Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 21-уми декабр хабар дод, ки Солеҳҷон Худойбердиев, Аҳадҷон Тӯхтаев, Манучеҳр Одилов ва Бахтиёр Равшановро бо иттиҳоми даст доштан дар кушторҳои пайиҳам дар Конибодом дастгир кард. Дар як моҳи охир дар ин минтақаи вилояти Суғд даҳ кас, аз ҷумла чор ноболиғ аз се оила кушта шуданд. Аз моҳи марти соли 2024 то ин дам теъдоди умумии кушташудаҳо зиёда аз бист кас ҳисоб шудааст.
Намояндагони Додситонии кул ба ҷуз нашри номи гумонбарон ҷузъиёт надоданд ва нагуфтанд, ки ин сокинони Конибодомро бо чӣ далел гумонбар медонанд. Инчунин, маълум нест, боздоштшудаҳо ба қатлҳои мармуз дар моҳи декабр гумонзад ҳастанд ё дар мавридҳои аз он пеш низ даст доранд.
Ҷустуҷӯйи хабарнигори Радиои Озодӣ ва суҳбат бо наздикони онҳо маълум кард, ки аз чор боздоштшуда се нафар қаблан бо иттиҳомҳои дигар, аз ҷумла бадахлоқӣ, зиндонӣ шудаанд. Вале пайвандонашон мегӯянд, ки онҳо ба кушторҳои пайиҳам дар Конибодом робита надоранд.
СОЛЕҲҶОН ХУДОЙБЕРДИЕВ
Хонаи Солеҳҷон Худойбердиеви 26-сола, яке аз дастгиршудаҳо, дар деҳаи Гулбоғи ҷамоати Фирӯзобаи шаҳри Конибодом ҷорйгир аст. Падараш чанд сол пеш бар асари тасодуфи нақлиётӣ фавтида, ӯ то замони боздошт ҳамроҳи модару бибияш мезист.
Рӯзи 23-юми декабр модараш дар хона набуд. Бибияш, Галиябону Аҳмадулинаи 75-соларо дар назди дарвоза ёфтем. "Каме ба бокс машғул шуда, баъд ба гурӯҳи дорбозҳо ҳамроҳ шуд. Боре ба деҳа дорбозҳо омаданд. Азбаски набераи ман боқувват буд, ӯро ба гурӯҳашон гирифтанд. Вай аз он кораш пули зиёд ба даст намеовард ва ба хӯрдану пӯшиданаш намерасид. Сипас ба шаҳр рафта, кор мекард. Як бор ба Русия ҳам рафта омад. Бештар бо кори саҳро машғул буд", -- гуфт ӯ.
Ба нақли Галиябону Аҳмадулина, гурӯҳе аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ шаби 19-уми декабр Солеҳҷон Худойбердиевро аз хона гирифта бурдаанд.
"Он шаб духтарам гиря кард, ман гиря кардам, набераам тарсида буд. Се нафар дар назди ойина бо ходаҳои дароз истода, "Солеҳҷон баро, Солеҳҷон баро" гуфта, дод заданд. 5 ё 10 дақиқа аз хона набаромад. Ҳамаамон дод гуфта, дар назди дар истодем. Ман гуфтам, ки ойинаро нашиканед. Баъд дарро шикаста даромаданду набераамро гирифта рафтанд," – изофа кард Галиябону Аҳмадулина.
Ин зан гуфт, намояндагони мақомот се рӯз ҳавлии онҳоро тафтиш карда, "вале чизе наёфтаанд". Мегӯяд, дар шароити сангин зиндагӣ мекунанд ва наберааш "боре ҳам пули зиёд ё тилову ҷавоҳирот наовард". Мақомот дар ин бора шарҳ намедиҳанд. Ба ҷуз изҳороти Додситонии кул дар бораи боздошти ӯ маълумоти дигари расмӣ дастрас нест.
АҲАДҶОН ТӮХТАЕВ
Аҳадҷон Тӯхтаеви 27-сола низ сокини деҳаи Гулбоғ аст ва ҳамроҳи модараш мезист. Рӯзи 23-юми декабр дарвозаи ҳавлияшон қуфл зада буд. Назари пайвандони ӯ дар бораи боздошт шуданаш маълум нест. Бархе ҳамдеҳагонаш дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки Аҳадҷон Тӯхтаев дар назди як қассоб кор меомӯхт ва аз ин ҳисоб рӯз мегузаронд.
МАНУЧЕҲР ОДИЛОВ
Пайвандони Манучеҳр Одилови 28-сола аз ҷамоати Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом омода нашуданд, ки дар назди дурбин гап зананд. Онҳо дар суҳбати бидуни микрофон гуфтанд, ки ӯ ҳамроҳи модараш ба савдои кӯчагӣ машғул буд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, Манучеҳр Одилов, Аҳадҷон Тӯхтаев ва Солеҳҷон Худойбердиев дар гузашта бо гуноҳи бадахлоқӣ боздошту зиндонӣ шуда, бо ҳамдигар шинос будаанд.
БАХТИЁР РАВШАНОВ
Ҳамсари Бахтиёр Равшанови 36-сола, боздоштшудаи дигар, мегӯяд, шавҳараш бо се нафари аввалӣ "робитаи кориву ҳамкорӣ надошт".
Зарнигор Баротова рӯзи 23-юми декабр гуфт: "Шавҳарам ба ин корҳо ҳамроҳ набуд. Ман бо боварии сад дарсадӣ мегӯям. Баъди ин ҳодисаҳо боре чорворо ба саҳро бурдем. Дидем, ки дар як тараф коғазҳо буд. Пурсидам, ки агар ҳамаи ин коғазҳо пул бошад, чӣ кор мекардед? Гуфтанд, онҳоро гирифта ба ятимхона медодам. Одаме, ки ҳамин хел дилу ният дорад, аз дасташ чунин кор меояд?"
Мақомот дар ин бора шарҳ намедиҳанд. Ба ҷуз изҳороти Додситонии кул маълумоти дигари расмӣ дар бораи Бахтиёр Равшанов ва боздоштшудаҳои дигар дастрас нест.
Бахтиёр Равшанов писархолаи Солеҳҷон Худойбердиев будааст. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ кафшергар аст ва чанд сол боз дар сохтмонҳо дар Конибодом кор мекард. Пештар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия низ будааст.
Хонаводаи Бахтиёр Равшанов дар деҳаи Санҷидзори Конибодом зиндагӣ мекунанд. Дар ҳоле ки маълум нест, мақомот ӯро ба кадом кушторҳо айбдор медонанд, баъд аз қатли аъзои ду оила дар ин деҳа дар тобистони имсол ӯ 5 рӯз боздошт ва сипас раҳо карда шудааст.
Аз моҳи марти соли 2024 то ин дам дар Конибодом зиёда аз бист нафар дар шароити мармуз кушта шуда, мардуми минтақаро сахт нигарон кард. Додгоҳи олии Тоҷикистон ва Додгоҳи вилояти Суғд дар моҳи декабр ду нафарро дар пайванд ба кушторҳо дар Конибодом зиндонӣ карданд, аммо наздиконашон норозиянд. Гузашта аз ин, сокинони баъзе аз деҳаҳо мегӯянд, ки ҳанӯз пурра ором нестанд. Онҳо шабона гулхан афрӯхта, навбатдорӣ ва хонаву дару оилаашонро муҳофизат мекунанд.
Видеоро дар инҷо бинед: