Фанновариҳои замонавии тиббӣ имкон медиҳад, ки ҳаққи падарӣ ё модарии кӯдак пурра мушаххас шавад. Санҷиши мазкур дар бисёр ҳолатҳо ба хотири рафъи шубҳаву гумонҳо нисбати ҳуввияти волидони кӯдак анҷом мешавад. Дар айни ҳол, ин санҷиш метавонад баръакс, дони шубҳаву новобариро дар муносибати ҳамсарон ҷой кунад.
Мадина дар чорроҳаи зиндагӣ
Мадинаву писари чорсолааш аз падари ин хонадон ҷудо зиндагӣ мекунанд. Сабаби азҳампошии оила ин аст, ки волидони падар дар покдомании Мадина шубҳа карда, гуфтанд, ки эҳтимолан писар аз марди дигар ба дунё омадааст. Мадина 18 сол дошт ва муҳассили курси аввали донишгоҳ буд, ки дар пайи хостгории волидони шавҳар ба ин хона арӯс шуд. Базудӣ соҳиби фарзанд шуд, вале бо ин, ки мӯйсари Мадинаву ҳамсараш торик аст, писараш малламӯй ба дунё омад. Модарарӯсаш дар покдомании келин шубҳа кард:
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар соли 2017 2580 аризаи анҷоми тести ДНК барои тасдиқи падарии кӯдакро қабул кардааст.
"Худи ман аслан гуфта натавонистам, ки писарам чаро малламӯй ба дунё омад. То яксолагии писарам ҳама хомӯш буд, вале баъдан модарарӯсам шавҳарамро аз роҳ баровард ва ба ӯ талқин кард, ки ин писари ӯ нест. Вай гуфт, ки занат вақти таҳсил дар донишгоҳ бо марди дигаре гашта, ин писарро ба дунё овард. Баъдан модарарӯсам дар бораи санҷиши ДНК шуниду пофишорӣ кард, ки мо аз ин санҷиш гузарем. Ман хеле нороҳат ва асабонӣ будам. Эътироз карда ба хонаи волидонам рафтам. Онҳо шарт гузоштанд, ки агар писарам аз санҷиши ДНК гузарам, омода мешаванд, ки моро дубора ба оилаашон қабул кунам."
Мадина мегӯяд, зери фишори равонӣ розӣ шуд, ки писарчаашро аз ин санҷиш гузаронанд. Натиҷа собит кард, ки 99,9 %-и генҳои писарам хоси падараш аст. Вале тасдиқи падарии шавҳару писараш дар наҷоти ҳаёти оилавии онҳо кӯмак накард. Тарафи шавҳар қонеъ ва ором шуд, вале боиси таҳқири модару волидони Мадина гардид. Оила аз ҳам пошид.
Модарарӯс пушаймон аст
Ҳоло модарарӯси Мадина аз карда пушаймон аст. Бисёр мехоҳад, ки оилаи писараш дубора барқарор шаваду набераи хунии ӯ дар хонаи худаш тарбия шавад. Вале дар ин байн он чи ки аз байн рафт, эътимод ва боварӣ ба ҳамдигар буд.
"Аз он чӣ ки гузашт, бисёр пушаймонам, - гуфт модарарӯси Мадина дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ. – Вале шумо ҳам маро бифаҳмед. Мо медонем, ки писарча одатан бештар шабеҳи модар мешавад, вале дар мисоли мо писарча ба касе монанд набуд. Келин ҳам дар донишгоҳ таҳсил мекард ва дар дили ман ҳам шубҳа ҷой шуд. Агар ҳоло ҳам Мадина розӣ шавад, ки ба хона баргардад, мо розӣ мешавем."
2580 ариза дар як сол барои тести ДНК
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон танҳо дар соли 2017 2580 аризаи анҷоми тести ДНК барои тасдиқи падарии кӯдакро қабул кардааст. Ҳамаи онҳое, ки барои чунин санҷиш муроҷиат кардаанд, ҳамсарони худро дар бевафоӣ айбдор мекунанд.
Як масъули ин кумита дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Як бахши онҳое, ки барои санҷиши ДНК муроҷиат кардаанд, бо ҳамсарони худ ақди никоҳ набастаанд. Ҳоло мехоҳанд, ки кӯдак номи онҳоро дошта бошад ва ба ҳамин хотир дархост мекунанд, ки мо дар анҷоми тести падарӣ ба онҳо кӯмак кунем. Вале онҳое ҳам ҳастанд, ки аз нобоварӣ ба ҳамсар ба ин ҷо меоянд."
