Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҷовуз ба номус-2". Мурофиа идома дорад


Имрӯз мурофиаи Зайд Саидов бо иттиҳоми «таҷовуз ба номус-2» идома хоҳад кард, аммо вакилони мудофеи вай бо чӣ шарту шароит дар мурофиаи додгоҳӣ ширкат кардани зерҳимояи худро шарҳ намедиҳанд.

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи Зайд Саидов рӯзи 12-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз мурофиаи парвандаи дуввуми Зайд Саидов дар мавриди таҷовуз ба номус, дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққатии Кумита давлатии амнияти миллии Тоҷикистон идома хоҳад кард.

Парвандаи дуввуми таҷовуз ба номус, ки рӯзи 30 сентябр тавассути барномаи “Ахбор”-и Шабакаи аввал ва шабакаҳои дигари давлатии телевизионии Тоҷикистон нишон дода шуда буд, Зайд Саидов ба таҷовузи духтари ноболиғи рус муттаҳам мешуд.

Ин духтар, ки аз ӯ ҳамчун “Г.Е.”, соли таваллудаш 1999 ном мебурданд, дар порчае аз навори рӯбарӯкуниаш бо Саидов иддао мекард, ки маҳз Зайд Саидов бо ин фиреб, ки ба лагер мебарадаш, ӯро ба бӯстонсарояш дар дараи Варзоб оварда ба номусаш таҷовуз кард ва барои пинҳон доштани ин амали худ 5 рӯз дар ҳамин бӯстонсаро иҷборан нигоҳ дошт.

Аммо вакилони Зайд Саидов мегӯянд, ки муваккили онҳо иттиҳоми навбатии “таҷовуз ба номус”-ро низ комилан бепоя хонда рад мекунад ва талоши мақомоти тафтишотӣ барои паст задани обрӯиву эътибораш дар чашми мардум мешуморанд.

Ин дар ҳолест,ки Зайд Саидов ду ҳафта қабл бо талаби фароҳам овардани шароит барои ташхиси ДНК барои «таҷовуз ба нормус», аз идомаи ширкат дар мурофиа даст кашида буд, аммо дар мурофиаи гузашта, ки 8 ноябр баргузор шуд, ширкат кард.

Вакилони мудофеи ӯ аз шарҳи бо чӣ шарту шароит дубора ширкат кардани Зайд Саидов дар мурофиа худдорӣ мекунанд. Шавкат Абдулхайров, додраси додгоҳи олӣ ва масъули мурофиаи Зайд Саидов низ гуфт, дар мавриди ҷузъиёти мурофиаи Зайд Саидов посух намедиҳад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаҳои Зайд Саидовро пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ аз 12 сентябр ба ин сӯ идома дода истодааст.

Алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд. Бо шурӯъи парвандаи ахир шумораи иттиҳомоти зидди ӯ ба 10 мерасад.

Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.
XS
SM
MD
LG