Як идда ташкилотҳои эҷодиро «зиёиён на мағзи миллат, балки наҷосати онанд» номидани Олга Тутбалина, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» нороҳат сохт ва онҳо эълон карданд, ки ба додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Рӯзи 17-уми июн дар мусоҳибааш ба Радиои Озодӣ Олга Тутубалина изҳор дошт, ки суханони ӯ ба ҳамаи зиёиён тааллуқ надошт ва ҳанӯз дар ҳамон мавқеаш истодааст. Дар суҳбат бо Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон нахуст мо назари ӯро оид ба ин суҳбати Олга Тутубалина пурсидем.
Меҳмон Бахтӣ: Аввалан бояд гӯям, ки мавриде, ки Ленин ин суханро гуфта буд, замони муборизаҳои сиёсӣ буд. Вақте, ки баъзе болшевикон калисову маъбадҳоро тарконданд, Горкий ва баъзе ҳамсафони ӯ, адибон ва зиёиёни рус, ки мехостанд бо Ленин ҳамроҳ бошанд, баъди ин корҳо аз болшевикон рӯй гардонданд ва баъзеашон аз Русия берун рафтанд. Яъне, Ленинро тарафдорӣ накарданд. Вай аз рӯи сиёсат, ки чаро онҳо ҳамроҳ нашуданд, ҳамин гапро гуфта буд. Агар аз ҳамон зовия ҳам андеша бикунем, Ленин ҳам нодуруст рафтор карда буд. Вақте шумо калисоҳоро вайро кардед ва харобиҳову хунрезиҳо ба вуҷуд омад, оё зиёиён метавонанд ба шумо ҳамроҳ бошанд? Ленин аз рӯи ғазабу тундравӣ дар муқобили зиёиёни рус ҳамин суханро гуфта буд. Вай тамоми зиёиёни русро дар назар надошт. Лекин дар мақолаи хонум Олга Тутубалина тамоми зиёиён дар назар дошта шудааст. Аз ин рӯ, вақте ин мақола баромад ва ҳамаи зиёиёнро ин тур гуфт, мо ҳам аввал аҳамият надодем. Мо фикр кардем, ки худи ташкилоти эҷодии журналистон худашон ро даъват мекунанд. Вақте як алфози қабеҳ аз ҷониби як хабарнигор нашр мешавад, онро бояд ба назари эътибор гиранд. Вақте корманди як рӯзнома ин суханро мегӯяд, чаро раёсати журналистон ин корро накард? Вақте мо дидем, ки аз байн як ҳафтаву ду ҳафта гузашт ва аз ҷониби бисёр ташкилотҳои эҷодӣ ба мо занг заданд, ба академияи илмҳо занг заданд, ки чаро шумо ба ин масъала бепарвоӣ мекунед. Ҳамаи моро вай гӯё дашном дод. Ба ҳамин хотир мо ташкилотҳои эҷодӣ ҷамъ шудем. Мо ҳатто рӯзноманигорони озодро ҳам даъват кардем, ки фикри онҳоро фаҳмем. Мо гумон кардем, ки вақте мо даъват мекунем, ин хонум эҳтимол узр пурсида бошад. Ё агар мо нафаҳмида бошем, фикрашонро тавзеҳ карда бошанд, ки ман ба ин маънӣ не, ба дигар маънӣ гуфтаам. Ҳоло дар ин мусоҳиба мегӯянд, ки як қисми зиёиёнро гуфтаам. Ҳатто агар як нафар одиро бигзор зиёӣ ҳам набошад, деҳқон ё коргар ва умуман инсон бошад, «гуҳ» гуфтан мумкин аст? Аз рӯи фаросати инсонӣ ва одоби журналистӣ мумкин аст? Ленин аз