Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифли рабудашударо баъди 18 сол пайдо карданд. ВИДЕО


Тифли рабудашударо баъди 18 сол пайдо карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Падари биологии тифле, ки соли 1998 дар аёлати Флоридаи Амрико рабуда шуд, рӯзи якшанбеи 15 январ дар шаҳри Вотерборои аёлати Каролинаи ҷанубӣ барои аввалин бор бо духтараш дидору гуфтугӯ дошт. Вай мегӯяд, "барои ҳар касе, ки умедро аз даст додааст, гуфтаниам, ки умедатонро зинда нигаҳ доред. Дуо кунед, мубориза баред. Ин ҳол ба сари ман омад, ба сари дигарон ҳам метавонад биёяд."

Ташхиси ДНК-и Камая Моблии 18-сола собит намуд, ки модари биологиаш Шанара Мобли ва падараш Крейг Айкен мебошад. Мақомоти аёлати Флорида мегӯянд, тӯли 18 сол ҷустуҷӯи Камая идома дошт ва онҳо дар ин муддат камаш 2500 иттилоъро тафтиш кардаанд.

Як масъули маҳаллӣ мегӯяд, ки "дар Каролинаи ҷанубӣ мо зани 18-соларо пайдо кардем, ки рӯзи таваллудаш ҳамон буду номаш дигар. Тафтиш собит кард, ки асноди зани ҷавон тақаллубӣ мебошанд. Сӯҳбатҳои мо бо мардум маҳаллӣ ин ақидаро таҳким бахшид, ки воқеан ин зан Камая Моблӣ аст."

Камаяро соли 1998 ҳамагӣ чанд соат баъд аз таваллуд рабуда буданд. Зане либоси табиб дар тан вориди утоқи зоишгоҳ шуда, ӯро бо баҳонаи ташхиси иловагӣ аз назди модараш дур карда ҳамроҳ бо кӯдак беному нишон шуд. Камаяро дар саросари Амрико ҷустуҷӯ намуданд, вале ҳеҷ осоре пайдо нашуд. Шерифи Ҷексонвил мегӯяд, ки Камая ба синни балоғат расидааст ва худ бояд муқаррар кунад, ки бо зани одамрабо ва водидани биологиаш чӣ муносибате ихтиёр мекунад.

Рӯзи ҷумъа Камая тавассути интернет бо наздиконаш сӯҳбат кард. Велма Айкен, модарбузурги Камая: "Ӯ ба модараш гуфт, ки зоҳиран ба падараш монанд аст. Ва бовар дорад, ки мо волидони воқеии ӯ ҳастем. Сӯҳбаташ сӯҳбати инсони равшанфикр аст. Ӯ мегӯяд, мехоҳад бо мо бошад."

Мақомоти Флорида мегӯянд, дар иртибот бо ин парванда Глория Вилямси 51-сола дар Вотерборо дастгир шудааст ва ӯро барои идомаи тафтиш ва муҳокима ба Ҷексонвил интиқол хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG