Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гулназар: "Ҳама дар фикри шикам ҳастем..."


Мусоҳиба бо Гулназар Келдӣ, муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ.

Чанде қабл Шоири халқии Тоҷикистон -- Гулназар муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи устод Рӯдакӣ таъйин шуд.

Азбаски пеш аз ӯ Мӯъмин Қаноат дар ин вазифа фаъолият мекард, ҳамин гуна сару садоҳое баланд шуд, ки аз сӯи Гулназар як навъ беэҳтиромӣ нисбат ба устодаш сурат гирифтааст. Дар сӯҳбате, ки бо Гулназар Келдӣ доштем, масъларо бо худи ӯ дар миён бигузоштем.
Одам то китоб нахонад, одам намешавад. Агар мо китоб нахонем, як ҷамъияти ваҳшӣ мешавем. Мо ҳоло фақат дар бораи пул фикр мекунем...


Гулназар: "Қабл аз ҳар чизе дигар бояд бигӯям, ки наздики бист сол дар ин Кумита узвият дорам ва аз тариқи кори он хуб огоҳ ҳастам. Устод Мӯъмин Қаноат соли оянда ҷашни 80-солагии худро таҷлил мекунанд ва борҳо изҳор доштанд, ки мехоҳанд китоби хотироти худро таълиф намоянд. Аз ин ҷиҳат ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ин вазифаро ба афроди ҷавонтар вогузор кунад. Ҳамин сабаб боис шуд, ки ин масъулият дар ӯҳдаи ман бошад. Ман гумон мекунам, ки устод Қаноат аз ин кор ҳеҷ ранҷидахотир нестанд, балки шоданд, ки шогирди худашон дар ин вазифа омадааст. Ман он касро ҳамчун устоди бузургвори худ эҳтиром мегузорам. Он кас зуд-зуд ба кумитаи мо меоянд, маслиҳатҳо медиҳанд. Гумон мекунам, агар он кас дар кумита ҳам набошанд, ҳамеша бо мо ҳастанд ва аз мо маслиҳату машваратҳои худро дареғ намедоранд."

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:19 0:00
Линки мустақим


АСАРҲО "МЕСӮХТАНД"...

Радиои Озодӣ: Дар як сӯҳбате, ки пештар бо устод Қаноат анҷом шуд, гуфта буданд, ки бо хоҳиши худ аз ин вазифа рафтаанд, чун корҳои зиёде доранд, ки мехоҳанд ба итмом расонанд...

Гулназар Келдӣ ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ
Гулназар Келдӣ ҳангоми сӯҳбат дар студияи Радиои Озодӣ
Гулназар: "Воқеан, устод хаста ҳам шуданд. Синну сол, ки рафт, дигар он ғайрати ҷавонӣ ҳам боқӣ намемонад. Дар кумита кор хеле зиёд аст. Асарҳое, ки барои дарёфти ҷоиза пешниҳод мешаванд, пеш аз ҳама аз ҷониби раис бояд баҳогузорӣ шаванд. Раис бояд донад, ки ин асар чӣ қимат дорад, фикру андешаи ӯ ба аъзои кумита таъсир мегузорад. Росташро гӯям, солҳои охир устод тақрибан ин корро карда натавонистанд. Бисёр вақт ин ҷоизаҳо ба таъбири мардумӣ месӯхтанд. Масалан, бояд ҷоизаи адабӣ супорида шавад ва дар раъйдиҳии кумита овозҳо тақсим мешаванд, як кас мегирад 7 ва каси дигар мегирад 10 овоз. Раъйи заруриро, ки довталаб бояд бигирад, гирифта наметавонад. Вақте ду-се бор ба овоздиҳӣ сурат мегирад, вале аз байни се довталаб касе ба таври кофӣ овоз намегирад, ҷоиза ба касе дода намешавад. Худатон медонед, ки вазъи иқтисодии адибони мо он қадар хуб нест. Худи ҷаноби президент боре гуфтанд, ки адибони мо ин қадар сарватманданд, ки ҳар сол ду-се ҷоиза месӯзад. Мо бояд ба ин кор роҳ надиҳем. Албатта, мо кӯшиш мекунем, ки асарҳои беҳтарин соҳибҷоиза бишаванд. Аммо мутаассифона дар давраҳои гузашта асарҳои беҳтарин ва адибони беҳтарини мо ҳамин тавр беҷоиза ва ноком монданд."

ОБРӮИ ҶОИЗАИ РӮДАКӢ

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки ҷоизаи Рӯдакӣ дар замони Шӯравӣ як ҷоизаи мӯътабар ва бо қадру боарзиш ҳисобида мешуд ва дарёфти он хеле мушкил буд, аммо дар даврони истиқлол он обрӯву арзиши пешинаро аз даст додааст. Чун хеле аз онҳое, ки баранда шуданд, сазовор набуданд. Акнун, ки Шумо масъулияти ин кумитаро бар ӯҳда гирифтед, аслу меъёри дарёфти ин ҷоиза чӣ хоҳад буд?