рӯи қаҳру ғазаб дар доираи маҳдуд чанд нафарро гуфт. Шояд ӯ забони тоҷикиро дуруст намедонанд. Дар дохили як кишвар зиндагӣ карда, мардуми онро бад дидан бадтарин чиз аст. Ман бисёр мехоҳам бародарони рӯзноманигори мо инро фикр кунанд, ки агар ин гапе, ки ин хонум гуфт, дар ягон кишвари дигар мебуд, он хонумро худи зиёиёнашон пӯст меканданд. Вале мо мардуми содабину раҳмдил ҳастем. Бовар мекунем. Ҳоло ин хонум боз як гап-ним гапи дигар мегӯяд, бовар мекунем. Хонум Олга, вақте шумо зиёиён мегӯед, он ҷо зиёиёнро ба қисматҳо ҷудо накардед. Нагуфтед, ки ман ин қисмати зиёиёнро дар назар надорам. Агар мегуфтед, ки ман ҳамаи он зиёиёнро дар назар надорам, шояд ин гапҳо ба миён намеомад. Кадом зиёӣ мегӯяд, ки ба ман дахл надораду ба ту дахл дорад. Вай худро таҳқиршуда мешуморад. Агар ташкилотҳои журналистӣ ҷамъ меомаданду ба ӯ мегуфтанд, ки шумо на танҳо зиёиёни дигар, балки мо ва худатонро ҳам чунин гуфтаед, шояд танбеҳ медоданд. Азбаски ҳама хамӯшӣ ихтиёр карданд, ҳамин тундравӣ ба вуҷуд омад.
“Озодӣ”: Эълони он, ки Иттиҳоди нависандагон ва созмонҳои дигар муҳаррири “Азия-Плюс”-ро ба додгоҳ кашонданиянд, сарусадои зиёд ба бор овард. Баъзеҳо дафъатан ин ташаббусро танқид карданд, ки зиёиён дар ду даҳаи гузашта ба ягон масъалаи муҳими кишвар ва дардҳои ҷомеа вокуниш накарданду ҳоло барои як калима садо баланд мекунанд. Шумо ба чунин ҳарфҳо чӣ посух медиҳед?
Меҳмон Бахтӣ: Ин гап ҳам хандаовар аст. Ягон вақт дар ҳаққи зиёиён ягон кас «гуҳ» гуфта буд. Ин гапи бисёр вазнин аст, ба ҳамин хотир. Мо ҳамеша фикр мекунем, ки ин кирои гап намекунад. Худи он зан кӣ аст, ки мо ба вай рӯбарӯву сарбасар шавем. Аз рӯи урфу одатҳои пешин мо ҳамеша занро ҳурмат мекунем. Вақте аз забони зан чунин ҳақорат аз саҳифаи як рӯзномаи бисёр маъруф навишта мешавад, чӣ бояд бикунем? Худи ман ин рӯзномаро эҳтиром мекунам. Вақте вазирҳоро танқид мекарданд, масъалаҳои ҷолибро рӯзномаҳо мебардоранд, мо ягон бор ҳамроҳ шудем, не. Мо ягон бор гуфтем, ки чаро шумо ин гапро мегӯед? Дар бораи фасод ҳар суханҳое, ки мегӯянд, мо ҳам ҳамроҳ ҳастем. Мо, иттиҳодияи адибон ба онҳо ҳамроҳ ҳастем, ки бисёр масъалаҳои ҷиддиро мебардоранд, камбудиҳои вазоратҳоро мегӯянд. Мо ба ҷону дил ҳамроҳ ҳастем. Аммо ин гап дигар асту он тарзи масъалагузориҳо дигар аст. Бояд бародарони рӯзноманигори мо фаҳманд, ки мо ба хотири чӣ ин масъаларо бардоштем. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳо ба мо занг заданд, ки гӯё мо хамӯшӣ ихтиёр кардем.
“Озодӣ”: Намешуд, корро то додгоҳ набареду тавассути матбуот посух гӯед?
