Як манбаъи наздик ба ширкати «Газпром- интернешнл» дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи созиши қаблӣ, ҳиссаи Тоҷикистон дар сурати истихроҷи газ аз ин кон 25 дарсад муайян шуда буд. Аммо давлати Тоҷикистон аз ин саҳм чандон ризо набуд ва тайи сафари охири Алексей Миллер - раиси кулли «Газпром» ва Валерий Гуляев - мудири ширкати фаръии он «Газпром интернешнл» ба Тоҷикистон ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки захираи ин кон бо таносуби 30 ба 70 дарсад тақсим шавад.
Ба иттилоъи ин манбаъ, дар ивази ин тавофуқ «Газпром- интернешнл» ӯҳдадор шудааст, як чоҳи дигари газ ва ё нафтро барои Тоҷикистон парма кунад. Ҳамчунин ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, эҳтимол меравад, ки то моҳи январи соли оянда истихроҷи газ аз кони Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав, 40-километрии ғарби Душанбе, оғоз шавад.
Намояндагони вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон аз тасдиқ ё радди ин иттилоъ худдорӣ намуданд. Аммо масъулони маркази матбуоти ширкати «Газпром –интернешнл» дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфтанд, ки то корҳои санҷишӣ дар мавзеъи Сариқамиш ниҳоӣ нашавад, масъалаи тақсими захираҳои табиии ин кон баррасӣ нахоҳад шуд.
Тайи солҳои охир ҷониби Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба ширкатҳои хориҷӣ имтиёзҳои ҳарчӣ бештаре қоил мешавад. Барои мисол, захираи кони тилои Зарафшон - яке аз аввалин мавзеъҳое, ки Тоҷикистон онро ба ихтиёри ширкати хориҷии бритониёвӣ супурда буд, бо таносуби 49 дарсад ба Тоҷикистон ва 51 дарсад ба ширкати хориҷӣ тақсим шуда буд.
Ҳиссаи Тоҷикистон дар нирӯгоҳи аввали Сангтӯда, ки сохтмонашро Русия ба анҷом расонд, 25 дарсад ҷамъи як аксия аст ва коршиносон мегӯянд, азбаски захираҳои молиявии давлат маҳдуд аст, кишвар маҷбур хоҳад буд, барои ҷалби сармоягузорон ба онҳо ҳиссаҳои ҳарчӣ бузургтарро вогузор кунад.
Георгий Кошлаков, геологи собиқадор ва собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон мегӯяд, агар захираҳои кони Сариқамиш бо таносуби 30 ба 70 дарсад тақсим шавад, ин барои Тоҷикистон хуб аст: «Барои парма кардани ин чоҳ «Газпром интернешнл» беш аз ним миллиард доллар сарф кард ва ин сармояи бузург аст. Риск дар ин тарҳ низ хеле бузург буд, чунки имкон дошт, аз ин чоҳ ягон захираи табиӣ пайдо нашавад. Вале чун ин ширкат аллакай ба корҳои бетону мустаҳкамкунии танаи чоҳи Сариқамиш машғул аст, ман ҳамчун мутахассис 99 дарсад бовар дорам, ки аз ин мавзеъ газ хориҷ мешавад.»
Ҷаноби Кошлаков мегӯяд, агар ҳиссаи «Газпром-интернешнл» 70 дарсад ҳам бошад, кулли он захирае ки аз ин кон хориҷ хоҳад шуд, ба худи Тоҷикистон фурӯхта мешавад ва кишвар бо гази худӣ таъмин мегардад. Вай афзуд, Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир эҳтиёҷ ба манбаъи газ дорад ва агар чунин манбаъ аз дохили кишвар пайдо шавад, харидориаш барои давлат мушкил нахоҳад дошт.
Тоҷикистон то кунун эҳтиёҷоташ ба гази табииро аз ҳисоби воридоти он аз Узбакистон таъмин мекард ва дар замони дар раҳбарии ширкати гази Тоҷикистон қарор доштани Муҳаммадрӯзӣ Искандаров солона аз ин кишвари ҳамсоя аз 1 то 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ мегирифт. Вале ҷониби Узбакистон фурӯши газ ба Тоҷикистонро сол ба сол коҳиш дода, то ҳадди хеле ночизи 200 миллион метри мукааб дар сол расонд ва имсол аз имзои қарордод дар ин замина бо Тоҷикистон комилан даст кашид. Ба ин далел, давлати Тоҷикистон талош дорад, корхонаҳои асосиашро ба истифодаи ангишт ба ҷои газ гузаронда, ҳамзамон барои истихроҷи газ аз конҳои дохилиаш сармоягузор меҷӯяд.