Идибек Убайдов (Игор), ки зодаи шаҳри Ваҳдати Тоҷикистон буда, ҳудуди бист сол боз дар Оренбурги Русия зиндагӣ мекунад, тариқи барномаи “Пусть говорят” ҳамсари худро ба “хиёнат” ва “фирор” аз хонавода муттаҳам кард. Ин барои бори дувум аст, ки тайи як соли охир тоҷикон бо мушкили оилавии худ "қаҳрамон"-и барномаи "Пусть говорят" мешаванд.
Идибек Убайдов дар ин барнома, ки шоми панҷшанбеи 15 январ тариқи Шабакаи аввали телевизиони Русия пахш шуд, гуфт, ҳамсараш -- Татяна Мячина якуним сол пеш фарзандони кӯчаки худро танҳо гузоштаву рафтааст. “Он вақт дар Маскав машғули кор будам, то рисқу рӯзии худу хонаводаро пайдо кунам. Ӯ ҳамаи фарзандонро партофта рафтааст. Вақте хабардор шудаму ба Оренбург омадам, фарзандонро дар хонаи кӯдакон ёфтам”,-афзуд ӯ дар барнома.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳамроҳ бо Татяна Мячина тақрибан ҳабдаҳ сол зиндагии якҷоя дошта, соҳиби шаш фарзанд будаанд. Аммо ташхиси ахири ДНК муайян карда, ки фарзанди кӯчаки онҳо -- Акрам аз Идибек Убайдов набуда, балки ба каси дигар тааллуқ дорад. Идибек Убайдов мегӯяд, агарчӣ Акрам фарзанди хунии ӯ нест, вале аз хурдӣ ӯро бузург мекунаду ба ҳеч ваҷҳ ба дасти касе нахоҳад супурд.
Дар ҳамин ҳол, Любов Убайдова – духтари бузурги Идибек, ки дар синфи нуҳум таҳсил мекунад, гуфт, онҳо мехоҳанд Татяна Мячина аз ҳаққи модарӣ маҳрум карда шавад. Ӯ дар хитоб ба ҳамаи иштиркодорони барнома афзуд, модари онҳо пайваста менӯшид ва “мегашт”. Ба қавли ӯ ва наворҳое, ки дар барномаи “Пусть говрят” намоиш дода шуданд, ҳоло тамоми корҳои хона, чи занонаву мардона, ба дӯши Идибек Убайдов будааст ва онҳо аз падари худ розианд.
Аммо бар хилофи аҳли хонаводаи Идибек, ки ҳамсарашро ба майхорагӣ ва бадгардӣ муттаҳам карданд, “шавҳар”-и кунунии Татяна Мячина ин иддаоро рад намуд. Ин нафар низ як тоҷики сисолаи муқими Русия будааст, ки баробари ба студия ворид шуданаш калимаи “салом”-ро ба забон овард ва бо Идибек ба забони тоҷикӣ "бигӯмагӯ" кард.
Ӯ дар идома афзуд, Татяна Мячина мушкили майхорагӣ надорад ва баръакс аз ӯ тавсиф намуд ва гуфт, барояш биҳишти рӯи дунёро хоҳад
сохт. Каримҷон Ёров, раҳбари созмони "Этмос" дар Маскав, ки низ дар ин барнома иштирок дошт, мегӯяд, “ба ин бародар гуфтам, мардуми Тоҷикистон, хусусан мардуми Бадахшонро, паст назанад. Вале, ҳайҳот, “брат”, “брат” гуфта, гапи худро мезад.” Оқои Ёров мегӯяд, “дар охири барнома ба духтари ин зан гуфтам, то аз гуноҳи модараш гузарад, чунки паёмбар гуфтааст, биҳишт зери пои модарон аст. Мо -- тоҷикон барои хушии ин оила ёрии худро дареғ намедорем.”
Ин бори аввал нест, ки баҳси хонаводагии тоҷикон дар барномаи “Пусть говорят” баррасӣ ва баъд аз он боиси вокунишҳои зиёд дар дохил мегардад. Қаблан Саид -- як муҳоҷири тоҷик, ки хонаводаи худро дар Тоҷикистон гузоштаву дар Русия бо зани дигар издивоҷ кардааст, қаҳрамони ин барнома шуд. Баъдан, Санавбар Абдуллоева, ки даъво дорад, бозори “Ином” дар Шаҳритус аз онҳост, гуфта буд, қазияи бозорашонро дар барномаи “Пусть говорят” матраҳ хоҳад кард.