Дар ҳоле ки ҳуқуқшиносон, вакилон, пизишкони додгоҳӣ, айбдоршавандагон ва корафтодагони дигар дар орзуи инанд, ки ташхиси ДНК ҳақиқатро ошкор кунад, Тоҷикистон на таҷҳизоти чунин ташхисро дорад ва на мутахассисонашро.
Коршиноси тиббӣ ва додгоҳӣ Собир Адҳамов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ҳамин сабаб Тоҷикистон то ба ҳол имкони гузаронидани ташхиси ДНК-ро надорад: «Ин ташхиси хеле муракаб аст. Вай дар сатҳи ҳуҷайраву ядрои он гузаронида мешавад. Таҷҳизоти лозим барои гузаронидани чунин ташхис ниҳоят гарон аст ва Тоҷикистон на мутахассис ва на чунин таҷҳизотро барио анҷоми ташхиси ДНК то ба ҳол надорад.»
Ҷаноби Адҳамов афзуд, аксарияти ниёзмандони ташхиси ДНК аз Тоҷикистон маҷбур мешаванд ба Узбакистон ё Қазоқистону Русия муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, нархи чунин ташхис бидуни харҷи роҳ аз 600 то 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Аҳамияти ҳалкунандаи ташхиси ДНК-ро бисёре аз ҳуқуқшиносон, аз ҷумла Ватан Абдураҳмонов, собиқ додраси Додгоҳи Олӣ ва мудири Маркази таълими ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе низ эътироф мекунанд. Ватан Абдураҳмонов мегӯяд: «Ташхиси ДНК барои рӯшан кардани паҳлуҳои норӯшани қазияҳои додгоҳӣ ниҳоят муҳим аст. Чунки натиҷаи ин ташхис далели бисёр қавӣ ва раднопазир аст. Вақте чунин ташхис гузаронида мешавад, дигар ягон ҷои баҳс ва шубҳа боқӣ намемонад.»
Ҷаноби Абдураҳмонов меафзояд, бо назардошти ин аҳамият ва дар ҳоли зарурат чунин ташхисҳо бо дархости тарафи Тоҷикистон дар кишварҳои дигар ҷараён мегиранд. Дар ин бобат байни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ қарордоде мавҷуд будааст. Вале ин ҳамсӯҳбати мо таъкид мекунад, ки таъсиси маркази ташхиси ДНК дар худи Тоҷикистон зарур мебошад, зеро талабот ба он хеле зиёд аст.
Як намунаи равшани зарурат ба чунин ташхис дар қазияи соҳибкори тоҷик ва вазири пешини саноат Зайд Саидов буруз кардааст. Ӯро дар «таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ» айбдор мекунанд, аммо ҳамзамон аз ҷониби тафтишот чандон майле ба ташхиси ДНК дида намешавад. Аз ҷумла ба ин баҳона ки барои чунин иқдом дар кишвар шароит вуҷуд надорад. Ин дар ҳолест, ки чунин ташхис метавонист ҳамаи шубҳаҳоро дар мавриди қазияи таҷовуз ба номус аз байн барад ва ба суоли он посухи дақиқи илмӣ диҳад.
Дар ҳамин ҳол, Шералӣ Раҳматуллоев, роҳбари Маркази модар ва кӯдаки вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин вазорат зарурати гузаронидани чунин ташхисро дар дохили кишвар дарк мекунад: «Барои овардани таҷҳизоти ташхиси ДНК дар дохили Тоҷикистон вазири тандурустӣ аллакай дастур додаанд. Ҳамчунин мо дар Федератсияи Русия се мутахассиси ин соҳаро тайёр карда истодаем. Умед дорем, ки то охири сол чунин таҷҳизот харидорӣ ва ба кор дароварда шавад. Аммо нархи он хеле гарон аст. Арзонтарин навъи чунин таҷҳизот 110 ҳазор доллар буда, гаронтараш то ба 300 ҳазор доллар мерасад.»
Ҷаноби Раҳматуллоев афзуд, будани чунин ташхисгоҳ натанҳо барои ҳалли баҳсҳои додгоҳӣ балки барои муайян ва табобати бемориҳои ирсӣ дар Тоҷикистон ниҳоят зарур аст.
ДНК шакли кӯтоҳкардашудаи кислотаи дезоксирибонуклеинат аст, ки вазифаи гузаронидани ахбори ирсиро аз насл ба насл дар организми инсон бар дӯш дорад.