Мақомоти Тоҷикистон тарҳи сиёсати давлат дар умури динро баррасӣ мекунанд, ки ба гуфтаи муаллифонаш, қарор аст, “фазои якмазҳабӣ”-ро ҳифз ва аз тамоюлҳои тундгароёна ҷилавгирӣ кунад. Ин консепсия зоҳиран ба равзанаи ягонае монанд хоҳад буд, ки мардум хостаҳои мазҳабии худро тавассути он пиёда месозанд, вале андозаи равзанаро мақомот мушаххас мекунанд.
Тарҳи консепсия аз 10 бахш ва 68 модда иборат аст ва дар сурати пазируфта шуданаш, ба ҳайси роҳнамои кор дар амри танзими фаъолиятҳои динӣ дар кишвар истифода мешавад. Ин тарҳ мегӯяд, ки Тоҷикистон ба ҳайси як давлати дунявӣ ба адёни дигар эҳтиром мегузорад ва озодии мазҳабии намояндагони онҳоро кафолат медиҳад. Вале тамаркузи консепсия рӯи аҳолии сунниммазҳаби Тоҷикистон аст, ки беш аз 90 дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд.
Ин консепсия зоҳиран ба равзанаи ягонае монанд хоҳад буд, ки мардум хостаҳои мазҳабии худро тавассути он пиёда месозанд, вале андозаи равзанаро мақомот мушаххас мекунанд.
Мусалмонҳои Тоҷикистон ба сурати умум пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд. Се дар сад аз аҳолии мусалмони кишвар аз мазҳаби исмоилӣ пайравӣ мекунанд. Мақомот ҳама гуна ҷараёнҳои дигари Исломро, ба ҷуз ҳанафия, маншаи тафриқаи ҷомеа ва ба амнияти кишвар хатарзо унвон мекунанд. Дар ҳашт соли охир даҳҳо нафар бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёнҳои дар Тоҷикистон мамнӯи “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ” ва гурӯҳҳои монанд ба ин боздошт ва зиндонӣ шудаанд.
Таҳияи консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин бори аввал соли 2009 дар ҷараёни таҷлили 1310-солагии Имоми Аъзам -- пешвои мазҳаби ҳанафӣ садо дод ва аз ҷониби мақомоти баландпоя дастгирӣ ёфт. Ғаффор Мирзоев – корманди Академияи илмҳои Тоҷикистон ва узви гурӯҳи корӣ рӯзи 23 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадафи асосии консепсия мӯътадил нигоҳ доштани муҳити динӣ, суботи ақидавӣ ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳоест, ки бештар аз хориҷ мерасанд.”
Мирзоев бидуни онки аз кадом гурӯҳу равияҳои тозапайдо ном барад, гуфт, “онҳо мехоҳанд, аз эътиқоду эҳсоси шаҳрвандон сӯистифода кунанд. Тавассути фазои динӣ мафкураҳои гуногуни худро дар мисоли равияҳои гуногуни динӣ паҳн намоянд, ки бештари онҳо хусусияти сиёсӣ ва идеологӣ доранд.”
Таҳияи чунин як санад дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар 10 соли охир корҳои зиёдеро дар амри танзим ва таҳти назорат гирифтани фаъолиятҳои мазҳабӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, нигаронӣ аз ифротишавии ҷавонон, ҳузури наврасони то 18-соларо дар масоҷид мамнӯъ ва фаъолияти даҳҳо масҷидро масдуд кард. Интихоб ва таъини имом-хатибон ба Кумитаи давлатии дин вогузор шуд ва мақомот ба имомхатибон маош таъин кард.
Мақомот мардҳои ришдорро, ки ба масҷид равуо мекунанд, таҳти назорат гирифтанд ва тарзи либоспӯшии занонро бештар миллӣ карданд. Арзишҳои дунявӣ зоҳиран ҳифз шуданд, аммо ба назари бисёри коршиносон мақомот ба хондани зеҳни мардум муваффақ нашудаанд ва ин шубҳаи мақомоти ҳифзи тартиботро ба бахше аз аҳолӣ афзунтар мекунад.
Иршод Сулаймонӣ, хабарнигор ва таҳлилгари тоҷик, рӯзи 23 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қисмати асосии мардуми Тоҷикистон аз мазҳаби ҳанафӣ пайравӣ карда ва ин фазо то чанд соли пеш ором буд. Ба гуфтаи ӯ, агар ҳадаф аз барҷаста кардани мазҳаби ҳанафӣ ҷилавгирӣ аз вуруду ҷои по пайдо кардани ҷараёнҳои тозапайдое ба мисли "Салафия" бошад, аз ин нигоҳ мешавад “фазои якмазҳабӣ”-и консепсияро ҷонибдорӣ кард”. Аммо дар айни замон бо ишора ба қонунҳои байналмилалӣ ва Қонуни асосии Тоҷикистон гуфт, ки “интихоби дину мазҳаб озод аст”.
Аз идеяи “якмазҳабӣ” Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Ӯ дар як сӯҳбати соли 2014 бо Радиои Озодӣ ин вожаро истифода карда ва онро мояи асосии субот дар кишвар дониста буд. Абдулқодирзода дар ин маврид аз ҷанги сунниҳову шиаҳо дар баъзе аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Ироқ низ ёдоварӣ кард.
Коршинос Саъдӣ Юсуфӣ, ки аз матни тарҳи консепсия бохабар аст, дар шарҳи мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин як санадест, ки муносибати дину ҳукуматро дар Тоҷикистон бо назардошти таҳавуллоту воқеиятҳои нав дар кишвар ва минтақа ба шакли мушаххастар танзим мекунад. “Набояд фаромӯш кард, мо марҳилаҳои гуногунеро, ки бавосита ва бевосита ба дин рабт доранд, пушти сар кардем. Яъне, ҷанги шаҳрвандӣ буд ва
марҳилаи баъди ҷанги шаҳрвандӣ. Дар ҷараёни ин ҳама таҳаввулоте, ки сурат гирифт, фазои динии мо ба сурати умум бисёр фаъол буд ва ин тақозоро мекард, то равобиту дину давлат ба шакли мушаххастару возеҳтар ба роҳ монда шавад”, - гуфт ӯ.
Мақомоти масъул ҳанӯз ба ин суол, ки ин консепсия чӣ гуна амалӣ мешавад ва рисолати он дар баробари сохторҳои давлатии Тоҷикистон аз чӣ иборат хоҳад буд, посух надоданд. Вале бо назардошти ин, ки аз рӯи Конститутсияи Тоҷикистон дин аз давлат ҷудо аст, таҳияи ингуна санадҳо ва ҳам тадбирҳои марбут ба назорати бештари фаъолиятҳои динӣ суолҳое эҷод мекунад.
Бархе мунаққидон, ки аз поймолшавии озодиҳои мазҳабии шаҳрвандон дар солҳои охир нигаронӣ мекунанд, муносибати ҳукумати Тоҷикистон бо динро «хеле хос ва ҳам баҳсбарангез» меноманд. Ба гунаи мисол, дар дар ҳоле, ки мақомот даҳҳо масҷидро ба клубу марказҳои тиббӣ табдил додаанд, Тоҷикистон ба бунёди азимтарин масҷид дар пойтахт иҷозат дод. Тарҳе бо арзиши 100 миллион доллар то соли 2018 дар маркази Душанбе бунёди азимтарин масҷидро дар назар мегирад.