Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси алтернативии ДНК дар қазияи Зайд Саидов


Ташхиси ДНК-и Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:52 0:00

Ташхиси ДНК-и Зайд Саидов.

Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, санади ташхиси генетикие, ки муфаттишон пешниҳод кардаанд, тақаллубӣ аст.

Вакилони Зайд Саидов рӯзи сешанбеи 19-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ гуфтанд, ки ташхиси дуввум низ дар ҳамон лабаратория анҷом шуд, вале натиҷаи он баръакси хулосаест, ки мақомот пешниҳод кардаанд. Бар пояи ташхиси дуввуми ДНК, Зайд Саидов ба тифле, ки гӯё фарзанди ӯ будааст, ҳаққи падарӣ надорад. Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои ин соҳибкор гуфт, ки аз аввал чанд банди парванда шубҳанок буд. Яке аз чунин бандҳо хулосаи ДНК--и аввал аст, ки дар заминаи он Зайд Саидов 99,99 дар сад падари кӯдак эътироф шудааст.

Хулосаи ташхиси ДНК, ки рӯзи 17-уми агуст дода шудааст.
Хулосаи ташхиси ДНК, ки рӯзи 17-уми агуст дода шудааст.
Вале вакилони дифоъ гуфтанд, ки барои дақиқ кардани хулосаи ташхиси генетикии Зайд Саидов, Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони ӯ ба Маскав, ба лабораторияе, ки мақомот дар он ташхиси генетикиро гузарондаанд, рафтааст.

Исҳоқ Табаров гуфт, дар оғоз ҳангоми боз шудани парванда дар бораи таҷовуз ба номус, онҳо ба дурустии иттиҳом шубҳа доштанд. Худи Саидов ҳам аз рӯзҳои аввал мегуфт, ки ин духтарро бори аввал дидааст.

«Дар парванда гуфта шудааст, ки Зайд Саидов чаҳор сол гӯё бо ин ҷабрдида муносибати маҳрамона доштааст ва чанд маротиба ин духтарро ҳомиладор кардааст. Мо барои муйаян кардани ташхиси генетикӣ дархост кардем, ки ташхиси генетикӣ гузаронанд. Хулосаи ташхиси генетикии пешниҳодкардаи додситонӣ, ки гӯё Зайд Саидов ба вай воқеан муносибати маҳрамона доштааст, тақаллубкорӣ аст. Ба лабораторияи Маскав расман муроҷиат кардем, ки нусхаи хулосаи ташхиси қаблиро бори дигар диҳанд»-, гуфт Табаров.

Исҳоқ Табаров гуфт, ки бо худ муйи сари Саидовро ба Маскав бурда, бори дигар аз ташхис гузарондааст ва эҳтимолияти падарии Саидов куллан рад шудааст.

Хулосаи ташхиси ДНК, ки рӯзи 7-уми ноябр дода шудааст.
Хулосаи ташхиси ДНК, ки рӯзи 7-уми ноябр дода шудааст.
«Тибқи он эҳтимолияти падарии Саидов ба куллӣ рад шуд. Вале нусхаи қаблии ташхиси генетикиро аз он лаборатория доданд, ки дар он ҳам эҳтимолияти падарии Саидов рад шудааст. Масъулони лаборатория дар Маскав гуфтанд, ки мо ягона ҳамин ташхисро додаем ва дигар намуд ташхис надодаем».

Вакилони дифои Зайд Саидов гуфтанд, ки онҳо барои бо роҳи тақаллубӣ омода кардани ҳуҷҷатҳо дар парванда, аз болои масъулон ба додситонӣ шикояти даъвогӣ мебаранд.

Алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд. Бо шурӯъи парвандаи ахир шумораи иттиҳомоти зидди ӯ ба 10 мерасад.

Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Натиҷаи ташхиси ДНК-и Зайд Саидов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00
XS
SM
MD
LG