Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоби Низом Қосим ба ҷойи Меҳмон Бахтӣ дар Иттиҳодияи адибон


Низом Қосим
Низом Қосим

Низом Қосим -- шоир ва узви Маҷлиси Намояндагон дар анҷумани чордаҳуми Иттиҳодияи адибон, ки рӯзи сешанбе дар пойтахти Тоҷикистон гузашт, раҳбари нави ин иттиҳодия интихоб шуд.

Низом Қосим, шоир ва вакили парлумони Тоҷикистон, рӯзи 30 июн дар анҷумани чордаҳуми Иттиҳодияи нависандагон раҳбари нави ин иттиҳодия интихоб шуда, Меҳмон Бахтиро, ки тайи тақрибан даҳ соли охир дар ин мақом буд, иваз кард. Қаблан гуфта мешуд, дар баробари Низом Қосим, номзадии Муҳаммад Ғоиб, Назри Яздон ва Маъруф Бобоҷонов низ матраҳ аст. Аммо Муҳиддин Хоҷазод, нависандаи тоҷик, дар анҷумани Иттифоқи нависандагон гуфт, тасмим гирифтаанд, танҳо номзадии Низом Қосим ба овоздиҳӣ гузошта шавад.

ВИДЕО: Гуфтугӯ бо Низом Қосим

Мусоҳиба бо раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00

Низом Қосим ҳоло 57 сол дорад ва аз моҳи марти соли 2010 то кунун ду навбат вакили Маҷлиси Намояндагон аз тарафи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ӯ дар ҳоле ба раъси Иттиҳодияи адибон омад, ки бисёре аз нависандагон интизори тағйирот дар кори ин иттиҳодия ҳастанд. Низом Қосим 35 сол собиқаи кории касбӣ дорад ва дар гузашта ба ҳайси мухбири рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон”, корманди идораи тарғиботии Иттифоқи нависандагон ва муҳаррири нашриёти “Адиб” кор кардааст.

Солҳои 2006 - 2010 директори муассисаи давлатии “Телевизиони кӯдакону наврасон – Баҳористон” ва аз марти соли 2010, ду дафъа вакили Маҷлиси намояндагон буд. Бо мукофотҳои давлатии медали “Хизмати шоиста”, унвони шоири халқии Тоҷикистон, медали ҷашнии “20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” ва ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сарфароз гардидааст.

XS
SM
MD
LG