Шумораи афзояндаи муроҷиатҳо барои анҷоми тести ДНК ба афзоиши иттилоъ дар бораи имкони баргузории чунин як санҷиш бастагӣ дорад. Сабаби дигар ин аст, ки имкони анҷоми чунин санҷишро дар муассисаҳои вижаи тиббии дохили Тоҷикистон имконпазир шудааст ва зарурати сафар ба хориҷа вуҷуд надорад.
Вале дар Душанбе ҳам тести ДНК пули зиёд мехоҳад. Арзиши чунин санҷиш аз 3000 сомонӣ ва бештар аз он мебошад. Шеваи баргузории тест соддаву осон аст. Мутахассиси тиббӣ аз оби даҳони тифл намуна гирифта, ҳуҷайраҳои онро дар санҷиш истифода мекунад. Дар ҳолатҳои дигар бо истифода аз мӯи сар, нохун, дандон, хун ва дигар намунаҳои организми инсон мувофиқати гени кӯдакро бо падар мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Як табиби зоишгоҳи рақами 2-и пойтахт, ки танҳо бо исми аввали худ Дилафрӯз муаррифӣ шуд, гуфт, "санҷиши ДНК навъи тести аз ҳама дақиқ ва боваринок ба ҳисоб меравад. Методи санҷиш бар асоси дугонагии ДНК-и кӯдак санҷида мешавад, ки формулаи генҳои падар ва модарро дар худ муттаҳид мекунад. Фанновариҳои нави тиббӣ имкон медиҳад, ки бар асоси намунаҳои хеле ками материали биологии волидон хешигарии кӯдакро бо волидонаш собит кунад."
Оё тести ДНК зарур аст?
Вале айни замон, дар ҷомеаи Тоҷикистон назари мардум ба зарурат ва дурустии ин тест яксон нест. Журналист Саодат Раҳимӣ мегӯяд, ки анҷоми чунин тестҳо барои ҷомеаи муҳофизакори тоҷик “ғайриоддӣ” мебошад. "Дуруст нест, ки тамоми дардҳои дохили оилавӣ ба баррасии умум гузошта шавад. Оиладор, ки шудӣ, бояд ба ҳамдигар эҳтиром нишон диҳӣ, на ин, ки аз як идора ба идораи дигар гашта, фарзандатро аз санҷишҳои ДНК гузаронӣ. Магар ин ки чунин кор бо ҳадафҳои ҳуқуқӣ лозим набошад”.
Як зани дигар, ки дар созмони байналмилалӣ кор мекунад, баръакс, тарафдори он аст, ки бо истифода за фанновариҳои замонавӣ муносибатҳо рахнашудаи волидон барқарор шаванд ва агар чунин озмоишҳо ба манфиати ҳифзи оила бошанд, бояд анҷом шаванд. "Чунин санҷишҳо бидуни осеби ҷисмонӣ ба тифл анҷом мешаванд. Агар шахс имкони пулӣ ҳам дошта бошад ва ин тест барои ҳифзи оила ва равобити солим дар миёни ҳамсарон мусоидат кунад, бояд ки ҷой дошта бошад. Ман ҳеҷ бадиеро дар ин намебинам",-афзуд вай.
ДНК - аз баҳси ахлоқи то сиёсӣ
Озмоишҳои ДНК гоҳо на танҳо баҳсҳои ахлоқӣ, балки сиёсӣ ҳам эҷод мекунанд. Яке аз озмоишҳои маъруфи ДНК-ро сокинони Тоҷикистон баъди зиндонӣ шудани соҳибкори маъруф Зайд Саидов шоҳид шуданд. Мақомоти тафтишотӣ занеро муаррифӣ карданд, ки гӯё дар паи равобити номаҳрами ҷинсӣ бо Зайд Саидов соҳиби фарзанд шудааст.
Санҷише, ки барои тафтишот анҷом шуда буд, падарии Саидовро гӯё тасдиқ кард, вале дар пайи анҷоми ДНК тести мустақил дар як клиникаи хусусии Маскав бо номи «БиоПапа», натиҷа манфӣ шуд. Тафтишот ин натиҷаро ба инобат нагирифт ва илова ба иттиҳомоти дигар, соҳибкори маъруф барои гӯё таҷовуз шудани зане дар додгоҳ ҳукми айбдоркунанда гирифт.