Шиддати уфти нархи нафт дар биржаҳои бузургтарини ҷаҳон имрӯзҳо аз шайхҳои араб то олигахрҳои русро б аҳолати шок овардааст. Аммо чанги рӯи тоблӯҳои нуқтаҳои сӯзишворӣ дар Тоҷикистон дастнохӯрда ва нархи бензину солярка ҳамоно якнавохт аст.
Чаро пойи қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз шохиси биржаҳои ҷаҳонии савдои нафт канда аст? Шохиси нархи як бушкаи нафт аз баландии 110 доллари қаблӣ то ба 34 доллар сарозер шуд, аммо чаро қимати бензин дар Тоҷикистон ҳамоно бетағйир аст?
Ин суол беш аз ҳама дар зеҳни сокинони бо Қирғизистон ҳамсарҳади вилояти Суғд пайдо мешавад, ки нарххои арзони бензину соляркаро дар деҳаҳои ҳамсоякишвар дида ҳайрон мешаванд.
Ин фарқияти муттазоди сӯзишворӣ беш аз ҳама дар ду сӯи роҳи Хуҷанд-Исфара рӯшан бармало мешавад. Қад-қади ин ҷода, ки ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро аз ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҷудо мекунад, ширкатҳои зираки Қирғизистон даҳҳо нуқтаҳои сӯзишворӣ бунёд карда, бо сомонӣ - пули миллии тоҷикон ба шаҳрвандони Тоҷикистон бензину солярка мефурӯшанд.
Қимати бензини навъи 92 дар тарафи қирғизии роҳ 4 сомониву 10 дирам ва дар тарафи тоҷикистонии он 4 сомониву 40−50 дирам аст. Алабатта, ронандагони миёни нуқтаҳои сӯзишвории ду канори роҳ ба нуқтаҳои қирғизӣ бартарӣ медиҳанд, чунки нархи он арзонтар аст. Бархе аз таксиронҳои Исфара барои пур кардани баки мошин бо бензини арзон ҳатто марзро гузашта, аз Қирғизистон харидорӣ мекунанд.
Қимати ҳамин навъи мардумии бензини 92 дар пойтахти Тоҷикистон алакай ба 5 - 5 сомониву 30 дирам мерасад. Ҳол он ки дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон қимати ҳамин навъи бензин бо пули сомонӣ ҳамагӣ 3 сомониву 30 дирам аст.
Пас, чаро қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистоне, ки мисли Тоҷикистон аз захираҳои бузурги нафту газ маҳрум аст ва сӯзишвориро аз хориҷ ворид мекунад арзонтар аст?
Посухи масъулони Хадамоти зиддининҳисорӣ дар ин маврид, ки иллати гарони сӯзишвориро ба қимат уфтодани хароҷоти роҳ ва боркашонӣ рабт медиҳанд, қонеъкунанда нест. Ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон аксарияти кулли маводи сӯхтро аз Русия бидуни боҷи гумрукӣ ворид мекунанд.
Душанбе, барои мисол, бо мақомоти Русия ба мувофиқа расид, ки дар соли ҷорӣ то 830 ҳазор тонна сӯзишвориро бидуни боҷ аз ин кишвар ворид мекунад. Бишкек низ тақрибан аз ҳамин гуна имтиёз бархӯрдор аст. Пажӯҳиш ва кандуковҳо дар бозори маводи сӯхти ду кишвар таваҷҷуҳро ба як факти ҷолиб ҷалб мекунад, ки ба эҳтимоли зиёд асли масъала зери он нуҳуфтааст.
Ҳеҷ яке аз чор ширкати бузурги маводи сӯхти Қирғизистон - “Газпром Нефть Азия”, “Petroleum”, “Bishkek Petroleum” ва “Роснефт” дар бозор он қадар саҳме надоранд, ки як ширкат дар Тоҷикистон дорад. Ба ибораи дигар рақобати танготанги ин ширкатҳо намегузорад, ки нархи сӮзишворӣ ба таври сунъӣ гарон боқӣ монад.
Дар Тоҷикистон танҳо як ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” қариб нисф, дақиқтараш 46,8 дарсади бозори маводи сӯхтро зери султааш даровардааст. Ду ширкати дигари тоҷикистонии “Тоҷик петролиум” “Умед - 88” бо саҳмҳои 10-дарсадиву 8-дарсадӣ дар дикта кардани нархи маводи сӯхт дар бозор дасткӯтоҳанд.