Гулназар: "Тарзи додани ҷоиза ва ё муайян кардани асари сазовор сирфан бо усули демократӣ сурат мегирад. Барои мисол, агар Шумо узви Кумитаи мо бошед, фикратонро ҳатман дар бораи осори пешниҳодшуда - асари бадеӣ, саҳнавӣ, ё асари мусиқӣ мегӯед. Бисёриҳо Шуморо тарафдорӣ мекунанд, яъне ҳамфикрии худро бо Шумо нишон медиҳанд. Аммо вақти овоздиҳӣ, фикрҳо дигар мешаванд. Бадбахтона, шояд ин як хусусияти миллии мо бошад, ки гапи ростро рӯирост намегӯем. Хотирбинӣ мекунем. Аммо ман гумон надорам, ки ҳамаи он нафароне, ки сазовори мукофоти “Рӯдакӣ” шудаанд, арзанда нестанд. Масалан, Сорбон беҳтарин нависанда аст. Намоишномаи Мирзоватан Миров, ки дар Театри Ҷавонон намоиш дода шуд, хеле арзанда аст. Бо вуҷуди ҳамаи ин, дар замони Истиқлолият парешонӣ ба вуҷуд омад. Сатҳи зиндагӣ паст рафт, хонандагони мо аз мутолиа дур шуданд. Мутолиа кардан душвор нест, аммо харидану чоп кардан мушкил аст. Албатта, он шукуфоие, ки адабиёти мо дар солҳои 60-70-ум дошт, имрӯз надорад. Аксаран онҳое ба кори эҷодӣ даст мезананд, ки ҳаваскор ҳастанд. Гумон мекунанд, ки шеър нависанд Турсунзодаву Лоиқ мешаванд ва агар наср нависанд Фазлиддин Муҳаммадиев ё Саттор Турсун. Гумон мекунанд, ки адабиёт ин мисли як ҳуҷраи гарму равшан асту он ҷо баҳузур нишаста эҷод мекунанд. Вақте як ё ду китоб чоп мекунанду мебинанд, ки ҳеҷ ҳангомае нест, баъд даст мекашанд. Ман ҳамчунин раиси Кумисияи қабул ба узвияти Иттиҳодияи нависандагон ҳастам. Ҳоло шумори аъзои Иттифоқи нависандагон аз 200-300 нафар ҳам зиёд аст. Агар пул пайдо кунанд, як ёвар мегиранду дар як рӯз се китоб чоп мекунанд. Чопхонаҳои мо дигар нашриёт нестанд. Онҳо чоп мекунанд, баъди чоп мебинед, ки ҷумлаҳо ғалат. Баъзан ба назди мо меоранду мегӯянд, ки ин роман аст. Роман ин шоҳасари адабиёт аст. Пас, чӣ хел мешавад, ки дар умрат ягон ҳикоя нахондаву нанавишта бошиву яку якбора роман нависӣ? Мо бояд ба адабиёт аз рӯи асарҳои чопшуда баҳо надиҳем, балки аз рӯи маҳорат, истеъдод, мавқеи нависанда ва манзалати асараш баҳо диҳем. Масалан, Баҳманёр, ки аз ин кумита ду дафъа мукофот гирифта натавонистанд, хеле нависандаи барҷаста аст. Бовар дорам, агар асарҳои Баҳманёрро тарҷума кунанд, дар ҷаҳон дар баробари шедеврасарҳо хонанда пайдо мекунанд. Мутаассифона, сафи хонандагони мо хеле кам аст."

МОДЕЛИ ОФАРИДАИ ТУРСУНЗОДА

Радиои Озодӣ: Меъёри қабул ба узвияти Иттифоқи нависандагон ҳанӯз ҳам шумораи китоб аст?

Гулназар бо Гулрухсори Сафӣ
Гулназар бо Гулрухсори Сафӣ
Гулназар: "Бале. Ин меъёр дар оиннома аст, чопи се китоб. Агар адибони барҷаста пайдо мешуданд, ба ин меъёр нигоҳ намекарданд. Ман дар ёд дорам, ки устод Лоиқ вақте дар як маҷлис шеъри бахшида ба модарро қироат кард, устод Турсунзода ба ҳадде мутассир шуд, ки гуфт аз ин пас узви Иттиҳодияи нависандагон ҳастӣ. Ҳатто дар “Модарнома”-и устод Турсунзода, ки баъдтар пайдо шуд, таъсири он шеъри Лоиқ эҳсос мешавад. Ҳарчанд устод Лоиқ ҳамеша мегуфтанд, ки аз дӯкони Устод (Турзунзода) болотар дӯкон накушоед. Ҳоло, ки дар арафаи ҷашни устод Турсунзода сӯҳбат мекунем, як чизро гуфтанӣ ҳастам, ки устод аз миёни ҳамқаламони худ якбора хеле пеш рафт. Он кас модели шеъри навро офариданд, ки баъдан Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Мӯъмин Қаноат, баъдтар Лоиқу Қутбиву Мастону Бозор Собиру Гулрухсор ва ҳамқаламони насли имрӯзаи мо онро ба шукуфоӣ расониданд. Моделро Турсунзода офариданд, ки барои мисол шеъри сиёсӣ бояд чӣ гуна бошад, лирикӣ чӣ гуна бошад, дар васфи Модар, Ватан, табиати диёр шеър гӯед, он бояд чӣ тур бошад. Ҳоло аз он солҳо 40-50 сол гузашт, мушоҳидаҳо дигаранд, мо дигарем, аммо сарчашма ҳамон модели офаридаи устод Турсунзода аст."

3 ҲАЗОР ДОЛЛАР. МАБЛАҒИ ҶОИЗА

Радиои Озодӣ: Баргардем сари Кумитаи ҷоизаи ба номи Устод Рӯдакӣ. Баъде, ки Шумо ин масъулиятро қабул кардед, дар ҳайати он кадом дигаргунӣ пеш омад?

Гулназар: "Тақрибан шаст-шаступанҷ фисад аъзои Кумита иваз шуданд. Аз баъзе соҳаҳо раиси муассиса аз баъзеи дигар мутахассис ё намояндаи саршиноси он соҳа. Зеро онҳо ҷамъият, муассиса ва аъзои худро ва муҳимтар аз ҳама асар ва зарфияти эҷодкори онро хубтар медонанд."

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки маблағи ҷоизаи устод Рӯдакӣ кам аст. Азбаски ин ҷоиза аз тарафи давлат тақдим мешавад ва ҷоизаи давлатӣ унвон дорад бояд як маблағи бештар дошта бошад?

Гулназар: "Ман соли 1994 сазовори ин ҷоиза шудам, ки он вақт маблағи он 300 ҳазор рубли русиро ташкил медод. Бисёр беқурб буд ва аз он боз 80 ҳазорашро барои андоз гирифтанд, ки боқӣ монд 220 ҳазор. Бо ин пул барои худам ва хонумам ҳамагӣ яктоӣ кафш харидам. Аммо зиёд шудани маблағи ҷоиза ба вазъи иқтисодии ҷумҳурӣ вобаста аст. Ҳоло фикр мекунам, маблағи ҷоиза бад нест (3 ҳазор доллар). Албатта, дар оянда талош хоҳем кард, ки болотар бурда шавад."

АДИБОН ДАР ПАРЛУМОН

Радиои Озодӣ: Дар ҳар навбати фаъолияти порлумон аз ҷониби ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ як нафар адиб вакил интихоб мешавад. Аз ҷумла Шумо ҳам дар даъвати пешинаи порлумон вакил будед. Гуфта мешавад, ин амр идомаи анъанаи замони ҳизби коммунист дар Шӯравист, ки аз ҳар касбу пеша як нафар вакил интихоб мешавад. Назари Шумо чӣ аст, оё порлумон ҷойи адиб ҳам ҳаст?

Гулназар: "Порлумони имрӯзаи мо аз порлумони давраи Шӯравӣ фарқи зиёд дорад. Порлумони мо порлумони касбист. Ҳоло ҳамчуноне, ки пеш роиҷ буд, намешавад деҳқон, коргар ва ё раққосаеро пешбарӣ кард. Дар замони пеш аз рӯи реҷаи муқарраркардаи ҳизб, аз ҳар касб вакил интихоб мешуд. Имрӯз фақат мутахассисон пешбарӣ ва интихоб мешаванд. Масалан, вақте ман вакил интихоб шудам дар Кумитаи илм, фарҳанг, сиёсати байни ҷавонҳо кор мекардам, ки ин масоилро ман медонам. Ҳоло дар порлумон Низом Қосим ва як нафар нависандаи мо Маҳмадраҳим Каримов - раиси собиқи корхонаи сементбарорӣ вакил ҳастанд. Будани як нафаре, ки забонро хуб медонад, матнҳои қонунҳоро таҳрир мекунад, муҳим аст. Албатта, дар порлумон тарҷумонҳо ҳам фаъолият доранд, ки кори таҳрирро ҳам пеш мебаранд, вале таҳрири вакил муҳим аст. Гумон мекунам, он қонунҳое, ки қабул мешаванд ва ё ба бархе аз онҳо ислоҳоту иловаҳо ворид карда мешавад, Низом Қосим як бор ҳамаи онҳоро мебинад, таҳрир мекунад. Забони қонунҳо хубтар мешавад. Забони қонунҳои пешинаро бо имрӯза қиёс кунем, фарқият зиёд аст. Гоҳо нашрияҳои мустақили мо менависанд, ки вакилони мо дар толор менишинанду танҳо бо пахши тугма машғуланд. Аммо ин тавр нест. То оне, ки онҳо як қонунро таҳия ва омода кунанд, хуни дил мешаванд. Аввал матни онро дар кумитаҳо баҳсу баррасӣ ва таҳририу такмил карда, сипас, ба маҷлис мебароранд. Баъдан дар маҷлис ба оромӣ тукмаро пахш мекунанд. 5 октябри соли 2009 мо қонуни забонро қабул кардем. Лоиҳаи ин қонун дар кумитаи мо борҳо мавриди баҳсҳои ҷиддӣ қарор гирифт; иловаҳо ворид мешуданд, моддаҳо тағйир мехӯрданд ва то чаҳор моҳ кашокаш болои он идома ёфт. Дар маҷлис ҳам даргириҳо шуд, ки масалан барои чӣ забони русӣ забони давлатӣ нест. Мо забони русиро ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо нигоҳ доштаем. Ва дар Қонуни асосӣ ҳам ин нукта таъкид шудааст. Аз ин рӯ он забони давлатӣ буда наметавонад. Дар ин қонун таъкид шудааст, ки дар ҳамаи ташкилоту корхонаву муассисаҳо коргузорӣ бояд бо забони давлатӣ сурат бигирад. Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз мансубияти миллӣ бояд забони давлатиро донад. Ин меъёри қонун бисёр муҳим аст. Шоҳид ҳастед, ки бист сол пеш, онҳое, ки ҳамроҳамон мезистанд, моро ва забонамонро писанд намекарданд. Дар маҷлисҳо касе ба забони модарӣ ҳарф мезад, ӯро водор мекарданд, ки русӣ гап занад. Имрӯз комилан дигар аст. Коргузорӣ 99, 5 дар сад бо забони давлатист. Дирӯз як кас аз ман пурсид, ки чаро қонуни забони давлатӣ ба тасвиб расид, аммо амали он муассир нест. Ман гуфтам, ки қонун барои як ё ду рӯз нест. Қонун дар даҳсолаҳо амалӣ мешавад."

"УМРИ МАРДУМ ДАР ФИКРИ ШИКАМ МЕГУЗАРАД"

Радиои Озодӣ: Аммо имрӯз чаро номзадии як нависанда ё адиб аз ҷониби мардум ба порлумон пешниҳод намешавад. Масалан, чуноне дар солҳои навад номзадии устод Бозор Собир аз ҷониби мардум пешниҳод шуда буд?

Гулназар: "Шумо медонед, ки қисмате аз вакилони Маҷлиси Намояндагон аз рӯи феҳристи ҳизбӣ интихоб мешаванд. Масалан аз ҲХД, ҲК ва ё ҲНИТ. Онҳое ҳам, ки аз тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд, асосан аҳзоб пешниҳод мекунанд. Ин як тарафи масъала. Тарафи дигар ин ки имрӯз мардуми мо нависанда ва шоирони худро намедонад. Намешиносад. Масалан, ман меравам мегӯянд, ки Гулназар аст. Муаллифи Суруди Миллии Тоҷикистон. Аммо Гулназар танҳо суруди миллӣ нанавиштааст-ку. Мутаассифона ҳоло ҳамин тавр аст. Кай медонанд, ки Кӯҳзод чӣ навиштааст, кай медонанд, ки Саттор Турсун чӣ навиштааст.

Ҳеҷ кас нест, ки дар фикри дили худ бошад,
Умри мардум ҳама дар фикри шикам мегузарад.


Ҳоло мо ҳама дар фикри шикам ҳастем. Вақте ки кам-кам шикам сер мешаваду мо аз фикри он халос мешавем, баъдан дар бораи дил фикр мекунем. Дар ҳама давру замонҳо, ҳатто дар замони Шӯравӣ ҳам шукуфоии адабиёт дар замони некӯаҳволии мардум ба миён омад. Солҳои шастуму ҳафтодум, ки шиками мардум сер шуд, ба таъбире коммунизми мо буд, адабиёт шукуфт. Ҳар вақт, ки мушкилӣ ҳаст, адабиёт пеш намеравад. Чаро дар замони Сомониҳо адабиёт пеш рафт, ин қадар шоиру нависандаҳо ба майдон омаданд, устод Рӯдакӣ пайдо шуд? Чунки замони хуб буд. Замона хуб шавад, адабиёт ҳам хуб мешавад ва мардум ба адабиёт рӯ меоварад."

Радиои Озодӣ: Ё шояд иллат он бошад, ки адибон ва адабиёти мо он нақшу мақомеро ки пештар дошт, аз даст додааст. Мавқеи иҷтимоии адабиёт ва адибони мо ҳоло хеле заиф аст...

Гулназар: "Ман чунин гумон намекунам. Мо барои он чунин хулоса мекунем, ки ин адабиётро намехонем. Ман, ки дар дохил ҳастам ва пайваста мутолиа мекунам, метавонам бигӯям, ки бисёр чизҳои аҷиб ҳам таълиф шудааст. Гуфта намешавад, ки ҳамаи онҳо хуб аст. Аммо бисёр чизҳои аҷиб ҳаст, ки ҳатто худи адибон намехонанд."

АГАР ИМРӮЗ ТУРСУНЗОДА МЕБУД, ТУРСУНЗОДА БУД?

Радиои Озодӣ: Ин ҷо устод на танҳо таълифоти адибон дар назар аст, чун аз адабиёт ва иҷтимоъ ва сиёсат сӯҳбат мешавад ҳамчунин ҷойгоҳи онҳо дар ҷамъият, сӯҳбатҳои онҳо суханронӣ ва баромадҳои онҳо дар назар аст. Он нақше ки Турсунзода дошт, ҳоло раиси Иттиҳодияи нависандагон надорад. Масалан, бо пешинаҳо мақомот ҳисоб мекарданд, машварат ва маслиҳат мепурсиданд ҳоло чунин нест...

Гулназар: "Гап сари он аст, ки мардум саргардони худ аст. Боз тарафи дигар масъала низ ҳаст. Масалан, Қутбӣ Киром дар бораи Мирзо Турсунзода як достони хуб доранд. Бо номи “Аввалин дидор”. Он кас чи тавр бо устод Турсунзода бори аввал дидор доштани худро тасвир кардаанд. Турсунзодаро дар ноҳияи Айнӣ тасвир мекунанд. Агар маркази ноҳияи Айниро дида бошед, дар он ҷо як манори хеле қадимае бо номи “Варзи манор” побарҷост. Шоир мегӯяд, ки вақте Турсунзода дар паҳлуи манор рост истод, дидам, ки ду манор қомат боло карданд. Шоир мегӯяд, ки:

Яке афсурдаи давру замон буд, (Дар ҳақиқат он манор сахт афсурда аст)
Дигар парвардаи давру замон буд. (Дар мо ҳамин парвардан нест)

Шумо гумон мекунед, агар Турсунзода имрӯз мебуд, Турсунзода буд? Набуд албатта. Турсунзодаро давлати бузурги шӯравӣ Турсунзода кард. Ҳизби коммунист Турсунзода кард. Турсунзодаро ҷаҳонгард кард. Вақте Турсунзода дар сафарҳо дунёи гуногунро дид, вақте ки бо инсонҳои бузург ҳамсӯҳбат шуд, Турсунзода шукуфт. Чаро дар мақоми Турсунзода Боқӣ Раҳимзода нест, барои чӣ Миршакар нест? Ҳамин тавр не. Барои чӣ Раҳимӣ нест, барои чӣ Суҳайлӣ нест, Аминзода чаро нест? Ман гумон мекунам, ки Аминзода аз ҷиҳати маҳорат бисёр шоири фавқулодда буд. Аммо бо ҳамин дегу табақи тоҷикии худаш монд. Адабиёти имрӯзаи мо ҳам бо ҳамон дегу табақи тоҷикии худаш аст. Мо минбар надорем. Аз ҳама беҳтарин минбари мо, агарки хуб ҳиммат шавад дар Эрон ягон китоб чоп мекунем ё дар Афғонистон. Дар замони Шӯравӣ агар як шеъри хуб пайдо мешуд, ба зудӣ дар матбуоти марказӣ ба чоп мерасид ва чун СССР ними дунё буд, нисфи дунё огаҳ мешуд, ки барои мисол ман чӣ навиштам. Ман ҳозир намедонам, ки ӯзбакҳои ҳамсоя, рафиқони ман, нависандаҳо, шоирҳо чи менависанд ва ё қирғизҳо. Дар мо ҳамон як шиори хубе, ки ҳоло ҳаст:-гуфтугӯи фарҳангҳо- нест. Мо дар инҳисори худ банд мондем. Мо дар инзиво, дар ҷудоӣ қарор дорем. Дар ҷудоӣ, дар танҳоӣ касе ва чизе пеш намеравад."

НАҚШИ АДИБОН ДАР ҶОМЕА КОСТА ШУДААСТ?

Радиои Озодӣ: Ё ин ки имрӯз ҳукумат ниёз ба ин гуна афрод надорад. Ё ин ки ҳоло он марҳалае нест, ки адибон дар ҷомеа як нақшу мақоме дошта бошанд?

Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик
Мӯъмин Қаноат, шоири саршиноси тоҷик
Гулназар: "Ҳозир давраи мо, давлати мо сосиалистӣ нест, дигар аст. Давлати мо як намуди давлати капиталистист. Дар мамлакатҳои капиталистӣ, давлатҳои сармоядорӣ ба фарҳанг кор надоранд. Ба фарҳанг инсонҳои фарҳангӣ кор доранд. Фондҳо доранд, маблағ доранд ба фарҳангиҳо кӯмак мекунанд."

Радиои Озодӣ: Яъне, ба адабиёт аз мавқеи тиҷорат бархӯрд мекунанду наздик мешаванд?

Гулназар: "Ҳозир Шумо гумон мекунед, ки дар дигар давлатҳо адабиёт ҳаст? Адабиёт нест. Шеър нест. Ҳозир шеър дар эстрада суруда мешавад. Онҳое, ки овозхонӣ мекунанд, матни худашон , оҳанги худашон ва худашон иҷро мекунанд. Ин тавр, ки китоб чоп шавад, шеър нашр шавад ва дар атрофи вай гуфтугӯ бошаду сару садо шавад, нест. Ман худам, ки вакили парлумон будам ҳар сол чанд маротиба ба Санкт-Петербург сафар мекардам. Дар Санкт-Петербург як хонаи бузурги китоб ҳаст. Фурӯшгоҳи бузурги китоб. Шумо агар дар ёд дошта бошед, дар замони шӯравӣ, мо масалан китобҳои Есенин ё Пастернак, ё Булгакову Евтушенко ё Андрей Вознесенкий-адибони бузурги русро пайдо карда наметавонистем. Ҳарчанд, ки китобҳои онҳо бо теъдоди 200, 300 то 1 миллион нусха чоп мешуд. Ба мо дастрас намешуд. Ман, ки дар ҳамин фурӯшгоҳи китоби Санкт-Петербург будам, дидам, ки китобҳои он бузургон дар рафҳо хоб аст. Ва теъдоди онҳо 500 ё 1000 нусха аст. Аммо ҳамонро ҳам харидорӣ намекунанд. Қироату мутолиаи китоб мутаассифона аз байн рафтааст, меравад. Ҳозир ҷойи онро интернет мегирад. Ҷойи онро китобҳои тасвирӣ мегирад.Оянда чи мешавад, намедонам. Аммо бо вуҷуди ин, китоб бисёр чизи муҳим аст. Китоб бояд чоп ва хонда шавад. Китоб бояд ба харидор рафта расад. То ин, ки ба Кумитаи ҷоизаҳо оям, тақрибан як сол ҷонишини раиси нашриёти “Адиб” будам. Мо китоб чоп мекунем аммо онҳо дар анбори нашриёт хобанд. Сохторе нест, ки онҳоро барад ба маҳалҳо бифурӯшад. Дар ягон маҳал тақрибан ягон дӯкони китоб мавҷуд нест."

ЧАРО БОЯД КИТОБ БИХОНЕМ?

Радиои Озодӣ: Барои чӣ масалан як нафар китоб хонад?

Гулназар: "Барои он ки одам шавад. Одам то китоб нахонад, одам намешавад. Агар мо китоб нахонем, як ҷамъияти ваҳшӣ мешавем. Мо ҳоло фақат дар бораи пул фикр мекунам. Шумо тасаввур кунед, ки як ҳикояи хуб, як қиса ё романи хуб хонда шавад, ба одам чи қадар таъсир мегузорад. Ман метавонам дар мисоли филмҳои ҳиндӣ бигӯям. Филмҳои ҳиндӣ намунаҳои хубу олиҷаноби ҳунарӣ ҳам дорад. Аммо аксари ин филмҳо бисёр содда, агар ба забони адабиётшиносиву санъатшиносӣ гӯем примитив. Аммо тамошобин ҳатман гиря ҳам мекунад. Ҳамин, ки аз толор берун мешавад ҳатман худро одами дигар ҳис мекунад. Яъне тарбия мекунад. Барои чӣ адабиёт пайдо шудааст, барои чӣ мардум аз қадим шеъру қисса ё афсона гуфтанд? Ҳамаи инҳо барои тарбияи инсон зарур аст. Агар ин чизҳо аз байн равад, мутолиа набошад, мо ҳама робот, як қисме аз он мошинҳое, ки дар асри 20 ва 21 пайдо шуданд, мешавем. Мисли мошин фикр мекунем, аз рӯи барнома( программа) мехезем аз хоб, кор мекунем, мехӯрем ва боз хоб меравем. Бо ҳамин тамом. Андеша, идрок ва эҳсос нест. Ҳозир бозор равед, дар дасти ҳама калкулятор аст. Тукмаро пахш мекунаду ҳисоб мекунад, аммо бо ақлу дониши худаш ду карат ду чорро намедонад."

"ЛИДЕР НАДОРАНД"

Радиои Озодӣ: Ҳоло ҷомеаи мо ба як ҷомеаи сармоя ва сармоядорӣ табдил шудааст. Ҳар касе ҳам, ки чизеро мехарад, ба хотири дарёфти манфиат ин корро мекунад. Як одам аз инки китоб мехарад, чӣ баҳра (манфиат) хоҳад бурд?

Гулназар: "Шумо дар ёд дошта бошед дар замони Шӯравӣ як теъдод китобҳое буд, ки пешакӣ пулашро падохт мекардед, обуна мешудед, ҳамчуноне, ки дар Эрону Афғонистон ҳоло ҳам ҳам ҳаст, дар чопи он иштирок мекардед, ҳаққи он китобро медодед, баъд он дастрас мешуд. Дар қатори чизҳои зебо он китоб дар ҷевон нигоҳ дошта мешуд. Он одам шахсан худаш он китобро мехонд ё намехонд маълум набуд, вале аз миёни фарзандҳо ва ё бастагонаш нафаре пайдо мегардид, ки он китобро мехонд. Масалан ман қариб 6 ҳазор китоб дорам, як хонаи ман пур аз китоб аст. Ман аксарияти онҳоро хондаам, даркор шавад боз варақ мезанам. Аммо на ҳамаи фарзандони ман шавқ доранд, ки китоб хонанд. Вале шабурӯз бо компютер машғуланд. Маълумот мегиранд, мехонанд, бозӣ мекунанд. Аммо оне, ки китоб мехонад хеле кам, ба нудрат, хеле кам иттифоқ меафтад. Бо вуҷуди ҳамаи ин ман гуфтаниам, ки инсон гузаранда аст. Вақте ки сатҳи зиндагии мо хуб мешавад, мардум ҳатман боз ба китоб рӯ меорад. Аммо ҳоло чуноне гуфтам роҳҳои дигари гирифтани маълумот ва мутолиа пайдо шудааст. Ҳоло барои китоб хондан китобхона рафтан шарт нест. Супориш медиҳед дар оинаи компютер пайдо мешавад, мехонед. Ман ба ҳамаи саволҳои шумо мухтасар чунин мегӯям, ки дар замоне, ки адабиёти мо шукуфоӣ дошту устод Лоиқ буду устод Мӯъмин Қаноату Бозору Гулрухсор ҳаст ва ё масалан Саттор Турсун, Ҳақназар Ғоиб, Сайидалӣ Маъмур инҳо ҳастанд. Мегӯянд, ки инҳо пешсаф, парчамбардони назм ё насри мо ҳастанд, яъне ҳамаи онҳо, онҳое, ки номдор ҳастанд аз ҳамон солҳои шастум мондаанд, ки имрӯз зинда ҳастанд. Инҳо сатҳу савия ва дараҷаи худро боло бардоштанд, такмил доданд ва ё дар ҳамон дараҷа боқӣ монданд. Аммо онҳое, ки ба миён меоянд, тақрибан дар як сатҳ ҳастанд. Лидер надоранд. Адабиёти Эрону Афғонистонро мехонанд, аз онҳо дар навиштан пайравӣ мекунанд, шеърҳояшон тақлидкорона офарида мешавад. Аммо оне, ки худ мустақил бошад, овоз дошта бошад, ки мисли Лоиқ тӯдакаш бошад, адабиётро ба роҳи нав барад ҳанӯз пайдо нашудааст. Аммо ман гумон мекунам, ки пайдо мешаванд, дунё ба умед аст."

"ГУЛНАЗАР "ЧЕРЕЗ" НАКАРДААСТ"

Радиои Озодӣ: Ҳоло ба як мавзӯи дигар, ба мавзӯи Суруди миллӣ, гимни давлати Тоҷикистон, ки муаллифаш Шумо ҳастед, баргардем. Албатта дар бораи он хеле зиёд гуфтанд. Ҳатто ин тавр ҳарфҳое ҳам гуфта шуд, ки Гулназар аз роҳҳои ғайримаъмулӣ баранда шуд. Гӯиё Гулнзар “через” карда бошад. Аммо воқеияти интихоби суруд чӣ гуна буд?

Гулназар: "Албатта, ин тавре гуфтед, нест. Озмуни Суруди миллӣ ба таври пӯшида доир шуд ва чаҳор сол идома ёфт. Ҳар вақте ҳукумат дигар мешуд боз талаботи нав мегузошт. Чун ҳокимияти конститутсионӣ сари кор омад, озмунро давом дод. Ман худам узви ҳакамон будам. Устод Қаноат ҳам узви ҳайати ҳакамон буд. Ҳамчунин домулло Шакурӣ, Лоиқ, Аскар Ҳаким. Аксари шоирон ва оҳангсозони мо дар ин озмун иштирок доштанд. Чи хеле гуфтам, озмун пӯшида ҷамъбаст шуд ва касе намедонист, ки шеър ё оҳанг аз кист. Бубинед, ки ҳукумати нав ҳам, ки соли 92 рӯи кор омад то соли 94 то сентябр Суруди миллии худро надошт. Ҳарчанд ки нишону парчамаш дар ин вақт қабул шуда буд. Дар марҳалаи охир 114 суруд бо оҳангаш пешниҳод шуд, аммо шеърҳои бидуни оҳанг ба маротиб бештар буданд. Бояд бигӯям, ки ҷойи дуюм ҳам насиби ман шуда буд. Ҷойи сеюмро устод Лоиқ гирифт. Аз тариқи ововздиҳии пинҳонӣ аз миёни 114 то, панҷтоашро интихоб карданд. Дар миёни ин панҷто:- дуто аз устод Лоиқ ва дуто аз ман буд. Якеи дигараш ҳам ба фикрам аз устод Лоиқ буд бо оҳанги Дамир Дӯстмуҳаммадов. Аз миёни ин панҷ матн, матни ман бо оҳанги С. Юдаков дар ҷойи пеш буд. Аз ин чаҳор тои дигар бо тахминан 20 овоз фосила дошт. Барои чӣ ҳамин тавр шуд. Шоҳид ҳастед, ки дар атрофи ин суруд дар расонаҳои гурӯҳӣ баҳсҳо хеле зиёд шуданд. Яке аз рӯзномаҳо хост, ки ҳамон матнҳоро чоп кунанд. Як ду бор чоп карда диданд, ки дар пояи матни ман намерасад, дигар бас карданд. Ман худтаърифкунӣ намекунам. Аммо шояд бозёфти ман ҳамин буд, ки бар оҳанги қадима матн навиштам. Чунки борҳо дар ҷаласоте, ки ҳакамон ҷамъ меомаданд, мегуфтанд, ки ягон оҳанг ҷавобгӯи талаботи гимн нест. Яъне вай бояд муҳташам ва мутантан бошад ва касро ба шавқ оварад. Аммо ҳамааш ин тавр набуд. Сурудҳои оддӣ. Ҳоло, ки таваҷҷӯҳ мекунед ба ТВ ва Радио, ки сурудҳои дар васфи Тоҷикистонро зиёд пахш мекунанд, инҳо аз ҳамонҷо мондаанд. Ҳамаашон сурудҳои оддӣ. Ман нотаи суруди Юдаковро аз Энсиклопедияи тоҷик пайдо кардам:-“ Чу дасти рус мадад намуд, бародарии халқи совет устувор шуд”. Ана ҳамин як-ду се мисрааш аз устод Лоҳутӣ оҳанг дораду халос. Дигараш ҳамин тавр дар ҳавои мусиқӣ сохташудааст. Ин шеърро ман ба қолаби вазни арӯз даровардам. Нақарот надошт. Аммо “Зинда бош эй ватан, Тоҷикистони озоди ман” тамоман чизи нав аст. Вале ман онро натавонистам ба ягон оҳангсоз нишон диҳам, чун ҳамаи онҳо дар озмун иштирок мекарданд. Фақат Лола Толис, духтари нависандаи бузургамон Пӯлод Толис, ки ширкат надошт ва дар ҳамсоягии мо мезист нотаро ба назди ӯ бурдам. Пианино дошт, навохту навохту навохт. Ҳамин тавр буд, ки “Зинда бош эй ватан Тоҷикистони озоди.. аммо ҳамин калимаи “ман” намеғунҷид. Гуфт, ки инро дигар мекунӣ. Гуфтам ҳеҷ дигар намекунам. Чунки беҳтарин нақарот буд. Ва дар инҷо Лола як ҳиҷо афзуд. Агар шумо оҳангҳоро гӯш кунед, вақте аз рӯи оҳангҳои қадима менавозанд “Зинда бош эй ватан, Тоҷикистон озоди ман, аммо “ман”-ро зуд талаффуз кардан даркор аст. Як ҳиҷо инҷо изофа кард. Онҳое, ки мегӯянд ин супоришӣ буд, дурӯғ мегӯянд. Ман дар ҷараёни ҷамъбасти озмун, дар Театри опера ва балети Душанбе ҳузур надоштам. Мегӯянд, ки вақте лифофаро оварданд, ҳама дар ҳаяҷон буд, ки аз они кӣ гузашта бошад. Вақте боз карданду муаллиф маълум шуд, ҳама бархоста кафкӯбӣ мекунанд. Президенти имрӯзаамон, ки он вақт раиси Шӯрои олӣ буд мепурсад, ки куҷост Гулназар. Вале мо барои онҷо рафтан ҳақ надоштем. Ҷойи якуму дуюм насиби ман шуд ва ҷойи сеюм насиби устод Лоиқ. Бозии мардона буд. Агар супоришӣ мебуд, супориш медоданд, ки устод Лоиқро ҷойи аввал бигузоранд. Шоири барҷастаи мо буд. Ман медонам, ки ҳам устод Қаноат ва ҳам Гулрухсор аз ман гумонбар шуданд, ки ман ягон роҳ ёфтаам. Аммо ин тамоман дурӯғ аст. Абдулмаҷид Достиев, раиси ҳакамот буд. Мо тақрибан ҳар ҳафта ҷамъ омада матнҳоро хонда оҳангҳоро гӯш мекардем. Устод Лоиқ дар ҳамон маҷлис мегӯяд, ки ин беҳтарин матн аст. Ин ҳам нишонаи мардона эътироф кардан аст. Аммо онҳое, ки дигар ҳарфҳоро мезананд аз адабиёт хабар надоранд. Аз шеър хабар надоранд. Баъзеҳо, ҳатто суханҳои устод Қаноат буд, ки мегуфт, ҳамин маршу тантанаву ҳайёҳу ба диламон зад. Бояд як чизи нозук мебуд. Аммо ин тавр нест. Ман тақрибан гимнҳои ҳамаи давлатҳоро гӯш кардам. Бояд ҳамин гуна бошад, як чизи мутантан, пуршукӯҳ бошад. Дар воқеъ оҳанги Юдаков беҳтарин оҳанг аст. Онҳое, ки аз ин оҳанг хабар доранд, мегӯянд, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ, баъди гимни СССР оҳанги гимни мо беҳтарин дониста мешудааст."

