Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабурғаҳои Комроншоҳро дар Олмон муолиҷа мекунанд. ВИДЕО


Баъди аз ҷояш барнахостани Комроншоҳ, довар табибонро ба майдон даъват кард.
Баъди аз ҷояш барнахостани Комроншоҳ, довар табибонро ба майдон даъват кард.

Комроншоҳи Устопириён, яке аз гӯштигирони маъруфи Тоҷикистонро, ки қабурғаҳояш дар Токио сахт осеб дидаанд, барои муолиҷа ба Олмон рафт.

Падараш ва мураббии шоистаи Тоҷикистон Усто Устопириён рӯзи 10-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки осебе, ки қабурғаҳои Комроншоҳ бардоштаанд, ҷиддӣ аст, вале ӯ умедвор аст, ки писараш комилан шифо меёбад ва дигарбора барои намояндагӣ аз Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалӣ ба майдон бармегардад.

“Байни ду қабурға пай аст. Ҳамон пай дароз шудааст ва устухонҳои қабурғааш тоб хӯрдаанд. Бадии кор ҳамин ки шикастагӣ нисбат ба дароз шудани пай дарди бахайр аст. Муолиҷаи ин осеб зиёдтар давом мекунад” – гуфт, падари Комроншоҳ ба Радиои Озодӣ.

Қабурғаҳои паҳлавони номдори тоҷик дар мусобиқоти гӯштии дзюдо бо номи Тоскулоҳи бузург дар Токио осеб дид. Дар ин мусобиқот, ки рӯзҳои 2-3-уми декабр сурат гирифт, Комроншоҳ дар вазни зери 90 кило дар даври аввал бар Ли Кочман аз Исроил пирӯз шуд.

Дар рақобати дуввум бо Юсуке Кобаяши гӯштигир аз кишвари мизбони бозиҳо дар дақиқаи тақрибан 4-уми рақобат нодуруст афтод ва дигар барнахост. Дар видеои мусобиқот дида мешавад, ки чӣ гуна Комроншоҳ баъди афтодан бо даст ишора мекунад, ки дигар қудрати идомаи бозиро надорад ва довар низ рақобатро нигаҳ дошта ва табибонро ба майдон даъват мекунад.

Усто Устопириён ба Радиои Озодӣ гуфт, дар чанд рӯзи аввали муолиҷа дар Токио, Ҳамроҳхон Зарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Ҷопон ва Зайдулло Убайдулоев, профессори тоҷик, ки дар Донишгоҳи варзишии Токио дарс мегӯяд, ба аёдати ӯ рафта ва ҳаматарафа ба ӯ кӯмак карданд. Баъди ба по хестани Комроншоҳ тасмим гирифтаанд, ки ӯро барои муолиҷа ба як шифохонаи махсус барои табобати варзишгарон ба шаҳри Дюсселдорфи Олмон фиристанд.

“Ба мо гуфтанд, ки барои зуд табобат ёбад, бояд чанд марҳилаи табобатро гузарад ва дар ин шифохона таҷҳизоте ҳаст, ки имкон медиҳад, ки ҷойҳои латхӯрда ҳарчӣ зудтар шифо ёбад” – гуфт, Усто Устопириён ба Радиои Озодӣ.

Баъди даъвати довар табибон Комроншоҳро бурданд.
Баъди даъвати довар табибон Комроншоҳро бурданд.

Ӯ афзуд, ки мақомоти Кумитаи варзиш ва Кумитаи олимпии Тоҷикистон барои фиристодан ва муолиҷаи гӯштигири тоҷик кӯмак мекунанд ва Комроншоҳ аз ҳамаи онҳо сипосгузор аст.

Комроншоҳи Устопириён, дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо ё дзюдо дар миёни 301 гуштигири вазнашон зери 90 кило мақоми севумро дорад.

Комроншоҳ дар чандин мусобиқоти байналмилалӣ ширкат карда ва ҷоизаҳои зиёде ба даст овардааст. Ӯ аз ҷумла дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-28 май дар Ҳонконг баргузор шуд, дар вазни зери 90 кило соҳиби медали тилло шуд.

Соли 2016 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар Тошканд Комроншоҳи Устопириён дар вазни зери 90 кило ҳамаи рақибонашро шикаст дод ва медали тиллоро ба Тоҷикистон овард. У нахустин гуштигири тоҷик аст, ки дар риштаи ҷудо ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

XS
SM
MD
LG