Меҳмон Бахтӣ: Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз номи мо узви раёсати Иттифоқи нависандаҳо навиштанд. Дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» ҳам бо номи «Нигоҳи каҷбин» як чиз нашр кардем. Агар ман раиси Иттифоқи нависандагон намебудам, медонистам бо он зан чӣ кор кунам. Ҳамин вазифаам маро нигоҳ доштааст. Бисёр рафиқон ҳам ҳамин гапро гуфтанд, вале мо гуфтем, сабр кунед. Вале дар ин сӯҳбаташ ҳам узр нахостааст. Худо медонад, ӯ чӣ гуна инсон аст, хислаташ чӣ гуна аст. Ин хонум аз ҳад гузаронд. Ба чеҳраи зиёиён гӯё як торсакӣ зад. Аммо худаш кист, дар кадом ҳад аст, ҳамчун инсон чӣ арзиш дорад, ман ҳоло таҳқиқ накардаам.
“Озодӣ”: Ин баҳс сабаб шуда, ки нақши зиёӣ дар ҷомеа бознигарӣ шавад. Ба ин қишри ҷомеа ва фаъолияту дастовардҳои он чӣ баҳо медиҳед? Дар замони Шӯравӣ адибон ва ҳунармандон як навъ повазни ҳокимият буданд ва ҳамеша дар сафи пеши таҳаввулоти иҷтимоиву сиёсӣ қарор доштанд. Ҳоло низ оё чунин аст? Дар кадом корҳо зиёиён пешсафанд ва ҷомеаро аз паси худ мебаранд?
Меҳмон Бахтӣ: Аввал ин ки ман ҳамчун намояндаи Иттифоқи нависандагон мегӯям, ки шукр роману повестҳои бисёр ҷолиб пайдо шуда истодааст. Зиёӣ он нест, ки танҳо кишварашро дашном диҳад. Мо бисёр рӯзҳои сахту сангинро аз сар гузарондем. Ман худам дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат доштам, медонам, ки мо бо чӣ душвориҳою азобҳо ба ин рӯз расидем. Вале ман дар он ақида нестам, ки мо бояд ҷомеаро танқид накунем. Агар танқид софдилона бошад, боиси пешравии ҷомеа мешавад, танқиде, ки зери он бозиҳои дигар, маъниҳои дигар, дасти дигар набошад, ақидаҳои беруниҳо набошад.
Дар замони шӯравӣ аз марказ пули калоне ҷудо мешуд, ки асарҳои моро ба забонҳои дигар тарҷума мекарданд. Аммо имрӯз ин хел нест. Бинобар он бисёр асарҳои хуб дар доираи маҳдуд ва нохонда мемонанд. Агар аз хоҳарамон Олга пурсем, аз адабиёти муосири тоҷик ягон чиз медониста бошанд? Агар номашро донанд ҳам, шояд худи асарро нахонда бошад, чунки тарҷума нашудааст. Вале шояд сари қаҳру ғазаб он суханро гуфта бошад? Шояд Бозор Собир ё тамоми миллати тоҷикро бад медида бошад? Нону намаки ин мардумро хӯрда ҳамин хел гапро мегӯяд.
“Озодӣ”: Баъзеҳо аз он интиқод мекунанд, ки зиёиён бештар дар ғами зиндагии худанд ва дар вохӯриҳои ҳарсола бо раисиҷумҳур аз мадҳу ситоиш кор мегиранд, то мушкили хусусии худро ҳал кунанд. Назари Шумо чист?
Меҳмон Бахтӣ: Дар мулоқоти зиёиён бо президент аксари зиёиён аз Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагон ва бисёр ташкилотҳои эҷодӣ гули сари сабад иштирок мекунанд. Агар хонум фикру ақидаашро дар бораи Бозор Собир гуфта бошад, чаро ба тамоми зиёиён бор мекунад? Зиёиён, бубахшед, ҳар кас роҳу андешаи худро дорад. Дар маҳфили зиёиён, ки ҳар сол президент дар арафаи Наврӯз доир мекунанд, иштирок мекунем, танҳо суханоне, ки ба манфиати ин ё он зиёӣ бошад, набуд. Ягон адиб нагуфтааст, ки китоби маро чаро чоп накардед? Хусусан дар вохӯрии охирин ягон кас дар бораи манфиати шахсии худаш сухан нагуфтааст, балки пешниҳодҳои бисёр ҷоилб буд. Аз Академияи илмҳо Акбари Турсон пешниҳодҳои ҷолиб кард. Нагуфт, ки ба ман хона диҳед, ё китобамро чоп кунед. Низом Қосим ҳам пешниҳодҳои ҷолиб кард. Раиси Иттифоқи рассомон дар бораи ҷойгоҳи кори рассомон, ки аз даст дода буданд ва гардонда гирифтанд, сухан гуфт. Ба президент ташаккур гуфт, ки бо хидмати ӯ ин кор муяссар шуд.
“Озодӣ”: Таърихан дар бораи ҷасорати зиёиёни тоҷик зиёд гуфта ва навишта шудааст. Барои намуна, устод Сотим Улуғзода бо вуҷуди он, ки зери фишор қарор дошт, дар баҳсе Ҷаббор Расуловро дар рӯяш “хам” (“беадаб”) номида буд. Ва ё устод Турсунзода сухани худро ба раҳбари давлат бепарда мегуфт. Бӯринисо Бердиева раҳбаронро барои мухолифаташон ба озодии сухан шадидан танқид мекард ва монанди ин. Дар 20 соли охир зиёии тоҷик чӣ ҷасорат нишон додааст?
Меҳмон Бахтӣ: Вақте мардум вафот мекунанд, дар бораашон ҳар хел қиссаҳову ривоятҳо пайдо мешавад. Мо бо ҳамон устодон зиндагӣ кардаем. Ба сари устод Улуғзода ташвише омад, ки вай ноилоҷ ин суханро гуфт. То замоне ки ба сари фарзандаш чунин ҳодиса наомад, вай ягон бор ҳамин суханҳоро гуфта буд? Устод Улуғзода дар замони шӯравӣ фарзанди замони худаш буд. Ягон тундравии устод Улуғзодаро мо дар ягон ҷо надидаему нахондаем, нашунидаем. Мо яке аз шогирдонашон будам. Вақте фарзандонашонро душмани халқ гуфтанд, устод як гапи хуб гуфтанд: Фарзанди ман 10-15 соли охир аз ман ҷудо, бо шумо буд. Дар Маскав дур аз ман зиндагӣ мекарданд. Ман бояд аз шумо пурсам, ки чаро фарзанди ман хиёнат кард. Чаро Иттиҳоди Шӯравиро тарк кард? Вақте мехостанд устодро аз ҳизб берун кунанд, ҳамон ҷо тандравӣ карда буд. Дар замони мо ҳам баъзе мақолаҳо чоп мешаванд. Дар мақолае, ки ман дар «Литературная газета» чоп карда будам, бисёр гапҳои ҷиддӣ ҳаст. Дар мақолаҳое, ки ҳамкасбони мо ба маҳалҳо мераванд, камбудиҳоро ошкор мекунанд. Ин хел нест, ки фақат таърифу тавсиф мекарда бошанд. Аз ҷониби дигар, мо ба даврае омадем, ки сулҳу салоҳ шуд, корҳои ободиву созандагӣ дар ҷумҳурӣ шуд. Магар он ки корҳои ободиро шору нависанда диду васф кард, ганда аст? Агар дашному ҳақорат диҳад, баъд зиёии ҳақиқӣ мешавад? Мо ҳамеша гузаштаро боло мебардорем, ҳам шахсиятҳои алоҳидаро, аммо имрӯзро не. Чунки оби дари хона хира мегӯянд. Имрӯз ҳам адибон, олимон, рассомон корҳои бузурге карда истодаанд. Корҳои солҳои охири рассом Суҳроб Қурбоновро дар Маскаву Хитой эътироф мекунанд. Ман барои повести «Хубон» ҷоизаи ба номи Островсикйро гирифтам. Ягон ҷо худнамоӣ намекунам. Дар вақташ ман дар қатори Генрих Баравик, Мустай Карим ва Иброҳимбеков мукофоти якҷояи Иттифоқи нависандагон ва вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравиро барои асари «Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ» гирифта будам. Асарҳои дигари таърихиам низ ҷоизаҳо гирифтанд.
