Ба 15 варзишгари тоҷик стипендия ё моҳонаи олимпӣ аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ дода мешавад. Дар ин бора дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки рӯзи 2-юми декабр дар шаҳри Душанбе, дар қароргоҳи ин кумита баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.
Дар ин ҷаласа зикр гардид, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ номзадии 15 варзишгари Тоҷикистонро аз рӯи натиҷаҳои нишондодаашон дар мусобиқоти байналмилалӣ барои дарёфти кумакпулӣ аз рӯи Барномаи "Дастгирии молиявии варзишгарон ҷиҳати омодагӣ ба Олимпиадаи Токио-2020” тасдиқ кард.
Маблағи стипендия аз 200 то 900 долларро ташкил дода, ба муддати 3 сол – аз 1-уми сентябри соли 2017 то 31-уми августи соли 2020 – барои омодагӣ ва дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ба варзишгарони зерин дода мешавад:
Дилшод Назаров (варзиши сабук) – 900 доллари ИМА;
Комроншоҳи Устопириён (ҷудо) – 700 доллари ИМА;
Саидҷалол Саидов (ҷудо) – 700 доллари ИМА;
Беҳрӯзи Хоҷазода (ҷудо) – 500 доллари ИМА;
Искандари Рустам (гуштии озод) – 500 доллари ИМА;
Шаҳриёр Даминов (қаиқронӣ) – 450 доллари ИМА;
Сӯҳроб Боқиев (ҷудо) – 350 доллари ИМА;
Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – 350 доллари ИМА;
Шаббос Неъматуллоев (бокс) – 350 доллари ИМА
Фарангис Баҳромзода (каратэ) – 200 доллари ИМА;
Мадина Ғаффорова (бокс) – 200 доллари ИМА;
Шоира Зулқайнарова (бокс) – 200 доллари ИМА;
Карина Климик (шиноварӣ) – 200 доллари ИМА;
Шоҳида Қаландарова (ҷудо) – 200 доллари ИМА;
Кристина Пронженко (варзиши сабук) – 200 доллари ИМА.
Дар ин ҷаласа, инчунин муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро-2016 Дилшод Назаров ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода сертификати ширкати "Фароз”-ро тақдим намуд. Онҳо метавонанд аз тамоми хидматрасониҳои "SPA Ҳаёт” барои омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ройгон истифода баранд.
Ҳамчунин ширкати "Фароз” ба Беҳрӯзи Хоҷазода барои тамрин ва омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ стипендияи ҳармоҳа дар ҳаҷми 2000 сомонӣ муқаррар кардааст.