Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро Комроншоҳу ҳамроҳонаш шикасти сахт хӯрданд? ВИДЕО, САДО


Муҳаммадшариф Сулаймонов
Муҳаммадшариф Сулаймонов

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки аз 28-ум август то 3-юми сентябр дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медал бенасиб монданд.

Дар ин мусобиқа беш аз 720 варзишгар аз 126 кишвар иштирок дошт. Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон Тоҷикистонро шаш нафар дар сабқати мардон намояндагӣ карданд, вале ҳамаи онҳо ба нокомӣ дучор шуданд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми сентябр бо коршиноси соҳа Муҳаммадшариф Сулаймонов, паҳлавони маъруф ва мураббии варзидаи гуштӣ, дар бораи иллати нокомии варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешт суҳбати ихтисосии видеоӣ анҷом дод.

Навори сӯҳбатро дар инҷо тамошо кунед:

Чаро Комроншоҳу ҳамроҳонаш шикасти сахт хӯрданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:14 0:00

Ба назари Сулаймонов, иллати асосӣ камбуди маблағ аст, ки имкон намедиҳад варзишгарони тоҷик ба мусобиқоти байналмилалӣ омодагии хуб бигиранд. Ӯ гуфт, инчунин, гуштигирони тоҷик бояд ҳар сол ҳадди ақал дар 5-6 ҷамъомади таълимиву тамринӣ иштирок карда, дар тамринҳои дастҷамъӣ бо беҳтарин гуштигирони кишварҳои дигар иштирок намоянд.

Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

"Барои варзишгар ғизои серкалория ва фармакалогия низ омилҳои муҳиманд. Сармураббии дастаи мунтахаби кишвар, ки бар асоси қарордод бо мақомоти соҳа таъйин шудааст, бояд бо шогирдонаш аз тамоми шароити зарурӣ бархӯрдор бошад. Дастаи мунтахаби кишвар бояд таҳти раҳбарии ӯ тамрин намояд. Онгоҳ метавон ба муваффақияти паҳлавонони тоҷик дар арсаи ҷаҳон умед баст", - иброз дошт Муҳаммадшариф Сулаймонов.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни зери 73 кило ба даст овардааст.

Муррабӣ дар бораи нокомии Комроншоҳ гуфт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:07:45 0:00
Линки мустақим

XS
SM
MD
LG