Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуну тасмимҳои зидди муҳоҷирон дар Русия. Дар соли 2024 чӣ қабул шуд?


Коллаж
Коллаж

Соли 2024 барои муҳоҷирон дар Русия аз назари маҳдудиятҳои қонунӣ бесобиқа буд. Радиои Озодӣ онҳоро дар матлабе гирд овард.

Сиёсати зидди муҳоҷирон дар Русия дар баҳори соли 2024, пас аз ҳамлаи маргбор ба толори “Крокус Сити Ҳолл”, шиддат гирифт. Аксари гумонзадҳо, ба иттилои мақомоти Русия, зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Ин рухдод на танҳо боис ба авҷи бегонаситезӣ дар Русия шуд, балки сабаби чанд маҳдудияти қонунӣ гашт.

Вячеслав Володин, раиси Думаи Давлатӣ, моҳи ноябри соли 2024 дар Телеграм навишт, ки барои такмил кардани сиёсати муҳоҷират дар Русия беш аз даҳ ҳуҷҷат қабул шуд. Мақомот онҳоро дурусту зарурӣ шумурданд, вале муҳоҷирони корӣ бар зарар донистанд.

Издивоҷ дигар роҳи ҳал нест?

Думаи Давлатӣ дар моҳи апрели соли 2024 тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки як роҳи гирифтани ҳаққи иқоматро ба хориҷиён дар Русия душвор гардонд. Дар гузашта баъзе аз муҳоҷирон баъди издивоҷ бо шаҳрвандони Русия соҳиби ҳаққи иқомат ва сипас шиносномаи русӣ мешуданд. Бар асоси қонуни нав, акнун шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъд аз ду соли издивоҷ бо шаҳрванди Русия соҳиби ҳаққи иқомат дар он кишвар хоҳанд шуд.

Ҳаққи нав ба пулис

Тарҳи қонуне, ки Думаи Давлатии Русия дар моҳи июли соли 2024 пазируфт, ба пулис иҷоза медиҳад, ки бе тасмими додгоҳ хориҷиҳоро аз ин кишвар биронад. Қонуншиканиҳои маъмурӣ метавонанд далели чунин тасмимҳо шаванд. Иҷрои қонуни нав аз аввали моҳи феврали соли 2025 сар мешавад.

Теъдоди симкортҳо

Думаи Давлатӣ дар охири моҳи июли соли 2024 ба қонун “Дар бораи иртиботот” тағйирот даровард. Тибқи ин дигаргунӣ, як шаҳрванди Русия метавонад на бештар аз 20 симкорт дошта бошад, вале хориҷиҳо на зиёда аз 10 симкорт. Муҳоҷирон ҳангоми дархости симкорт бояд маълумоти биометрӣ пешниҳод кунанд. Ба ҷуз ин, ҳузурӣ қарордод имзо хоҳанд кард.

Лағви шаҳрвандии Русия

Вакилони Русия дар моҳи июли соли 2024 ба моддаи 22-юми қонун “Дар бораи шаҳрвандӣ” ислоҳот ворид карданд, ки заминаи лағви онро бештар намуд. Ба сабабҳое ба монанди расондани хабари дурӯғ, содир намудани ҷиноят ва хатар ба амнияти миллӣ, ки то ин вақт вуҷуд дошт, “иҷро накардани сабтиноми ҳатмии ҳарбӣ” илова шуд. Тирамоҳи соли 2023 раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин пешниҳод карда буд, муҳоҷироне, ки дар ҷанг алайҳи Украина иштирок кардан намехоҳанд, аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шаванд.

Санҷишҳои давлатӣ

Ин тағйир, ки моҳи июли соли 2024 аз тарафи Думаи Давлатӣ қабул шуд, ба ҳукумати Русия иҷоза медиҳад, қоидаҳои нави даромадану баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрвандро бисанҷанд. Ҳукумат ҳадафҳо, макон ва замони озмоишҳо, вижагиҳои иқомат, ирсоли дархостҳо ва сабти иттилооти хориҷиҳоро дар доираи ин корзор мушаххас мекунад. Ин тағйирот қонунро “Дар бораи хуруҷ аз Русия ва вуруд ба Русия” пурра мекунад.

Мусодираи амвол

Ислоҳоти воридшуда дар Кодекси ҷиноии Русия мусодираи амвол, пул ва дороиҳоро, ки аз ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба даст омадаанд, дар назар дорад. Илова бар ин, маҳрум кардан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол ва ҷаримаи 500-ҳазоррублӣ ҳам ҳаст.

