Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ дар “Тоскулоҳи бузург” дар Абу Даби панҷум шуд


Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқае дар Тошканд.
Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқае дар Тошканд.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” (Grand Slam Abu Dhabi 2017), ки шоми шанбеи 28-уми октябр дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу Даби – ба поён расид, мақоми панҷумро касб намуд.

Чунонки сомонаи расмии Федератсиони байналмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, мусобиқоти байналмилалии ҷудо “Тоскулоҳи бузург” дар Абу Даби бо ширкати 275 варзишгар (171 мард ва 104 зан) аз 46 кишвар баргузор шуд.​

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон шаш гуштигир шомил буд, ки дар байни онҳо ду нафар - Комроншоҳи Устопириён ва Суҳроб Боқиев – натиҷаҳои хубтар нишон доданд.

Комроншоҳи Устопириён, ки бар асоси қуръакашӣ дар вазни зери 90 кило аз даври дувум ба рақобат пардохт, бар Кирил Гроссклаус (Швейтсария) пирӯз шуд. Вале дар даври баъдӣ аз Бека Гвиниашвили (Гурҷистон) мағлуб гашт. Сипас ӯ дар даври тасаллобахш бар Давид Кламмерт (Ҷумҳурии Чех) ғолиб омад. Устопириён барои медали биринҷӣ аз Зачари Бурти канадагӣ шикаст хӯрд ва дар натиҷа мақоми панҷумро соҳиб шуд.

Суҳроб Боқиев низ бар асоси қуръакашӣ рақобатро дар вазни зери 60 кило аз даври дувум шуруъ кард. Ӯ дар нахустин қувваозмоияш бар Фелип Пелим аз Бразилия пирӯз шуд, вале дар даври баъдӣ аз Роберт Мшвидобадзеи русиягӣ, қаҳрамони феълии Аврупо, шикаст хӯрд. Баъдан Боқиев дар даври тасаллобахш аз Франсиско Гарригоси испаниягӣ мағлуб гашт ва аз идомаи мубориза барои медали биринҷӣ маҳрум шуд. Ӯ дар натиҷа мақоми ҳафтумро азони худ кард.

Вале паҳлавонони дигари тоҷик дар даври муқаддамотӣ ноком шуданд. Кароматулло Ҳакимов дар вазни зери 81 кило дар нахустин қувваозмоияш аз Саги Муки (IJF) шикаст хӯрд. Талабуддин Файзов дар вазни зери 90 кило дар даври аввал аз Маттиас Куусик (Эстония) мағлуб гашт. Саидҷалол Саидов дар вазни зери 100 кило дар аввалин рақобати худ аз Ниёз Билолов (Русия) ноком гардид. Одилҷон Сафаров дар вазни +100 кило аввалин қувваозмоияшро ба Макиеҷ Сарнаски (Лаҳистон) бохт.

Маблағи умумии ҷоизаҳои ин мусобиқоти байналмилалӣ 154 ҳазор долларро ташкил медод, ки ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ супурда шуд:

Барои ҷойи 1-ум: 5000 доллар (варзишгар: 4000 доллар, мураббӣ - 1000 доллар),

Барои ҷойи 2-юм: 3000 доллар (варзишгар: 2400 доллар, мураббӣ - 600 доллар),

Барои ҷойи 3-юм 1500-долларӣ (варзишгар: 1200 доллар, мураббӣ – 300 доллар).

Баъди натиҷагирии рақобатҳои инфиродӣ миёни мардону занон дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 9 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) мақоми аввалро азони худ кард. Мунтахаби Ҳолланд бо касби 5 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) дувум ва мунтахаби Муғулистон бо касби 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) севум шуданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1 ҷойи панҷум ва 1 ҷойи ҳафтум дар байни 46 кишвар мақоми 25-умро соҳиб гашт. Инчунин мунтахаби Португалия бо чунин натиҷа дар мақоми 25-ум қарор гирифт.

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти Grand Slam Abu Dhabi 2017:

Мардон

-60 кг
1. МШВИДОБАДЗЕ Роберт (Русия)
2. КИТАДАИ Фелип (Бразилия)
3. ГАРРИГОС Франсиско (Испания)
3. ЛУТФУЛЛОЕВ Шарафуддин (Узбакистон)

-66 кг
1. ФЛИКЕР Тал (IJF)
2. ШИХАЛИЗОДА Ният (Озарбойҷон)
3. АБДУЛҶАЛИЛОВ Абдулло (Русия)
3. МАРГВЕЛАШВИЛИ Важа (Гурҷистон)

-73 кг
1. ГАНБААТАР Одбаяр (Муғулистон)
2. МОГУШКОВ Мӯсо (Русия)
3. БУТБУЛ Тоар (IJF)
3. ОРУҶОВ Рустам (Озарбойҷон)

-81 кг
1. ДЕ ВИТ Франк (Ҳолланд)
2. ОТГОНБААТАР Ууганбаатар (Муғулистон)
3. ХУБЕТСОВ Алан (Русия)
3. МОЛЛАӢ Сайид (Эрон)

-90 кг
1. ШЕРАЗАДИШВИЛИ Николоз (Испания)
2. ГВИНИАШВИЛИ Бека (Гурҷистон)
3. БУРТ Зачари (Канада)
3. МЕНДИЕВ Маммадалӣ (Озарбойҷон)

-100 кг
1. БИЛОЛОВ Ниёз (Русия)
2. НИКИФОРОВ Тома (Белгия)
3. ДЕНИСОВ Кирилл (Русия)
3. ПАЛТЧИК Петер (IJF)

+100 кг
1. МАРЕТ Кирилл (Фаронса)
2. САРНАСКИ Макиеҷ (ЛАҲИСТОН)
3. КРИВОБОКОВ Антон (Русия)
3. САССОН Ор (IJF)

Занон

-48 кг
1. ДОЛГОВА Ирина (Русия)
2. НИКОЛИЧ Милика (Сербия)
3. ГАЛБАДРАХ Отгонтсетсег (Қазоқистон)
3. ПАРЕТО Паула (Аргентина)

-52 кг
1. ВАН СНИК Чарлин (Белгия)
2. МИРАНДА Эрика (Бразилия)
3. КОХЕН Гили (IJF)
3. ФЛОРИАН Александра-Лариса (Руминия)

-57 кг
1. ДОРҶСУРЕН Сумия (Муғулистон)
2. СИЛВА Рафаела (Бразилия)
3. КОНКИНА Анастасия (Русия)
3. СМИТЕ-ДАВИС Некода (Британияи Кабир)

-63 кг
1. ГВЕНД Эдвиг (Италия)
2. РЕНШАЛЛ Люси (Британияи Кабир)
3. ОЗДОБА Агата (Лаҳистон)
3. УНТЕРВЮРЗАХЕР Катрин (Австрия)

-70 кг
1. БЕРНХОЛМ Анна (Шветсия)
2. ПОЛЛИНГ Ким (Ҳолланд)
3. БУТКЕРЕИТ Мириам (Олмон)
3. ПОРТЕЛА Мария (Бразилия)


-78 кг
1. ПОВЕЛЛ Натали (Британияи Кабир)
2. ФЕРКЕРК Мархинде (Ҳолланд)
3. АГУИАР Майра (Бразилия)
3. СТИНХУИС Гуусҷе (Ҳолланд)

+78 кг
1. САВЕЛКОУЛС Тесси (Ҳолланд)
2. КИНДЗЕРСКА Ирина (Озарбойҷон)
3. АЛТЕМАН Мариа Суелен (Бразилия)
3. СОУЗА Беатриз (Бразилия)

XS
SM
MD
LG