як шӯриши калон ҳам барпо шуд. Тамоми шаҳри Бухороро ба по хезонд, ҳама шӯриш карда, ба хиёбонҳо баромаданд ва талаб пеш оварданд, ки мактабҳо тоҷикӣ карда шавад. Зеро то инқилоб ҳама макотиб тоҷикӣ буд, мактаби узбакӣ вуҷуд надошт. Чӣ тавр мешудааст, ки баъди инқилоб ҳама мактабҳо якбора узбакӣ мешудааст. Баъди ин шӯриши Аббос Алиев мактабҳо як андоза тоҷикӣ шуданд. Лекин баъди андак муддате боз ҳамаи мактабҳо узбакӣ карда шуданд. Аз он вақт ба ин сӯ сиёсати пантуркистӣ дар Самарқанду Бухоро ҷорӣ гардид. Ва ин сиёсат аз тарафи пушту паноҳи онҳо, ки русҳо буданд, Куйбишеву Фрунзе, махсусан Куйбишев, ки роҳбари сиёсии Русия дар ин минтақа буд ва сиёсати Бухороро ҳам ӯ муайян мекард, ҳимоят меёфт. Онҳо ба сиёсати пантуркистии Бухоро мамониат накарданд. Соли 1926 солшумории аҳолӣ доир шуд. Натиҷаи ин солшуморӣ тарзе буд, ки ҳамаи сокинони Бухоро узбак эълон шуданд. Халқ боз ба муқобили ин беадолатӣ ва ҳисобҳои дурӯғин ба хиёбонҳо рехт ва шӯриш кард. Гирдиҳамоӣ доир намуда номаеро ҳам ба Маскав ирсол карданд, ки ин натиҷа бекор дониста шавад. Аз Маскав қароре расид, ки як кумиссюн дар ин бора ташкил ва дурустии натиҷаҳои саршумории аҳолӣ таҳқиқ шавад. Аммо роҳбар боз Куйбишев таъйин шуд. Кумиссюни мазкур кадом кореро анҷом надод ва баъди андаке пароканда шуд. Зеро Куйбишев, ки сардори ин кумиссюн буд, аз аввал сиёсати пантуркистии ҷумҳурии Бухороро маҳкум накарда, балки ба ривоҷи он мусоидат намуд.”

Радиои Озодӣ: Дар солҳои 1960-70-уми қарни гузашта як наҳзатҳои милливу фарҳангӣ миёни аҳли зиё ва махсусан адибон ба вуҷуд омад. Адибон бештар ба мавзӯъҳои таърихӣ рӯ оварда, дар бораи забони тоҷикӣ ва симоҳои машҳури гузашта асарҳо офариданд. Яъне, як навъ бедории фарҳангӣ зуҳур мекард. Аммо кадом авомил сабаби чунин дигаргунӣ шуда буд?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Баъд аз вафоти Сталин дар соли 1953 сиёсати ҳукумати Шӯравӣ андак-андак дигар шудан гирифт. Андак ва як каме нармӣ дар сиёсат пайдо шуд. Чизе монанд ба озодии баён пайдо шуд. Хусусан баъди соли 1956, баъди Анҷумани 20-ми Ҳизби коммунист. Дар даврони раҳбарии Хрушев, яъне солҳои шастум ҳамин тавр гӯиё як нармӣ дар сиёсат пайдо шуд ва ин дигаргунӣ зуд дар инкишофи фарҳанг, фарҳанги мардуми СССР акс андохт, ҳаракатҳо пайдо шуд. Дар адабиёту санъат равияҳои нав ба вуҷуд омад. Адабиёти Шӯравии тоҷикӣ мазмунан дигар шуд. Соли 1956 романи Ҷалол Икромӣ бо номи «Ман гунаҳгорам» аз дасти чоп баромад. Соли 1957 повести «Тобистон»-и Пӯлод Толис нашр шуд. Чопи ин ду асар адабиёти тоҷикро дигар кард. Насри тоҷик бо роҳи наздик ба воқеият, бо роҳи реалистӣ равон шуд. Дар назм бошад, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир тамоман шеърро дигар карданд. Иброҳимҷон Раҳматов ном як шахс буд. Ӯ сармуҳаррири нашриёти давлатӣ буд, баъдтар нахустин сармуҳаррири телевизони тоҷик шуд. Бисёр одами фозилу доно буд. Ин шахс шеър наменавишт. Як вақт дар ҳамон солҳои шастум дар газетаи «Тоҷикистони Советӣ» як шеър чоп кард бо номи «Забони модарӣ». Бисёр шеъри олиҷаноб, ки ин хел шеърҳо пештар ба вуҷуд намеомад. Пеш дар бораи забони русӣ шеър гуфтан мумкин буд, аммо на дар бораи забони тоҷикӣ. Ба ҳар сурат, шеъри ин одам, ки шоир набуд барои дигарон як таконе доду илҳом овард. Вале баъдтар шеърҳои олиҷаноби шоирони мо дар бораи забону таърих пайдо шуданд.Масалан, он шеъри машҳури Убайд Раҷаб дар бораи забони тоҷикӣ, ки аз он дар Эрон низ хеле гарм пазироӣ карданд. Дигар мавзӯи забони тоҷикӣ дар ашъори Мӯъмин Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир ҷои хосеро ишғол кард. Дар шеър талош карданд, ки ба асл ва таърихи миллат рӯ оваранд. Дар бораи Сомониён, ибни Сино, Аҳмади Дониш ва Айнӣ шеърҳои балндмазмун эҷод шуданд. Чун ин гуна шеърҳоро шоирон чоп мекарданд, зуд аз даст ба даст мегузашт, паҳн мешуд ва мисле, ки ҷавонҳои онвақта ташнаи чунин ҳарфҳо буданд. Он вақт буд, ки ҳарду ҷилди “Фарҳанги забони тоҷикӣ” дар соли 1969 аз чоп баромад. Ман нӯҳ сол ба сифати муҳаррири ин китоби бузург заҳмат кашидам.”


Радиои Озодӣ: Аммо бо вуҷуди ин ҳама тағйирот дертар романи “Гузашти айём”-и Ҷумъа Одина ва худи муаллиф мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ин асар аз фурӯш барчида шуд. Таъқиби ин нависанда бо ибтикори кӣ сурат гирифт?

Муҳаммадҷон Шакурӣ: “Тафсилоти сарнавишти Ҷумъа Одина ва романи ӯ «Гузашти айём» дар матбуоти мо хеле зиёд тасвир шудаву мардум кофтукоби зиёд ҳам кардаанд. Бисёр чизҳо ба рӯи об баромаданд. Гуфтанд, ки ин асар зидди ҳизб ва зидди сохти Шӯравист. Вале ин суханҳоро нависандаҳо нагуфта буданд. Шояд баъзе аз бадхоҳони Ҷумъа Одина буданд, ки ин гапҳоро паҳн карда ва ба боло ба Кумитаи марказӣ расониданд. Лекин ман ҳаминро бигӯям, ки аз Кумитаи марказӣ ҳамин гуна хабарҳо дар бораи ин китоб меомад. Дар Иттифоқи нависандагон як кумиссюни тафтиши ин китоб ташкил карда шуд. Ман ҳам узви ин кумиссюн будам. Кумиссюн баъди хондан ва муҳокима хулосаи худро эълон кард, ки дар ин китоб чизе зараровар, зидди ҳизб ва зидди сохти советӣ ба мушоҳида намерасад. Кумиссюн ба китоб баҳои мусбат дод. Аммо ин қарор дар боло қабул нашуд. Дуюмбора кумиссюн ташкил карданд, ки дар пайи он ҷангҷоли калон сар шуд ва Ҷумъа Одинаро бисёр азоб доданд, сарзаниш карданд. Дар кумиссюни нав низ бархе аз нависандаҳо аъзо буданд, аммо онҳое, ки дар кумиссюни аввала буданд, он ҷо дохил нашуданд. Дар кумиссюни дуввум ман иштирок надоштам. Намедонистам, ки дар он ҷо чиҳо гуфтанду чи хулоса бароварданд. Лекин дар бойгонӣ ҳамаи мавод маҳфуз аст. Гап дар ин ҷост, ки дар Тоҷикистони мо баъзе коммунистҳое буданд, ки суп-сурх коммунист. Мо онҳоро аз Майдони сурхи Маскав ҳам суп-сурх мегуфтем. Он масоиле, ки дар Маскав оддӣ менамоянду зуд ҳал мешаванд, дар мо дар бораи онҳо мағал мебардоштанду воҳима мекарданд. Масалан, ҳамон масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиродар солҳои 1987-89 ба ёд оред. Мо ин масъаларо ибтидо дар Маскав матраҳ кардем. Соли 1988 бемор шудам ва дар умрам барои бори аввал дар бемористони ҳукуматӣ бистарӣ шудам. Дар ин муддати беморӣ се мақола навиштам ба забони русӣ. Медонистам, ки ба тоҷикӣ нависам чоп намешавад, балки баръакс ба сари ман балоҳо оварданаш мумкин аст. Бинобар ин, русӣ навиштам ва бурдам ба Маскав. Ин мақолаҳо дар «Литературная газета» ва «Советская культура» чоп шуданд. Сеюмашро натавонистам чоп кунам. Дар он ҷаласаҳое, ки дар Маскав доир мешуд, мо масъалаи забони модариро матраҳ мекардем ва мақолаи ман ҳам дар китобе дар Маскав низ чоп шуд. Вақте ин масъала дар Маскав матраҳ шуд ва мақолаҳо дар газетаҳои Маскав нашр шуданд, пас дар ин ҷо, дар кишвари худамон ба онҳо эътибор доданд. Махсусан, сармуҳаррири «Тоҷикистони советӣ» дар он замон Мазҳабшо Муҳаббатшоев ин гуна мақолаҳоро дар газета ба чоп кардан шурӯъ кард. Ҳарчанд бисёр гап шунид вале ин корро кард...

Зиндагиномаи Устод Шакурӣ

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз донишмандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки соли 1925 дар хонаводаи Шарифҷон махдуми Садри Зиё, қозикалони собиқи аморати Бухоро ба дунё омадааст. Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо дар соли 1945 хатм карда, фаъолияти кориашро дар нашрияи «Тоҷикистони Сурх» оғоз бахшидааст.

Устод Шакурӣ тӯли шаст сол дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардаст. Ӯ тӯли ин муддат ним ҳазор мақола ва 45 асари таҳқиқотии пурарзишеро дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ ба чоп расонидааст. Намунаҳои осори ӯ аз ҷумла «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад», «Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи бист», «Хуросон аст ин ҷо», «Садри Бухоро», «Равшангари бузург», «Фитнаи инқилоб дар Бухоро» мебошад, ки дар солҳои гуногун дар Душанбе ва хориҷ аз он ба нашр расидааст.

Ӯ яке аз муаллифони пешнависи Қонуни забони давлатии тоҷик дар соли 1989 аст. Писарони ӯ Рустам ва Шариф ҳарду докторони улуми таърих ва филологияанд, ки дар Маскав кору фаъолият мекунанд. Муҳаммадҷон Шакурӣ барандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист.
XS
SM
MD
LG