“Озодӣ”: Баргардем ба қазияи Олга Тутубалина. Ба фикри Шумо, оё бо додгоҳӣ кардани ин қазия зиёиён, ки бояд аз ҳомиёни озодандешӣ ва озодии баён бошанд, ба вазъи равонии ҷомеа ва эътибори худ чӣ таъсир хоҳанд гузошт?
Меҳмон Бахтӣ: Озодбаёниро мо ҳамин тур мефаҳмем? Озодбаёнӣ магар дашному таҳқир аст? Ин озодбаёнӣ не, бемаърифатӣ аст. Ин тарзе, ки ин хонум ишора кард, ин бефаросатӣ аст. Вақте онҳо бе ҳақорату таҳқир ва рӯйрост мегӯянд, қабул дорем. Тарзи мақоланависӣ чунин аст. Вале вақте вай мегӯяд, ки ба ҳамин гуфтаи ман шумо сазовор ҳастед, мо бояд хамӯш бошем? Дар дигар ҷо мешуд, ин суханро намегуфт. Аз ҳамин содабаёниҳои мо ин зумра мардум истифода мекунанд.
“Озодӣ”: Аслан ин баҳсҳо аз бозгашти устод Бозор Собир шуруъ шуд. Назари шумо ба бозгашти устод чӣ гуна аст?
Меҳмон Бахтӣ: Бозор Собир шоиру маъруфу тавонои Тоҷикистон аст. Вай ин ҷо хона дошт, зиндагӣ мекард. Солҳои пеш ҳам чандин бор омад. Мо дар Иттифоқи нависандаҳо маҳфилашро баргузор кардем. Ин дафъа бо даъвати ҳукумат омад. Ҳамин аз роҳи ҳукумат омаданаш ба ин хонум маъқул нашудааст. Президент чанд дафъае рафтанд, ҳолу аҳволи мардумро диданд, ки мардуми мо дар хориҷи кишвар чӣ гуна зиндагӣ доранд. Президент гуфта буд, ки то охирин фирорӣ ба кишвар барнагардад, ман худро ноором ҳис мекунам. Пеш аз Бозор Собир Акбар Турсун даъват шуд. Чаро дар атрофи Акбар Турсон ҳам ин гапҳо нашуд? Акбар Турсон ҳам яке аз олимони маъруф ва зиёиёни пешқадами мо аст. Бозорро даъват карданд, суҳбат карданд, чӣ хато ҳаст? Бозор як вақт ин хел мегӯяд, дафъаи дигар дигар хел, ин маънои онро надорад, ки шуморо ӯро дашном диҳед. Шумо бо мисолҳо гӯед, ки масалан, ҳақ надоред ин тавр гӯед.
“Озодӣ”: Дар сафари гузаштаи Бозор Собир шумо устодро ба дарёфти унвони Шоири халқии Тоҷикистон пешниҳод карданӣ будед. Оё ҳоло ин тасмим гирифта шуд?
Меҳмон Бахтӣ: Мо се-чор сол пеш ба Бозор Собир занг зада будем, ки агар хоҳед мо шуморо ба дарёфти унвони Шоири халқии Тоҷикистон пешниҳод мекунем. Розӣ нашуда буданд. Ҳоло дигар дар ин масъала бо ӯ сӯҳбат накардаем.