Ҷазои сахттар

Тибқи қонуни қабулшуда дар моҳи октябри соли 2024 барои омода ва гардиши санадҳои қалбакӣ (бо мақсади ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ) барои шахсони ҳуқуқӣ аз 5 то 10 миллион рубл ва барои такроран содир кардани ҷиноят аз 10 то 60 миллион рубл таъйин шуд. Инчунин, барои омода кардани муҳру бланк ва истифодаи онҳо то 80 ҳазор рубл ва такроран содир кардани ин ҷиноят то 200 ҳазор рубл ҷарима таъйин шудааст.

Ҷинояти махсусан вазнин

Созмон додани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҷинояти махсусан вазнин дохил шуд. Аз ин ба баъд барои даст задан ба ин амал аз 8 то 15 сол маҳруми озодӣ таъйин шудааст; ҷарима аз 3 то 5 миллион рубл; инчунин маҳрум кардан аз ишғоли вазифаҳои муайян то 10 сол.

Ташдиди таҳримҳо

Барои омода кардани санадҳои қалбакӣ ва истифодаи онҳо, барои ҷиноятҳои марбут ба сабтиноми ҷаълии шаҳрвандони хориҷӣ аз 2 то 6 сол зиндон таъйин шуд.

“Ҳолати вазнинкунанда”

Содир кардани ҷиноят аз сӯи афроди ғайриқонунӣ дар Русия ҳолати вазнинкунанда дониста мешавад. Яъне, ҳангоми содир кардани ҳукм барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ ин ҳолат ҷазоро сахттар мекунад.

Имтиҳони муҳоҷирон

Қонуне, ки моҳи ноябри соли 2024 ба тасвиб расид, созмонҳои “миёнарав”-ро аз ҳаққи баргузории имтиҳони забони русӣ, таърих ва асосҳои ҳуқуқи Русия маҳрум мекунад. Ҳукумат феҳристи ташкилоти омӯзиширо, ки бар асоси қарори Вазорати маориф ва илм ва Хадамоти назорат дар соҳаи маориф тасдиқ шудаанд, муайян мекунад.

Масдуд кардани манбаъҳои интернетӣ

Тибқи навгониҳои ҳуқуқӣ, пешниҳоди хидматрасониҳои ғайриқонунӣ дар заминаи муҳоҷират иттилооти ғайриқонунӣ дониста мешаванд. Дар сурати пайдо кардани чунин иттилоъ дар интернет додситини кулли Русия ва ё муовинони он барои қатъи дастрасӣ ба он ба “Роскомнадзор” муроҷиат мекунанд.

Таҳсили фарзанди муҳоҷирон

Думаи давлатии Русия дар моҳи декабри 2024 қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, фарзандони муҳоҷирон бе донистани забони русӣ ба мактабҳо пазируфта намешаванд. Иҷрои қонуни нав аз аввали моҳи апрел дар назар аст. Русия мизбони бештар аз 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст ва қонуни нав зиндагии ҳазорон нафари онҳоро, ки мехоҳанд фарзандонашонро аз худ дур накунанд, сахттар хоҳад кард.

Чунин маҳдудиятҳо ва мамнӯиятҳо барои кори муҳоҷирон дар минтақаҳои Русия низ эҷод шудааст. Тибқи навиштаи хабаргузории “Азия-Плюс”, дар 12 минтақа бо шумули вилоятҳои Новосибирск, Самара, Тулск, Магадан ва Челябинск муҳоҷиронро аз ҳаққи кор маҳрум кардаанд.

Дар Севастопол 77 навъи фаъолият барои муҳоҷирон манъ шудааст. Дар Новосибирск – 35, дар Тулск – 27, дар Камчатка –15. Қаблан мамнӯиятҳои монанд дар вилоятҳои Калуга, минтақаи худмухтори Ханти-Мансийск, вилоятҳои Тюмен ва Калининград ҷорӣ шуда буд.

Meduza пештар аз қавли як манбаи наздик ба Кремл иқтибос оварда буд, ки “масъалаи зидди муҳоҷират воқеан ҳам ҳамчун абзори дур кардани диққати ҷомеа аз мушкилоти дигар хуб кор мекунад".

“Дар ин ҷо муҳим аст, ки аз ҳад дур наравем, аз ҳад зиёд фишор наорем, то бесарусомониҳо рух надиҳанд. Амалҳое ба монанди рейдҳо ва маҳдудияти фаъолият мусбат арзёбӣ мешаванд. Ин маънои онро дорад, ки мақомот кор мекунанд”, - нақл кардааст манбаи Meduza.

XS
SM
MD
LG