Алексей Миллер, раҳбари ширкати “Газпром”-и Русия рӯзи 18-уми сентябр баъди дидори яксоата бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мӯҳтавои ин сӯҳбатро ба хабарнигорон шарҳ дод ва гуфт, ки онҳо асосан дурнамоии ҳамкориҳои Тоҷикистон бо “Газпром”-ро баҳс кардаанд: «Мо аслан пиромуни ҳамкории “Газпром” бо Тоҷикистон сӯҳбат кардем. Ва як мавзӯъи суҳбати мо марбут б корҳо дар мавзеъи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав буд, ки аллакай пармакунии чоҳ ба умқи 6 450 метр расидааст. Албатта, интизорот аз ин чоҳ дар заминаи истихроҷи нафту газ хуб аст, аммо натоиҷи корҳоро бояд мунтазир бошем."
Ҷаноби Миллер дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки ширкати таҳти назари ӯ ҳамкорӣ бо бо Тоҷикистонро тақвият бахшида, маблағгузориро барои иҷрои тарҳҳои марбут ба иктишоф ва коркарди нафту газ дар қаламрави ин кишвар афзоиш хоҳад дод. Алексей Миллер, дар ин замина гуфт аллакай бар сари гирифтани иҷозатнома ҷиҳати коркарди дигар чоҳҳо низ тавофуқ шудааст.
Ин дар ҳолест, ки то кунун ин ширкат беш аз 150 миллион долларро барои иҷрои тарҳҳои марбут ба иктишоф ва истихроҷи нафут газ дар Тоҷикистон сарф кардааст.
Раҳбари “Газпром” – бузургтарин ширкати Русия дар ҳоле ба захираҳои газу нафти Тоҷикистон таваҷҷӯҳ кардааст, ки давлатҳои дигар низ рӯ ба бозори энержии Осиёи Марказӣ оварда, сабқати чашмгиреро ба роҳ андохтаанд.
Ҳарчанд дар ин додугирифт Тоҷикисон умдатан аз усули “кӣ бештар медиҳад?” кор мегирад, аммо Русия тавони инро дорад, ки дилхоҳ қарордодро ба фоидаи худ ҳал кунад. Рустам Бобоҷонов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, «Ин маълум аст, ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ,ҳеҷ як ширкат намехоҳад, ягон захираи табииро аз даст диҳад. Зеро ин соҳа ҳамеша даромади хуб дорад.Албатта, то имрӯз чанд ширкат барои истихроҷи конҳои Тоҷикистон омада буданд, вале Русия ба ин кишвар наздиктар аст.»
Аммо Константин Бондаренко, раҳбари маркази “Бозори озоди Тоҷикистон” бар ин аст, ки Тоҷикистон набояд барои иктишофу истихроҷи газу нафташ танҳо ба ширкати русӣ бартарӣ бидиҳад. Беҳтар ин аст, ки интихоби ширкатҳо дар шакли озмун ва ё тендер сурат бигирад. Ҷаноби Бондаренко афзуд, « ҳар як соҳибкори хориҷӣ бо пешниҳоди шарту шароити кори худ дар тендер ширкат мекунад.Ва агар танҳо беҳтаринҳо ҳамчун шарик бояд интихоб шаванд ,ин роҳи аз ҳама беҳтар аст. Чунки ҳоло гуфтан душвор аст, ки “Газпром”-и Русия шарики беҳтарин аст ё ин ки варианти хуб нест. Лекин афсӯс, ки худи мо ин корро дар танҳоӣ пеш бурда наметавонем ва маҷбурем сармояи хориҷиро ҷалб намоем. »
Феълан ширкати «Газпром» дар чор мавзеъ - Сариқамиш, Шоҳамбарӣ, Рангон ва Саргазон - аз давлати Тоҷикистон барои истихроҷи газ муҷаввиз дарёфт кардааст. Бино ба пешбиниҳо, захираи гази Сариқамиш тақрибан 18 миллиард метри мукааб газро ташкил медиҳад. Нафти мавҷуд дар ин кон 17 миллион тонна тахмин зада мешавад.
Субҳонқул Мавлонӣ, муовини сарвари раёсати истихроҷи нафту гази вазорати энерживу саноати Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, то имрӯз дар кишвар беш аз 495 чоҳи кони нафту газ дар умқи аз 1300 то 6 450 метр парма шудаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, « ҷамъи захираҳои пешбинишудаи нафту газ дар шимолу ҷануби Тоҷикистон аз ҷониби мутахассисон 1 миллиарду 33 миллион тонна сӯзишвории шартӣ баҳогузорӣ шудааст. Дар ҷануби Тоҷикистон тақрибан 915, 58 миллион тонна сӯзишвории шартӣ пешбинӣ мешавад, ки ин 88, 5 фоизи ин захираҳоро ташкил медиҳад.Аммо дар шимол чун бештари чоҳҳо истихроҷу коркард шудаанд, захираҳо кам мондаанд.»
Дар ҳоли ҳозир, барои истихроҷи нафту гази Тоҷикистон ду ширкат – «Газпромнефт»-и Русия ва “Tethys Petroleum”-и Канада сафарбар шудаанд. Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкати CNPC-и Чинро низ ба ҳамкорӣ даъват карда буд, аммо, ба қавли мақомот, то ба ҳол ин ширкат гоме дар ин самт нагузоштааст.
Коршиносон мегӯянд, барои истихроҷи нафту газ дар Тоҷикистон миллиардҳо доллар сармоя зарур аст ва ҳамон ҳам кафолати ин нест, ки дар ҷои кофташуда дар чуқурии то 7 километр газ ё нафт пайдо мешавад, ё на?
Мулоқоти Алексей Миллер ва Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат дуруст дар рӯзе иттифоқ уфтод, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон баъди қариб як соли дар ҳоли интизорӣ нигоҳ доштани Маскав қарордоди тамдиди замони будубоши пойгоҳи 201-уми артиши Русияро субҳи 18 сентябр барои баррасӣ ва тасвиб ба Маҷлиси намояндагон фиристод.