Маркази озмоиши тиббию генетикии Тоҷикистон барои аввалин бор рӯзи 14 январ ба кор сар кард ва муштариёнаш асосан занҳои ҳомила буданд. Акнун солимии кӯдакони батни модар ва баҳсҳои муқаррар кардани ҳаққи падариро ҳамин марказ муайян мекунад.
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматраоснӣ ба модару кӯдак ва танзими оила дар вазорати тандурустии Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбе ба Озодӣ гуфт, "дар ин марказ метавонем занони ҳомиларо ташхис карда, муайян намоем, ки ҷанин дар оянда навзоди солим таваллуд мешавад, ё на." Мутахассисони марказ мегӯянд, вазифаи онҳо ташхиси нуқси кӯдак дар батни модар аст, аммо тасмими қатъ кардани ҳомиладорӣ ба хонавода марбут хоҳад буд.
Маркази тиббию генетикӣ бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз буда, аз тавони ташхисҳои муҳиме ҳамчун муайян кардани ҳайсияти падару модар (ДНК) ва вазъи генетикии хонаводаҳо низ бархӯрдор будааст. Мутахассисони геншинос дар ин марказ дар Молдова, Русия ва Эрон таҳсил кардаанд.
Айни видео дар Ютуб:
Дар Тоҷикистон мавридҳои даст кашидани падар аз фарзанд дар заминаи муноқишаҳои хонаводагӣ мушоҳида мешавад, аммо бинобар набудани Маркази ташхиси генетикӣ ин қазияҳо то ба охир намерасиданд ва ё дар хориҷ матраҳ мешуданд. Аммо Шералӣ Раҳматуллоев гуфт, “мо падариро танҳо дар сурати пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки аз тарафи мақомоти ҳуқуқӣ пешниҳод мегардад, гузаронда метавонем. Ҳар кас омада бар асоси хархашаи оилавӣ наметавонад омода бигӯяд, ки ин ё онро муайян кунед. Шаффофияти кори марказ бошад, пурра таъмин мегардад.”
Вазорати тандурустӣ ҳамчунин тасмим дорад, рӯйхати оилаҳоеро, ки мушкили ирсӣ ва бачаи ноқис доранд, тартиб диҳад ва ҷараёни ҳамли занҳоро дар ин оилаҳо таҳти назорат бигирад. Табиби маркзаи ташхиси генетикӣ Таҳмина Аҷикова мегӯяд, “дар якум давраи ҳомиладорӣ хун мегирем ва нуқсони модарзодиро ба синдроми дауна муайян мекунем. Дар дуюм давраи ҳомиладорӣ низ дар марҳилаи 16-ум ҳафта нуқсонҳои модарзодиашро ҳам ба синдром дауна, ҳам ба эдвардс ва патао муайян мекунем. Ин барои паст кардани фоизи нуқсони маъюбӣ ба мо кумак мекунад.”
Марказ акнун таъсис ёфтааст ва арзиши хадамоти он то ҳол эълон нашудааст. Шералӣ Раҳматуллоев гуфт, “дар рӯзҳои наздик тартиби гузарондани муоинаи тибби генетикиро таҳия мекунем. Чунки бе қоидаи тартиби гузарондани муоина кор пеш намеравад. Дар масъалаи таҳияи нархгузорӣ дар ин марказ супориши махсуси вазир ҳаст. Азбаски мардуми камбизоат дар мо зиёдтар аст, дастури вазири тандурустӣ аст, ки нархгузорӣ дар ин Марказ дар қиёс ба ҳама кишварҳои ҳамсоя арзонтар карда шавад.”
Маркази ташхиси тиббию генетикӣ тоза ба кори худ шуруъ кардааст ва мутахасисонаш бовар доранд, ки ин ниҳод метавонад дар солим нигаҳ доштани наслҳои оянда дар Тоҷикистон хидмат кунад.