"ТУ АЗ ГУЗАШТАГОНИ БЕНИШОН, НИШОНАӢ..."

Радиои Озодӣ: Барои Суруди миллӣ ҷоиза ҳам пешбинӣ шуда буд. Шумо чӣ ҷоиза дарёфт кардед?

Гулназар: "Вақте ки озмун эълон шуд, гуфтанд, ки ба ғолиб як миллион суми тоҷикӣ инъом мешавад. Як миллион пули хеле калон буд. Ҳафтуми сенятбри соли 1994 Суруди миллӣ қабул шуд. Дар пеш интихоботи президентӣ буд. Моҳи марти 95-ум интихоботи парлумонӣ баргузор шуд. Яъне ҳама саргарм буданду ман он ҷоизаро гирифта натавонистам. Давраи гуруснагӣ буд. Баъд ба рафиқ Достиев, ки ҷонишини аввали раиси Шӯрои олӣ буд, муроҷиат кардам. Гуфтам, ки ҷоизаро гирифтан барои ман шараф аст, аммо барои маблағашро давида гирифтан бешарафист. Алимардоновро, ки раиси Бонки миллӣ буд, даъват карданд. Ӯ гуфт, ки ин маблағро надорад. Он вақт 275 ҳазор баробари 100 доллар буд. Яъне Бонки миллӣ дусад доллар надошт, ки ба ман диҳад. Баъдтар пул боз ҳам беқурб шуд, ба истилоҳ деревянний мегуфтанд. Тамоман қурб надошт. Баъд қисм, қисм доданд. Як сумка пулро гирифта меомадед, бо он танҳо дуто нон метавонистед бихаред. Хуб ҳар чи ҳам буд, дигар гузашт. Ҳозир аз кӯдаки сесола то пирони солхӯрда ин сурудро месароянд. Хонаам дар марказ аст, ҳар саҳар аскарбачаҳо дар назди Кохи Миллат ин сурудро мехонанд. Куҷои ҳамин суруд бад аст? Ман медонам ки ин бадгӯиҳо аз хусумати баъзе нафарон аст. “Диёри арҷманди мо, ба бахти мо сари азизи ту баланд бод...Куҷои ин бад аст?"

Радиои Озодӣ: Он чизе, ки Шумо навистеду пешниҳод кардед бидуни ислоҳ қабул шуд ё ислоҳ ҳам шуд?

Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат бо Гулназар Келдӣ
Абдуқаюми Қаюмзод ҳангоми сӯҳбат бо Гулназар Келдӣ
Гулназар: "Ҳамон мисраъ, ки “Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ” як каме ислоҳ шуд. Чун дар навиштаи аввали ман он ба ин тарз буд: “Ту аз гузаштагони бенишон, нишонаӣ”. Баъд эрод гирифтанд, ки гузаштагонро бенишон гуфтӣ, аммо ман давлатдориро дар назар доштам. Пас ба ҳамон тавре, ки ҳозир ҳаст, худам дигар кардам."

ЁДЕ АЗ ЛОИҚ ШЕРАЛӢ

Радиои Озодӣ: Дар сӯҳбат чанд маротиба аз шодравон Лоиқ ёдоварӣ кардед. Китобе ҳам дар бораи ин суханвари бузург чоп кардаед. Ҳоло ягон хотираи ҷолиберо метавонед нақл кунед?

