Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" 4 соли дигар гази Тоҷикистонро истихроҷ мекунад


Саридораи геологияи тоҷик мегӯяд, ки иҷозатномаи ширкати русии "Газпром" барои умури омӯзиши геологӣ дар майдонҳои "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарӣ" барои чор соли дигар тамдид шуд.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки иҷозатномаи ширкати русии "Газпром" барои умури омӯзиши геологӣ дар майдонҳои "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарӣ" барои чор соли дигар тамдид шуд.

Мурод Ҷумъаев, раиси Саридораи геология рӯзи сешанбеи 14-ум январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки "иҷозатномаи ширкати "Газпром" ҷиҳати омӯзиши геологии майдонҳои нафту газдори "Сариқамиш" ва "Шоҳамбарии ғарбӣ" дар ноҳияи Шаҳринав то 15 сентябри соли 2018 тамдид карда шуд. Ҷаноби Ҷумъаев, ҳамкорӣ бо ширкати "Газпром" -ро дар заминаи иктишоф ва истихроҷи нафту газ муҳим арзёбӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки қаблан расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки Тоҷикистон ва ширкати «Газпром-интернешнл» зоҳиран ба тавофуқ расидаанд, ки 30 дарсади захираи гази кони Сариқамишро Тоҷикистон ва 70 дарсадашро ин ширкати русӣ бигиранд.

Як манбаъи наздик ба ширкати «Газпром- интернешнл» қаблан ба "Озодӣ" гуфта буд, ки тибқи созиши қаблӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сурати истихроҷи газ аз ин кон 25 дарсад муайян шуда буд. Аммо давлати Тоҷикистон аз ин саҳм чандон ризо набуд ва тайи сафари охири Алексей Миллер - раиси кулли «Газпром» ва Валерий Гуляев - мудири ширкати фаръии он «Газпром интернешнл» ба Тоҷикистон ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки захираи ин кон бо таносуби 30 ба 70 дарсад тақсим шавад. Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ивази ин тавофуқ «Газпром- интернешнл» ӯҳдадор шудааст, як чоҳи дигари газ ва ё нафтро барои Тоҷикистон парма кунад.

Намояндагони вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон он замон аз тасдиқ ё радди ин иттилоъ худдорӣ намуда буданд. Аммо масъулони маркази матбуоти ширкати «Газпром –интернешнл» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, ки то корҳои санҷишӣ дар мавзеъи Сариқамиш ниҳоӣ нашавад, масъалаи тақсими захираҳои табиии ин кон баррасӣ нахоҳад шуд.

Тайи солҳои охир ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ширкатҳои хориҷӣ имтиёзҳои ҳарчӣ бештаре қоил мешавад. Барои мисол, захираи кони тилои Зарафшон - яке аз аввалин мавзеъҳое, ки Тоҷикистон онро ба ихтиёри ширкати хориҷии бритониёвӣ супурда буд, бо таносуби 49 дарсад ба Тоҷикистон ва 51 дарсад ба ширкати хориҷӣ тақсим шуда буд.

Тоҷикистон то кунун эҳтиёҷоташ ба гази табииро аз ҳисоби воридоти он аз Узбакистон таъмин мекард ва дар замони дар раҳбарии ширкати гази Тоҷикистон қарор доштани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров солона аз ин кишвари ҳамсоя аз 1 то 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ мегирифт. Вале ҷониби Узбакистон фурӯши газ ба Тоҷикистонро сол ба сол коҳиш дода, то ҳадди хеле ночизи 200 миллион метри мукааб дар сол расонд ва имсол аз имзои қарордод дар ин замина бо Тоҷикистон комилан даст кашид. Ба ин далел, давлати Тоҷикистон талош дорад, корхонаҳои асосиашро ба истифодаи ангишт ба ҷои газ гузаронда, ҳамзамон барои истихроҷи газ аз конҳои дохилиаш сармоягузор меҷӯяд.
XS
SM
MD
LG