Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ширкатҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ намекунанд?


Ширкатҳои русии «Интер РАО ЕС» барои сохтмони «Сангтӯда 1» 600 миллион доллар ва «Газпромнефт – Тоҷикистон» 40 миллион доллар ворид намудаанд... (акс аз бойгонӣ)
Ширкатҳои русии «Интер РАО ЕС» барои сохтмони «Сангтӯда 1» 600 миллион доллар ва «Газпромнефт – Тоҷикистон» 40 миллион доллар ворид намудаанд... (акс аз бойгонӣ)

Сафири Русия дар Тоҷикистон далели инро вазъи номаълуми Афғонистон пас аз соли 2014, баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ, арзёбӣ кард.

Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон, гуфт: «Албатта, ман касеро намеҳоҳам тарсонам, аммо чанд сенарияи вазъи Афғонистон пас аз соли 2004 вуҷуд дорад. Аз ин хотир, сармоягузорони сиёсишуда ва боэҳтиёти мо гӯш ба қимор нишаста, майле ба сармоягузории Тоҷикистон надоранд. Ман инро нодуруст меҳисобам. Ман бовар дорам, ки соли 2014 ва пас аз он ба Тоҷикистон хатаре таҳдид намекунад ва барои сармоягузорони мо риске вуҷуд надорад. Ман тайёрам обрӯи тамоми сафорати Русия дар Тоҷикистонро ҳамчун гарав бигзорам, ки ин ҷо сармоягузорӣ кардан зарур аст.»

Юрий Попов - сафири Русия дар Тоҷикистон
Юрий Попов - сафири Русия дар Тоҷикистон
Сафири Русия дар Тоҷикистон дар конфронси байналмилалие, ки таҳти унвони «Бархӯрдҳои нав ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон» дар Душанбе ва бо ибтикори Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти Авруосиё», як ниҳоди ғайридавлатии Русия, баргузор шуд, суҳбат мекард.

Вай дар посух ба ӯ Умеди Давлатзод, муовини аввали вазири иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гуфт, ноамнӣ ва он ҳам дар як кишвари ҳамсоя наметавонад баҳонае барои сармоягузорони хориҷӣ бошад, ки ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Вай афзуд, 20 сол ба ин сӯ дар бархе аз кишварҳо мехоҳанд Тоҷикистонро ноамн нишон диҳанд, аммо тайи ин муддат ин кишвар аз ҷанги дохилӣ берун омад ва қоматашро рост кард, ки аз ҷумла, ба шарофати сармоягузориҳои хориҷист:

«Мақоли тоҷикӣ ба хотир меояд, ки «аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор». Бизнес, чӣ дар кишвари амн ва чӣ ноамн, бо хатар тавъам аст. Ҳар як соҳикбор инро медонад, ки таваккал мекунад ва таваккали ӯ ба хатар асос ёфтааст. Аммо суол ин аст, ки гумонҳои имрӯза дар бораи вазъи пас аз соли 2014 ботил баромаданд, пас ин холигоҳ, вақти барабасрафта ва фоидаи ногирифтаро бо чӣ ҷуброн мекунанд?»

Русия то ба ҳол кишвари асосии сармоягузори Тоҷикистон ба шумор меояд, ки ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар, мустақим ба бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон 700 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст. Бино ба ин манбаъ, ширкатҳои русӣ, аз қабили «Интер РАО ЕС» барои сохтмони «Сангтӯда 1» 600 миллион доллар ва «Газпромнефт – Тоҷикистон» 40 миллион доллар ворид намуда, 19 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ва 3 анбори нафт бунёд кардааст. Ҳоло беш аз 60 дарсади маводи нафтии Тоҷикистонро ворид месозад. Ширкати «Газпром – интернешнл» айни замон иктишофи конҳои газу нафтро дар мавзеҳои Саргазон, Сариқамиш, Шоҳамбарии Ғарбӣ ва Рангон идома медиҳад. «Мегафон» ва «Билайн» низ аз бузургтарин ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба шумор меоянд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
Линки мустақим


Аммо ҳамзамон даҳҳо тарҳи дигаре мавҷуд аст, ки ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Русия онҳоро “забонзад” кардаву барои худ банд намудаанд, аммо на худ коре мекунанд ва на ба дигарон роҳи кор медиҳанд.

Лаҳзае аз ҷараёни конфронси байналмилалии «Бархӯрдҳои нав ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон»
Лаҳзае аз ҷараёни конфронси байналмилалии «Бархӯрдҳои нав ба ҳамкориҳои байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон»
Юрий Крупнов, раҳбари Ҳаракати рушди Русия ва муаллифи «Нақшаи Крупнов», ки аз сӯи расонаҳо «Нақшаи Маршал»-и Русия дар баробари Тоҷикистон муаррифӣ мешуд, мегӯяд, пешниҳоди ӯ дар бораи ихтисоси 12 миллиард рубли русӣ барои сармоягузории Тоҷикистон тайи 20 соли дигарро дар ҳукумати Русия қабул накарданд. Вай афзуд, ӯро ҳатто таъна заданд, ки мехоҳад пули Русияро ба Тоҷикистон диҳад, ҳол он ки сухан дар бораи сармоягузорӣ меравад, на кӯмак ё хайрия:

«Ҳаводиси ахир дар Кипр хеле рӯшан нишон доданд, ки суҳбатҳо дар бораи ҷаззоб набудан ё риск доштани Тоҷикистон гапи беҳуда аст. Амалан дар Русия фаҳмиши на иқтисод, ҳатто хоҷагидорӣ вуҷуд надорад. Хоҷагидорӣ ин аст, ки меҳнати инсон фоида меорад, вақте одамон худ худро мехӯронанд. Аз ин хотир, соҳибкорони бузург ва олигархҳои мо танҳо дар фикри фоида ҳастанд, на ҳамкорӣ. Ба онҳо сармоя гузоштан чӣ зарур аст, вақте ҳамту метавонанд коғази қиматнок харанд, пулро қарз диҳанд ва дар ҳаннотиҳои бонкӣ бозӣ кунанд? Аз ин хотир, масъала махсусияти Тоҷикистон нест, гап дар бораи он аст, ки модели иҷтимоӣ-иқтисодӣ кор намекунад ва мо дигар намефаҳмем, ки калимаи сармоягузорӣ чӣ маъно дорад.»

Коршиносон мегӯянд, далели аслии ворид нашудани сармояи Русия ба Тоҷикистон пеш аз ҳама рушд накардани ширкатҳои мутавассит дар ин кишвар аст ва ҳоло танҳо ширкатҳои бузург мондаанд, ки умдатан бори масъулиятҳои сиёсии он кишварро низ ба зимма доранд. Ширкатҳои миёна ва хурди Русия ҳавасманди кор дар Аврупо ва Амрико буда, бо ҷамъоварии андак сармоя ба Ғарб мекӯчанд ва назари мусбат ба бозори Тоҷикистон надоранд.
XS
SM
MD
LG