Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Gazprom International" фаъолияташро дар Тоҷикистон идома медиҳад


Як масъули Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, ки ширкати русии "Gazprom International" ба омӯзиши захираҳои нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимоли кишвар шурӯъ кардааст.

Як тан аз масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар сӯҳбати телефонӣ аз вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолияти ширкати Gazprom International дар ин кишвар қатъ нашуда ва ҳоло гурӯҳи кории он дар минтақаҳои шимоли Тоҷикистон омӯзиш мегузаронад ва бар асоси натиҷаҳои ин омӯзиш, маҳали кори истихроҷро мушаххас мекунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар заминаи омӯзиши маҳалҳо, корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва муайян кардани захираҳои нафту гоз миёни давлати Тоҷикистон ва ширкати русии Gazprom International созишномаҳо имзо шудаанд. Намояндагии ширкати Gazprom International хабарҳо дар бораи азсаргирии фаъолияти ин ширкатро дар Тоҷикистон тасдиқ кард, аммо аз шарҳи ҷузъиёти лоиҳаҳои Gazprom International дар Тоҷикистон худдорӣ намуд.

Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, захираи кони “Сариқамиш” 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафтро ташкил медиҳад."

Дар торнамои ин ширкат омадааст, ки ин лоиҳаҳо ба омӯзиши минбаъдаи захираҳои нафту газ дар минтақаҳои ҷанубу ғарб ва шимоли Тоҷикистон рабт мегиранд, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин манотиқ захираҳои нафту гоз кашф шуда буданд. Бар асоси хабари торнамои ширкати Gazprom International, тибқи мувофиқа Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, иттилои геологию геофизикии ин минтақаҳоро дар ихтиёри ин ширкат хоҳад гузошт.

Фаъолияти ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2008 шурӯъ шуда ва барои анҷоми корҳои геологию ҷустуҷӯӣ дар майдони 17150 гектар дар минтақаи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав муҷаввиз дарёфт кард.

Дар моҳи декабри соли 2010 дар ин минтақа корҳои пармакунӣ оғоз гардида, то декабри соли 2014 идома ёфт. Дар натиҷа бо харҷи ҳудуди 2 миллиард рубл чоҳе бо умқи 6450 метр канда шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ҷуқуртарин ҳисоб меёбад. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, захираи кони “Сариқамиш” 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафтро ташкил медиҳад.

Алексей Миллер.
Алексей Миллер.

Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром”-и Русия рӯзи 7 декабри соли 2010 пас аз дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфта буд, ки захираи гази кони “Сариқамиш” беш аз 60 миллиард метри мукааб буда ва дар сурати истироҷи он, эҳтиёҷи ин кишвар бо гази худӣ то 50 соли оянда таъмин хоҳад шуд. Аммо бо гузашти замон ин пешгӯии хушбинонаи Алексей Миллер амалӣ нашуд. Соли гузашта ширкати Gazprom International муҷаввизи фаъолият дар конҳои “Сариқамиш” ва Шоҳбарии Ғарбиро ба ҳукумати Тоҷикистон бозпас дод.

Мутахассисони Саридораи “Геологияи тоҷик” мегӯянд, ки бо тармакунии як чоҳ нафт ё газ пайдо кардан душвор аст. Дар минтақаҳои Сибири Русия барои пайдо кардани захираҳои нафту газ то 600 адад чоҳ канда мешавад. Ҳоло ширкати Gazprom International дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон, ки номашон эълон нашудааст, корҳои омӯзишӣ, геологию ҷустуҷӯиро шурӯъ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хабарҳои ғайрирасмӣ, ширкатҳои франсузии Total, британиягии Tethys Petroleum ва чинии CNPC, ки дар минтақаҳои ҷанубии Тоҷикистон дар самти истихроҷи нафту газ фаъолият мекарданд, қасд доранд, то охири соли ҷорӣ кишварро тарк кунанд. Кормандони маҳаллии ин ширкатҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло дари ин ширкатҳо баста шуда ва тамоми коргарон рухсат шудаанд.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Собир Вазиров, коршиноси мустақил далели ин амрро ба шадидан поин рафтани баҳои нафт дар бозори ҷаҳонӣ марбут хонд. Ба гуфтаи ӯ, вақте ин ширкатҳо корҳои геологию ҷустуҷӯиро дар Тоҷикистон шурӯъ карда буданд, арзиши як бушкаи нафт дар бозор 120-130 долларро ташкил дода ва ҳоло ин рақам то 45-50 доллар коҳиш ёфтааст. Дар чунин вазъият пеш бурдани фаъолият барои ин ширкатҳо хисороти зиёде ба бор хоҳад овард.

“Ин ҷо баланд будани мизони андоз ё мусоид набудани шароит барои фаъолияти истирохи нафту газ барои ширкатҳои хориҷӣ матраҳ нест. Тоҷикистон соли 2015 Барномаи шаффофият дар истихроҷи конҳоро қабул кард, ки дар он барои ширкатҳои хориҷӣ имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шудааст. Ба фикри ман, танҳо сабаб ин паст будани арзиши нафт аст, ки фаъолияти ширкатҳои хориҷии истихроҷи нафтро дар Тоҷикистон зараровар кардааст”,- афзуд Собир Вазиров.

Зимнан, дар моҳи гузашта Намояндагии ширкати "Русал"-и Русия фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Ин ширкати мутааллиқ ба Олег Дерипаска, аз сармоядорони наздик ба Кремл, ки соли 2004 бо ваъдаи анҷоми сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва як корхонаи дигари тавлиди алюминиум дар Данғара пой ба Тоҷикистон гузошта буд, аз кишвар рафт.

XS
SM
MD
LG