Гулназар: "Аз ҳар рӯзи будан бо устод хотираҳо дорам. Якешро инҷо нақл мекунам. Ман муҳаррири шӯъбаи назм дар маҷаллаи “Садои Шарқ”-у устод сардабир буданд. Боре нашудааст, ки котибаро ба суроғи ман фиристода бошанд, балки ҳамеша худашон меомаданд. Ба ҳама бо “ту” муроҷиат мекарданд, аммо маро “шумо” мегуфтанд. Як вақтҳо дар “Садои шарқ” аз гузаштагони адабиётамон зери рубрикаи “Мероси гузаштагон” пораҳои наср ва ё назмро чоп мекардем. Рӯзе як рафиқи мо аз як шоир чанд ғазал овард. Мазмунаш ҳамин тавр буд, ки Фарҳод бо тешаи худ ба Бӯстон рафт. Устод ҳамон байти ноқисро зам-зама мекарданду механдиданд. Ӯ ҷои Бесутун бӯстон навишта буд. Баъд хандидану гуфтанд, ки дуруст кардааст. Чун фарҳодҳои имрӯзаи мо фақат дар бӯстон дарахтҳоро мебуранд. Ман дар хиҷолат будам, ки аз зери чашми ман ҳамин як гуна иштибоҳи сахт гузаштааст, аммо он кас онро ба шӯхӣ кашиданд."

ДАР БОРАИ ЗИНДАГИИ ХУД

Радиои Озодӣ: Ҳоло муаллифи Суруди миллӣ чӣ зиндагӣ дорад?

Гулназар: "Панҷ фарзанд дорам. Чор нафараш оиладор буданд. Ду рӯз пеш тӯйи арӯсии духтарчаам буд. Бо писару келинҳоям зиндагӣ дорам. Ду писараму ҳамин духтарчаамро бе модар оиладор кардам. Писари калониам хона дорад, дуюмӣ дар арафаи хонагирӣ аст, хурдӣ бо худам зиндагӣ мекунад. Зиндагиам бад нест. Ҳам маош мегирам ҳам нафақа."

Радиои Озодӣ: Дубора оила барпо накардед?

Гулназар: "Ҳоло на. Аммо дар тараддудаш ҳастем. Ман ваъда карда будам, ки то ҳамаи фарзандони худро ба қавли тоҷикҳо “ҷо ба ҷо” накунам, хонадор намешавам. Иншооллоҳ , ки ҳама ҷо ба ҷо шуд, акнун навбати худам. Дар ин бора, албатта, фикр мекунам. Чунки фарзандҳо ва хешу ақрабо ҳам ин чизро талқин мекунанд."

ШОИРОН: МАРДУМИ РОМАНТИК Ё ҶИДДӢ?

Радиои Озодӣ: Мегӯянд, ки шоирон мардуми сахт ҳавасбозу романтикианд, ҷиддӣ нестанд...

Гулназар: "Ҳавасбозии адибон, аҳли фарҳанг, онҳоеашон, ки машҳур ҳастанд, ба он маъност, ки онҳоро мардум мешиносанд, масалан устод Ҷӯрабек аз роҳ гузарад ҳама мешиносанд, устод Лоиқро ҳама мешинохтанд. Устод Турсунзодаро кӯдаки хокбоз ҳам мешинохт. Онҳо, ки дар байни мардум бисёр пайдо мешаванд, бо воситаи радио ва ТВ зиёд нишон дода, ҳама мешиносанд. Дар чунин ҳолатҳо бисёриҳо мехоҳанд, ки бо онҳо шинос шаванд. Агар меҳру муҳаббату ишқбозӣ карда бошанд, ин ҳавас дигар аст. Масалан устод Лоиқ шояд зиёд ҳавасбозӣ мекарданд аммо дар кори эҷодӣ ҳеҷ гоҳ ҳаваскорӣ намекарданд. Яъне кори асосӣ бояд, ки ҷиддӣ бошад. Албатта номварон маҳбубияти бештар касб мекунанд ва баъзан мешавад, ки ин маҳбубият ба муҳаббат табдил меёбад. Аммо ҳозир тамоман дигар аст. Муҳаббат савдо мешавад. Ҳам чиз савдо мешавад, шараф номус, дӯстдорӣ, ошиқӣ. Ҳозир мизони ошиқиву дӯстдориву муҳаббат дигар шудаст, ин писар ё духтари кист, пул дорад ё не, мошин дорад, хона дорад. Вақте мо ошиқӣ мекардем, ҳеҷ фикр намекардем, ки ӯ аз куҷо ё падараш кӣ аст. Мутаассифона ҳамон тавр, ки гуфтем, мо дар аввали роҳи як ҷамъияти сармоядорӣ, давраи ваҳшонияти он, давраи бенизомиаш қарор дорем, шояд дар оянда хуб шавад, аммо ҳоло вазъ ҳамин тавр аст."

Ҳолномаи шоир Гулназар Келдиев

Гулназар Келдиев, Шоири Халқии Тоҷикистон. 20 сентябри соли 1945 дар рустои Дар-Дари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна факултети забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро дар соли 1966 ба анҷом мерасонад. Фаъолияти кориро аз нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” оғоз ва сипас дар маҷаллаи “ Садои Шарқ” идома медиҳад. Солҳи 1975-1977 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон хидмат мекунад. Аз соли 1991 дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат" ба ҳайси сармуҳаррир ба фаъолият мепардозад. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи "Расми сарбозӣ" дар соли 1969 аз дасти чоп раҳо мешавад. Ҳамин тавр дар нашриёти мухталифи Тоҷикистон китобҳои шеъри ӯ паиҳам бо номҳои "Дастархон”, "Нардбон", "Ағба" ,"Паҳно","Лангар" ,"Пайи дарё" , "Чашми нигин" "Табхола" ва ғайра ба нашр мерасанд. Китоби шеърҳои ӯ бо русӣ дар Русия ва ҳуруфи форсӣ дар Эрон низ мунташир шудааст. Муаллифи чандин асарҳои саҳнавӣ буда шеърҳои шоирони русро ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Аз соли 1973 ба узвияти Иттифоқи нависандагони СССР пазируфта мешавад. Барандаи ҷоизаи Ҷавонон ё комсомол ва мукофти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакист. Муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон аст. Ҳоло муовини раиси Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакист. Соҳиби панҷ фарзанд.
XS
SM
MD
LG